Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши Иёлоти Муттаҳида ба интихоботи Тоҷикистон


Ҷен Псакӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида

Ҷен Псакӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида

Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ҳамраъйии худро бо изҳороти фиристодагонни Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо изҳор дошт.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҷен Псакӣ дар изҳороте, ки рӯзи 7-уми ноябр нашр намуд, мегӯяд, дар ҳоле ки интихоботи президентии Тоҷикистон ором ҷараён гирифт, талаботи маҳдудкунандаи сабти номзадҳо ба камбуди плюрализм ва интихоби ҳақиқӣ сабаб гашт. Ҳамчунин, бино бар ин изҳорот, раъйдиҳии оилавӣ, гурӯҳӣ ва чандгона дар интихобот бартарӣ дошт.

“Ин камбудиҳо дар интихоботҳои гузашта низ ошкор гашта, ба беҳбуди вазъ давъат шуда буд ва мо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, бидуни таъхир ба ин камбудиҳо расидагӣ кунад.”

Дар гузориш инчунин гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида аз иҷоза доштани нозирони созмонҳои байнулмилалӣ дар мушоҳидаи интихобот хуш аст. Аммо барои оянда аз ҳукумати Тоҷикистон хоста шудааст, қонунгузории интихоботии худро тибқи тавсияҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ислоҳ кунад ва дастрасиро ба матбуот ба хотири таъмини пойгоҳи озод, одилона ва борақобати номзадҳо густариш диҳад.

Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, Тоҷикистон аз замони ҷанги шаҳрвандӣ то ҳоло роҳи дарозеро тай намуд ва Амрико аз пешрафт дар беҳбуди раванди интихобот дар ин кишвар истиқбол мекунад. Аммо “демократияи ҳақиқӣ аз Рӯзи интихобот дида бештар аст. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекунем, корро барои таҳкими плюрализми сиёсӣ оғоз намояд ва ба ҳизбҳои ҳақиқии мухолиф имкони фаъолият диҳад ва ҳам барои фаъолияти матбуоти мустақил ва гурӯҳҳи иҷтимоӣ фазои васеъ боз кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG