Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Cафорати ИМА аз ёфт шудани қаиқронҳо хушҳолӣ кард


Бинои сафорати Амрико дар Душанбе.

Бинои сафорати Амрико дар Душанбе.

Сафорати Амрико дар Душанбе аз ёфт шудани 5 қаиқрони кишвараш дар қаламрави Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард.

Дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Душанбе рузи ҷумъуи 4 окятбр бо пахши иттилоияи кутоҳе зимни истиқбол аз ёфт шудани қаиқронҳои амрикоӣ гуфт, ки ба яке аз ин шаҳрвандон хадамоти консулӣ зарур шуд, ки аллакай он ироа гардид."

Аммо дафтари матбуоти сафорати ИМА дар Душанбе мегӯяд, ки "ба сабаби конфеденсиалӣ, ҷузъиёти бештаре дар бораи ин гуруҳи қаиқронҳои амрикоӣ тавзеҳ карда намешавад".

Вазорати хориҷаи Амрико ҳам ба Озодӣ тасдиқ кард, ки 5 қаиқрони амрикоиро рӯзи 3 октябр пайдо карда, ба макони амн интиқол додаанд. Бет Файнанн - намояндаи вазорати хориҷаи Амрико шоми 3 октябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, бино ба иттилоъи расмие, ки сафорати Амрико дар Душанбе ба Вошингтон додааст, ҳамаи 5 амрикоие, ки аз рӯзи 30 сентябр дар кӯҳистони Бадахшон нопадид шуда буданд, "ёфтаву шудаанд ва феълан дар макони амн қарор доранд." Хонум Файнанн гуфт, ба яке аз онҳо машварати консулгарӣ лозим шудааст ва ин кумак ба ӯ аз тарафи сафорат расонда шудааст.

Аммо ин намояндаи вазорати хориҷаи Амрико аз ироаи ҷузъиёти бештар дар бораи макони кунунии 5 қаиқрони амрикоӣ ва чигуна ёфт шудани онҳо дар кӯҳистони Бадахшон худдорӣ кард.



Қаблан гузориш шуда буд, ки чархболи ҳомили ин 5 шаҳрванди амрикоӣ баъд аз зӯҳри 3 октябр дар фурудгоҳи Душанбе нишастааст. 5 қаиқрони амрикоӣ аз 30 сентябр нопадид шуда, мақомоти изтирории Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи онҳо амалиёти густардаеро дар кӯҳистони Бадахшон роҳандозӣ карданд. Як манбаъи "Азия Плюс" дар мақомоти амниятӣ гуфтааст, ки вазъи шаҳрвандони амрикоӣ мӯътадил буда, танҳо яке аз онҳо осеб дида, пояшро шикастааст. Сайёҳони амрикоӣ гуфтаанд, ба далели хароб шудани таҷҳизот натавонистаанд тайи се рӯз бо касе робита карда, аз худ дарак диҳанд.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе шоми 3 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир танҳо инро метавонад тасдиқ кунад, ки чархбол баъд аз зӯҳри 3 октябр дар қисмати ғарбии майдони фурудгоҳ нишаст, вале дақиқан таъйид карда наметавонад, ки оё дар дохилаш маҳз шаҳрвандони дар Бадахшон гумшудаи Амрико буданд ё на.

Қаблан як манбаъи мӯътамад ба Озодӣ хабар дод, ки панҷ шаҳрванди Амрико, ки дар минтақаи Мурғоб нопадид шуда буданд, пайдо шудаанд.Ин манбаъ баъд аз зӯҳри панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки айни ҳол онҳо тавассути чархбол ба Душанбе интиқол дода мешаванд.

Субҳи 3 октябр дафтари матбуоти сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки панҷ шаҳрванди Амрико дар шарқи Тоҷикистон бенишон шудаанд ва ҳоло ҷустуҷӯи онҳо идома дорад. бино бар ин манбаъ, панҷ қаиқрони амрикоӣ дар шарқи Тоҷикистон ғайб задаанд ва ҳоло дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллӣ онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд. Сафорат маҳалли ғайб задан ва ному насаби ғайбзадаҳоро ошкор намекунад.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки қаиқронҳои амрикоӣ аз штати Колорадо дар ҳудуди Боғи миллии кӯҳҳои Помир гум шудаанд ва наздикони онҳо тариқи моҳвора ду паём бо тақозои кумак гирифтаанд. Аз ин паёмҳо маълум шудааст, ки онҳо дар қаламрави Боғи миллии «Кӯҳҳои Помир» қарор доштаанд.

Аммо Шодӣ Солеҳҷонов, мудири Боғи миллии «Кӯҳҳои Помир» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, амрикоиҳоро касе дар ҳудуди ин Боғ надидааст, аммо бо ин вуҷуд гурӯҳи вижаи зудамал аз ҳисоби ниҳодҳои зидахли Бадахшон барои ҷустуҷӯи гумшудагон истихдом шудааст.

Мақомоти изтирории Қирғизистон мегӯянд, барио кумак дар ҷустуҷӯи шаҳрвандони гумшудаи Амрико омодаанд,и вале то ҳол аз мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман иттилоъе нагирифтаанд.

Болот Шаршеналиев, муовини раиси раёсати фаврии вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон рӯзи 3 октбяр ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол онҳо аз ҷониби Тоҷикистон дар бораи нопадид шудани 5 шаҳрванди Амрико дар қаламрави ноҳияи бо ин кишвар ҳаммарзи Мурғоби Тоҷикистон расман иттилоъе нагирифтаанд. Вале, афзуд ӯ, онҳо бар пояи маълумоте, ки аз расонаҳо, аз ҷумла аз Радиои Озодӣ ба даст оварданд, ниҳодҳои марзбонии Қирғизистонро аз ин қазия дар ҷараён гузоштаанд. Минтақаи Олтминмазори Мурғоб, ба гуфтаи Шершеналиев, бо вилояти Ӯши Қирғизистон ҳаммарз аст.

Ронандаи амрикоиҳои гумшуда қаблан гуфтааст, ки онҳо қасд доштанд аз ағбаи Токтоқорум тавассути рӯди Беленкиик ба тарафи Қирғизистон шино кунанд.
Бекет Ҷусупов, сардори шӯъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Мурғоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ронандаеро, ки бори охир шаҳрвандони Амрикоро ба манзил расондааст, пайдо ва бозпурсӣ кардаанд.Ронанда гуфтааст, ки онҳо рӯзи 27 сентябр ба деҳаи Қарақӯли ноҳияи Мурғоб омада, ду рӯз дар меҳмонхонаи ин ҷо монданд ва 29 сентябр ин ронанда онҳоро ба ағбаи Токтоқурум бурдааст. Мавсуф аз қавли ронанда мегӯяд, яке аз амрикоиҳо забони русиро балад буд ва ӯ ба ронанда гуфтааст, ки қасд доранд ба ин ағба баромада, тариқи дарёи Беленкиик ба ҷониби Қирғизистон гузаранд. Сардори шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Мурғоб ин дарё ба марзи Қирғизистон мебарад ва шояд ҳоло амрикоиҳо дар марзҳои минтақаи Олтини Қирғизистон бошанд.

Азиз Гиёев, муовини раиси ҳукумати вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 3 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзи 1 октябр ҷустуҷӯи 5 амрикоии гумшуда дар қаламрави ин вилоят идома дорад ва ба ин манзур чархболҳо низ ҷалб шудаанд. Оқои Гиёев низ аз қавли ронандае ки ин 5 қаиқрони амрикоиро то ноҳияи Мурғоб бурдааст, гуфт, онҳо мехостанд бо қаиқҳо ба тарафи Қирғизистон шино кунанд. Оқои Гиёев гуфт, ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят барои ҷустуҷӯи амрикоиҳо чархболҳоро низ ҷалб кардаанд ва эҳтимоли ба ягон мусибат гирифтор шудани онҳо, аз ҷумла ғарқ шудани қаиқҳояшонро истисно намекунанд.

Раҳбари намояндагии Сандуқи Оғохон дар Бадахшон ба Озодӣ тасдиқ кард, ки ду қаиқи амрикоиҳои дар ин вилоят нопадидшударо дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб пайдо кардаанд. Ёдгор Файзов, раҳбари намояндагии Сандуқи Оғохон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 3 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нопадид шудани 5 шаҳрванди Амрико дар қаламрави ин вилоятро тасдиқ кард. Оқои Файзов, намояндагии сандуқи Оғохон, созмони "Фокус" низ ҳамроҳ бо ниҳодҳои вазорати фавқулоддаи Тоҷикистон дар Бадахшон дар ҷустуҷӯи амрикоиҳои ғайбзада ширкат доранд.

Падари яке аз шаҳрвандони нопадидшуда, ки аз Амрико бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ин 5 нафар гум нашудаанд, координатаҳои онҳо аз тариқи моҳвора ва GPS маълум аст, вале ғолибан ба мусибате гирифтор шудаанд. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир, рӯшан нест, ки бо ин 5 нафар дар кӯҳҳои Бадахшон чӣ гузаштааст? Мусоҳиби мо аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кард, вале гуфт, амалиёти ҷустуҷӯи азизони онҳо идома дорад ва дар ин амр мақомоти Тоҷикистон ҳамкории хуб нишон медиҳанд.

Сомонаи амрикоии Otsideonline.com навишт, ки Бен Лак, Купер Ламбла, Чарлз Кинг ва бародарон Натан ва Меттю Клема бори охир рӯзи 30 октябр бо ирсол бонги хатар аз гирифтор шудани худ аломат додаанд. Дар лаҳзаи ирсоли бонги хатар макони ин 5 шаҳрванди амрикоӣ тибқи координатаҳои GPS 38.83227 N, 72.860240 E будааст.Сомона менависад, рӯзи чешанбе чархболи наҷотдиҳандагон як қаиқи шикастаро пайдо кард. Ҳамон лаҳза аз тақрибан 9 километр поёнтар сигнали наве омадааст, вале наҷотдиҳандагон бино бар расидани шаб натавонистаанд ҷустуҷӯро идома диҳанд.

Ҷулия Клема, хоҳари ду амрикоии ғайбзада ба нашрияи DurangoHerald.com гуфтааст, боги хатар аз ҷониби онҳо субҳи душанбе, 30 сентябр ба дасти онҳо расид. Ба гуфтаи ӯ, ин паём матне надошт, дар дохилаш танҳо аломати хатар ва координатаҳои ҷуғрофии онҳо будаасту халос. Ҷулия Клема гуфтааст, бори охир рӯзи 24 аз Дуранго, шаҳраке дар аёлати Колорадои Амрико, бо Меттю телефонӣ сӯҳбат карда буд ва ӯ дар он тамос гуфтааст, ки онҳо тақрибан ду ҳафтаи дигар дар Тоҷикистон мемонанд ва сипас аз онҷо ба Катманду, пойтахти Непал сафар хоҳанд кард.

DurangoHerald.com менависад, ин 5 амрикоӣ рӯзи якшанбе барои убур аз ағбаи Токтоқорум омодагӣ доштаанд ва сипас мехостаанд тавассути рӯди Муқсӯ шино кунанд. Аммо рӯзи душанбе, соат дар Бадахшон тақрибан панҷи шом, вале дар зодгоҳи онҳо - Дурангои Амрико - ҳанӯз шаши субҳ буд, аз ин гурӯҳ бонги хатар мерасад. Сигнали дувум, ки баъдан расид, нишон медиҳад, ки онҳо аз макони аввали худ ҳамагӣ 6 мил, ё тақрибан 9 километр дуртар рафтаанд. Ин сомона мегӯяд, мақомоти изтирории Тоҷикистон шоми чоршанбе чархболи алакай дувумро ба ҷустуҷӯи амрикоиҳо ба ағбаи Токтоқорум фиристодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG