Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ба нерӯҳои Ироқ: Ҷанги зидди ДОИШ-ро аз курдҳо омӯзед


Ҳукумати президент Обама рӯзи 23 июн аз пешрафти нерӯҳои таҳти сарварии курдҳо дар ҷанги зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия ҳамчун намунае барои талошҳои Ироқ дар ин ҷабҳа ситоиш кард.

Нерӯҳои курд дар ҳафтаи гузашта пойгоҳи ҳарбӣ ва шаҳри муҳимеро дар марзи Туркия ба даст оварданд, ки гузаргоҳи ҷангҷӯёни хориҷии гурӯҳи “Давлати исломӣ” буд. Ҳоло онҳо минтақаҳои наздик ба Раққа, яке аз марказҳои ин гурӯҳро ишғол намуда, ба 50-километрии он расидаанд.

Шикастҳои ахири гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ин ҷо бо ёрии зарбаҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида ва табодули иттилои иктишофӣ байни ду тараф имконпазир гаштааст. Чунин ҳамкорӣ дар дигар қисматҳои Сурия ва махсусан Ироқ дида намешавад. Набуди он сабаби суқути Рамодӣ ва ақибнишинии нерӯҳои давлати Ироқ шуда буд.

Пешрафти нерӯҳои курд дар шимоли Ироқ ва ҳамчунин Сурия аз ҷониби ҳарбиёни Вашингтон намунаи ҳамкории танготанги ҳарбӣ дониста мешавад, ки дар наздик ба як соли маъракаи Амрико зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” иттифоқ афтодааст.

“Ин, ба фикри ман, нишондиҳандаи он аст, ки шарики боирода ва тавоно барои Иёлоти Муттаҳида дар мубориза зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” чӣ қадар аҳамият дорад,” – мегӯяд Ҷош Эрнест, сухангӯи Кохи Сафед бо ишора ба қаноатмандии сарони ҳарбии ИМА аз қатъият ва иродаи нерӯҳое, ки дар Ироқ зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” меҷанганд.

Эрнест ҳамчунин пешрафти муҳими курдҳоро ба он рабт дод, ки Вашингтон тавонист соли гузашта Анкараро мутақоид кунад, то ба “пешмарга”-ҳои курд, ки аз тарафи ИМА мусаллаҳ карда шуданд, иҷозаи убур аз қаламрави Туркия барои кӯмак ба курдҳои Сурияро диҳад. Вуруди онҳо ба Сурия шароитеро фароҳам овард, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Кубонӣ шикаст хӯрд ва ин як шикасти бунёдӣ буд.

Дамр ҳоле ки курдҳо муттаҳид шуданд ва дар ҳарду кишвар, ҳам Сурия ва ҳам Ироқ ба як нерӯи томи зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” табдил ёфтанд, Вашингтон ба як мушкили сахте дар қисматҳои дигари Ироқ рӯбарӯ хоҳад гашт, дар қисматҳое, ки талош дорад, қувваҳои ба ҳамзидди шиъа ва сунниро якҷо бо размандагон ва мушвоирони эронии онҳо ба ҳам орад.

Иёлоти Муттаҳида барои “вазифаи сангин”-и сохтани нерӯҳои қавӣ дар Ироқ “захираҳои бузурге”-ро ба харҷ медиҳад, мегӯяд Эрнест. Самари беҳтар дар минтақаҳои курднишин “баёнгари хуби он аст, ки чаро ин кори хеле мушкил муҳим аст.”

Пентагон ва сухангӯи нерӯҳои курд намегӯянд, ки ҳадафи баъдӣ Раққа ҳаст ё на. “Мо нақшаҳои баъдии худро ошкор намекунем. Рӯшан аст, ки ҳадафи асосии мо комилан аз байн бурдани гурӯҳи “Давлати исломи”-ст,” – мегӯяд сухангӯи Пентагон, генерали артиш Стив Уоррен.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида огоҳ мекунанд, ки нерӯҳи курд барои таҳкими минтақаҳои ишғолкардаашон ба замон ниёз доранд ва собиқаи ҷангҳо нишон додааст, ки ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” метавонанд зуд ба шароит мутобиқ шаванд ва ба ҳамлаи ҷавобӣ гузаранд.

“ДОИШ нишон додааст, ки нерӯи муқовиматкунанда аст,” – мегӯяд як манбаъ дар ниҳодҳои иктишофии Иёлоти Муттаҳида, - “Дар гузашта он тавонистааст, ки баъд аз шикаст як минтақаро тарк ва ба минтақаи дигар ҳамла орад.”

Уоррен мегӯяд, ишғол шудани минтақаи байни Раққа ва марзи Туркия ва шоҳроҳҳои он аз тарафи размандагони курд таъмин шудани гурӯҳи “Давлати исломи”-ро бол силоҳу муҳимот ва ҷангҷӯёни нав ва ҳамчунин нигоҳ доштани маркази худро душвор мекунад. Аммо мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, гурӯҳ роҳҳои дигари икмолотӣ низ дорад, ки дар ҳоли ҳозир қатъ карда нашудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG