Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико сиёсаташро дар Осиёи Марказӣ бознигарӣ мекунад


Сентябри соли 2013, Санкт-Петербург

Сентябри соли 2013, Санкт-Петербург

Департаменти давлатии ИМА мегӯяд, дар шароити номуайяниҳои иқтисодиву сиёсӣ дар минтақа, мақомоти Вашингтон стратегияи Амрикоро барои Осиёи Марказӣ бознигарӣ кардаанд.

Иёлоти Муттаҳида баъд аз як бозбинии амиқ стратегияи худро барои Осиёи Марказӣ ниҳоӣ кард. Дар минтақае, ки зимни пайвандҳояш бо бӯҳрони иқтисодии Русия, низои Украина ва президентҳои дерсолаи худ дучори номуайяниҳои иқтисодиву сиёсӣ шудааст. Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки мудохилаи низомии Русия ба хоки Украина соли гузашта танҳо сабаби бозбинӣ шудани ин стратегия набудааст, арзёбии дубора нишон медиҳад, ки амалкарди Кремлин ҳамоно таъсири худро ба сиёсати ИМА мерасонад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати президент Барак Обама “ахиран бо кӯмаки сохторҳои мухталифи ҳукуматӣ арзёбии сиёсати худро анҷом дод, ки тибқи он, тааҳҳудоти мо ба мардум ва ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ давомдор ва мустаҳкам хоҳад буд”.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико, ки дар садри ин арзёбиҳои сиёсӣ қарор дошт, аз шарҳи ҷузъиёт ва ё ифшои мӯҳлати дастрасии ин стратегия худдорӣ кард. Афроди наздик ба ин мавзӯъ мегӯянд, ки интизор доранд, шакли хаттии он дар ҳафтаҳои наздик барои ҷомеа дастрас хоҳад шуд.

Сухангӯи вазорати хориҷа танҳо гуфт, ки ИМА “ҳамкориро бо ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба хотири таҳкими амнияти минтақа, афзоиши интегратсияи иқтисодӣ бо бозори минтақаиву ҷаҳонӣ, намоиши эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва демократия ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаву минтақавӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамаҷониба” идома медиҳад.

МИСЛИ ГУЗАШТА Ё ЯК СИЁСАТИ НАВ?

Ричард Ҳоагланд

Ричард Ҳоагланд

Изҳороти ахири мақомоти баландпояи Амрико баёнгари он аст, ки стратегияи сиёсии Вашингтон аз стратегияиҳои пешинаи он ба таври ҷиддӣ фарқ нахоҳад кард. Дар ин стратегия ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ташаббусҳои "Роҳи нави абрешим" ҳам зикр шудааст, ки ҳадафаш пешбурди тиҷорати минтақаӣ баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои НАТО мебошад. Зимнан, дар ин бора Ричард Ҳоугланд, ёвари муовини раҳбари департаменти давлатӣ дар умури Осиёи Ҷанубиву Марказӣ рӯзи 18 март дар Вашингтон гуфт: “нақшаи Роҳи нави абрешим стратегияи дарозмуддати мост ба хотири бори дигар ба як чаҳорраҳаи тиҷорати ҷаҳонӣ табдил додани Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон”.

Вай афзуд, “пешравиҳо ҳастанд. Аз соли 2009 мизони тиҷорати дохилиминтақавӣ дар Осиёи Марказӣ 49 % афзоиш ёфт ва аз соли 2011 қимати интиқоли бору коло тавассути ин марзҳо то 15 % коҳиш ёфт”. Бо зикри ин пешравиҳо, Ҳоугланд гуфт, ҳамоно кори зиёде дар пеш аст.

Коршиносон бар инанд, ки нуфузи афзояндаи иқтисодии Чин Вашингтонро водор кардааст, ки стратегияи тиҷоратии нави худро бо номи “Роҳи нави абрешим” ба роҳ монад. Айни замон, мақомоти амрикоӣ мегӯянд, талошҳои Чинро дар минтақа инкор намекунанд ва ба ин боваранд, ки стратегияҳои ҳарду ҷониб ҳамдигарро такмил хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон, иқтисоди азимтарин дар қаламрави Осиёи Марказиро Русия ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авроосиёи зери назари Кремлин пазируфт ва дар ояндаи наздик қарор аст Қирғизистон ҳам ба ин созмон шомил шавад.

БО ПАСНИГОҲ БА МАСКАВ?

Дар ҳоле ки гуфта мешавад бознигарии сиёсати Амрико дар Осиёи Марказӣ аз амалиёти ҳарбии Русия дар Украина ва аннексияи Қрим маншаъ нагирифтааст, ба ақидаи Пол Стронски, мудири пешини бахши Русия ва Осиёи Марказӣ дар дастгоҳи Амнияти Миллии Обама, нақши Маскав дар ин таҳаввулот ҳатман дар зеҳни онҳое, ки стратегияро бозбинӣ мекарданд, ҷой доштааст.

Мансабдорони баландпояи ИМА, ки моҳҳои охир масъалаҳои Осиёи Марказиро баррасӣ кардаанд, борҳо гуфтаанд, ки Маскав ҳақ надорад, ҳадафҳои худро бар сари ҳукуматҳои ин минтақа борн кунад.

"Мо робитаҳои наздики кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия ва ҳамчунин робитаҳои байни мардумони ду тарафро эътироф мекунем," гуфт Ҳоагланд рӯзи 18- уми март, "вале ҳамчунин таъкид мекунем, ки ягон кишвар ҳақ надорад ба таври якҷониба самтгирии сиёсӣ ва иқтисодии кишвари дигарро муайян кунад."

Вай илова кард, "ончӣ Русия дар Украина мекунад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мояи нигаронист. Ҳоагланд Маскавро айбдор кард, ки минтақаро зери "кӯрпа"-и таблиғотии худ гузоштааст ва "рӯйдодҳоро аз мавқеи зиддиамрикоӣ ва зиддиаврупоӣ тафсир мекунад".

Русия аз аннексияи Қрим бо ин баҳона ҳимоят мекунад, ки ҳукумати Украина баъд аз барканории президенти ин кишвар Виктор Янукович аҳолии Қримро зери фишор ва зӯроварӣ қарор хоҳад дод. Аммо мунаққидони Русия ин далелро қалбакӣ мешуморанд.

БАЪД АЗ УКРАИНА ВА ҚРИМ

Ҷон Ҳербст

Ҷон Ҳербст

Ҷон Ҳербст, сафири пешини ИМА дар Ӯзбакистон мегӯяд, рӯйдодҳои Украина барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин "чархиши хос"-ро ба вуҷуд оварданд, ки "чӣ гуна аз таҳдиди қудратҳои бузурги атрофи худ, ки мумкин аст, ҳадафҳои нек надошта бошанд, худро эмин гардонанд". Вай аз ишораи президенти Русия, Владимир Путин ёдовар шуд, ки моҳи августи соли гузашта гуфта буд, қазоқҳо ҳаргиз давлатдории худро надоштанд ва барояшон беҳтар аз дар олами густардаи русӣ боқӣ бимонанд.

Ҳарду, ҳам Стронски ва ҳам Ҳербст мегӯянд, таҳдидҳо ба амнияти Осиёи Марказӣ баъд аз хуруҷи НАТО аз Афғонистон зиёданд ва аз ҷумла таҳдиди тундгароии исломӣ. Вале агар стратегияи пешинаи ИМА дар ин минтақа асосан ба масъалаҳои амниятӣ дахл дошт, акнун рӯ ба масъалаҳои "иқтисодӣ ва баъзе масъалаҳои модернизатсияи сиёсӣ" хоҳад овард.

Мушкилоти молии Русия зимни таҳримҳои Ғарб ба давлатҳои Осиёи Марказӣ низ зарбаи сахт зад. Коҳиши қурби рубл нерӯи пули муҳоҷиронро коҳиш дод ва моли русиро дар бозори ин кишварҳо арзон кард.

Гузашта аз ин ҳукуматҳои минтақа ва бавижа Қазоқистон ва Ӯзбакистон ояндаи норӯшани сиёСиро дар пеш доранд, зеро рафбарони онҳо Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов, ҳарду аз 70 гузашта, имсол мехоҳанд, дар интихобот мӯҳлати раҳбарии худро дарозтар кунанд.

ТАРОЗУИ АМНИЯТ ВА ДЕМОКРАТИЯ

Дар ҳоле ки низоми ҳамаи кишварҳои минтақа на бар пояи ниҳодҳо, балки зимни шахсиятҳо сохта шудааст ва президентҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ мисли дуи аввал вориси сиёсии худро муайян накардаанд, интиқоли қудрат дар Осиёи Марказӣ метавонад ба вазъи пешгӯинашаванда сабаб гардад.

Ҳамаи онҳо аз тарафи ҳомиёи ҳуқуқи инсон танқид мешаванд. Дар ин пайванд сиёсати Амрико низ ҳадафи танқид қарор мегирад, аммо мансабдорони баландпояи ИМА мегӯянд, онҳо масъалаҳои ҳуқуқи инсонро низ ба як тарзи мутавозин дар миён мегузоранд.

Дар посух ба суоли он ки стратегияи нави ИМА дар Осиёи Марказӣ чи нукоти муҳим дорад, ёвари вазири умури хориҷии Амрико барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Даниел Розенблум гуфтааст, он хостори "ислоҳоти сиёсӣ" ва "мурооти ҳуқуқи инсон" хоҳад буд.

"Мо бо Ӯзбакистон сари ин масъалаҳо муколамаи қавие дорем , масъаалҳои демократия, ҳуқуқи инсон ва ҳамчунин амният ва фикр мекунем барои мувозанат дар равобит ҳардуро дунбол хоҳем кард," -- гуфт Розенблум, дар ҳоле ки коршиносон мегӯянд, Амрико ба масъалаҳои марбут ба амният дар баробари ҳама чизи дигар бартарӣ медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG