Пайвандҳои дастрасӣ

ИА: Дар пушти ҳамлаи кимиёвӣ давлати Сурия истодааст


Кетрин Эштон

Кетрин Эштон

Иттиҳодияи Аврупо(ИА) мегӯяд, шавоҳиди бадастомада ба даст доштани давлати Сурия дар ҳамлаи кимиёвии 21 август таъкид мекунад.

Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, гуфт, 28 кишвари узви иттиҳодия хостори “аксуламали возеҳ ва қатъӣ” алайҳи Сурия ҳастанд, ки аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода кардааст. Хонум Эштон баъди мулоқоти вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо ширкати Ҷон Керрӣ -ҳамтои амрикоии онҳо дар шаҳри Вилнюс гуфт:“Аксуламали возеҳ ва қатъӣ фавқуллода муҳим аст, то нишон бидиҳем, ки чунин ҷиноятҳо ғайриқобили қабул аст ва беҷазо намемонад.”

Хонум Эштон гуфт, далелҳои қатъӣ ҳамаи кишварҳои узвро мутақоид кардааст, ки маҳз давлати Сурия масъули истифода аз ин навъи аслиҳа аст, ки рӯзи 21 август дар канори шаҳри Димишқ бештар аз 1400 нафарро кушт. Дар миёни кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди амалиёти эҳтимолии Амрико алайҳи Сурия ихтилофи назар вуҷуд дошт.

Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, рӯзи 7 сентябр бори дигар гуфт, ки кишвараш ба чунин амали режими Башор Асад чашм пӯшида наметавонад. Ӯ ҳанӯз як ҳафта пеш аз конгресси Амрико хост, барои амалиёти маҳдуди низомӣ алайҳи ҳукумати раисиҷумҳури Сурия Башор Асад иҷоза бидиҳад.

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ низ ба хотири музокироти масъалаи Сурия бо мақомоти авруопиву арабӣ вориди Аврупо шудааст. Интизор меравад, музокироти Ҷон Керрӣ дар Аврупо бештар рӯи нақшаҳои маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар мавриди зарбаҳои мумкини низомӣ ба хотири муҷозоти давлати Сурия ба далели истифодааӯ аз силоҳҳои кимиёвӣ тамаркуз кунад.


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Сафари Керрӣ ба Аврупо шоми ҷумъа аз Вилнюс – пойтахти Литва оғоз ёфт. Литва феълан раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад ва пойтахташ рӯзи шанбе, 7 сентябр мизбони нишасти вазирони хориҷаи ин созмони қораӣ мешавад. Қарор аст, Ҷон Керрӣ аз Вилнюс ба хотири музокироти бештар бо дипломатҳои аврупоиву арабӣ, ки барои рӯзи якшанбе дар назар гирифта шудаанд, роҳии Порис, пойтахти Фаронса шавад.

Сафари раҳбари департаменти давлатии Амрико ба кишварҳои Аврупо дар пасманзари нохушбиниии бахши аъзами вакилони Конгрессу мардуми оддии Амрико ва аъзои ҷомиаи байналмилалӣ дар бораи дурустӣ ва зарурати ҳамлаи Амрико алайҳи режими Башор Асад сурат мегирад.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳанӯз як ҳафта пеш аз Конгресс хост, то тавассути раъйгирӣ ба ин зарбаҳои эҳтимолӣ иҷозат диҳад. Қарор аст, ки Сенат ва Маҷлиси намояндагон аз рӯзи душанбе расман ба раванди раъйгирӣ шурӯъ кунад. Интизор меравад, Обама рӯзи сешанбе дар як суханронӣ дар Кохи Сафед ба тарафдорӣ аз амалиёти низомӣ дар Сурия сӯҳбат кунад.

Мояи нигаронии вакилоне, ки ба ҳамла ба Сурия изҳори шакк кардаанд, ин аст, ки Амрико метавонад ба гирдоби боз як низоъи давомдор фурӯ рафта ва чунин амалиёт метавонад тундравони исломиеро, ки дар Сурия аз тарафи мухолифин меҷанганд, тақвият диҳад.


Қурбониёни ҳамлаи кимиёвии рӯзи 21 август дар канори Димишқ

Қурбониёни ҳамлаи кимиёвии рӯзи 21 август дар канори Димишқ

Давлати Башор Асад истифодаи нирӯҳояш аз силоҳҳои кимиёвӣ дар ҳамлаи рӯзи 21 август дар шарқи пойтахт, шаҳри Димишқро радд мекунад ва исрор меварзад, аз чунин силоҳҳо чирикиҳо истифода бурдаанд. Давлати Амрико мегӯяд, дар ҳамлаи рӯзи 21 август аз гази зарин истифода шуда, беш аз 1400 кушта ба ҷо гузоштааст.

Ҷон Керрӣ аз ҷумлаи он мақомоти давлатии Амрикост, ки баландтар аз дигарон ба тарафдорӣ аз амалиёти низомӣ дар Сурия ҳарф мезананд. Дар як матлабе, ки рӯзи ҷумъа нашр шуд, Ҷон Керрӣ навиштааст, ки ҳадафи ҳар навъ амалиёти Амрико кӯтоҳ кардани дасти давлати Сурия аз роҳандозии чунин ҳамлаҳои кимиёвӣ дар оянда бояд бошад. Ӯ афзудааст, “баҳои беамалӣ” метавонад нисбат ба баҳои амал бузургтар шавад, чунки ҷомиаи ҷаҳонӣ бояд паёми қотеъашро бирасонад, ки истифодаи силоҳҳои кимиёвиро таҳаммул нахоҳад кард.

10 кишвар, бо шумули 9 узви гурӯҳи G-20 ба Амрико пайваста, рӯзи ҷумъа ба изҳороте, ки ба “посуӣи қавии байналмилалӣ” дар Сурия даъват мекунад, имзо гузоштанд. Ин изҳорот, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви G-20 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия нашр шуд, мегӯяд, шавоҳиди бадастомада “ба таври равшан ба давлати Сурия таъкид мекунанд”, ки масъули ҳамлаи кимиёвист. Дар айни замон ин изҳорот, ки зераш Австралия, Бритониё, Канада, Фаронса, Итолиё, Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Испания ва Туркия имзо кардаанд, ҳарфи вижае ба пуштибонӣ аз истифодаи нирӯи низомӣ дар Сурияро надошт.

Русия дар ҳамин ҳол, як мухолифи сарсахти амалиёти низомии таҳти раҳбарии Амрико алайҳи бузургтарин муттаҳидаш дар Ховари Миёна боқӣ мемонад. Нишасти сарони G-20 низ натавонист ихтилофи шадиди назар байни Маскаву Вошингтонро рафъ кунад.


Путин ва Обама дар Петербург

Путин ва Обама дар Петербург

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи ҷумъа дар анҷоми нишасти Санкт-Петербург мавзеъи қабилашро такрор кард, ки ҳар навъ иқдоми низомии Амрико “самар” нахоҳад дод. Путин гуфт, ҳар гуна истифодаи нирӯ бояд танҳо бо пуштибонии Шӯрои Амнияти СММ сурат бигирад. Ӯ афзуд, ки Русия ҳамкориаш бо давлати Сурия, аз ҷумла дар соҳоти таъмини силоҳ ва ироаи кумакҳои башариро идома хоҳад дод.

Мақомоти маъмурияти Барак Обама мегӯянд, Амрико шояд ба сари худ даст ба иқдом алайҳи режими Башор Асад бизанад, чунки Русия ба унвони узви доимии Шӯрои Амният дар ин ниҳод ба таври батакрор монеъи ҳама талошҳои қаблӣ ба манзури посухи байналмилалӣ ба Димишқ шудааст.

Низоъи мусаллаҳона дар Сурия байни нирӯҳои содиқ ба Башор Асад ва мухолифини ӯ аз соли 2011 ба ин сӯ даҳҳо ҳазор кушта ба ҷо гузошта, то 7 миллион нафарро бехонавудар кардааст. Мухолифин истеъфои Башор Асадро талаб доранд, ки соли 2000, баъди 30 соли раҳбарии падараш Ҳофиз Асад ба курсии раёсати ин кишвари арабӣ нишаст. Башор Асад пайрави равияи алавии мазҳаби шиъа аст, ки ҳудуди 10 дарсад аз 22 миллион ҷамъияти Сурияро ташкил медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG