Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА бар пояи арзишҳояш ба Сурия посух медиҳад


 Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ шаҳодатҳои даст доштани режими президенти Сурия Башор ал-Асад дар истифодаи силоҳи кимиёиро матраҳ кард

Дар як сӯҳбати телевизионӣ, ки шоми ҷумъа намоиш дода шуд, котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфт, се рӯз пеш аз ҳамла коршиносони кимиёии ҳукумати Сурия аз макони ҳамлаи 21-уми август боздид намуда буданд, то ин минтақаи канори Димашқро ба ҳамлаи кимиёӣ омода кунанд.

Котиби давлатии ИМА бо ишора ба хулосаҳои хадамоти кашфи ИМА гуфт, мушакҳо бо силоҳи кимиёӣ аз манотиқи зери назорати нерӯҳои содиқ ба Башор ал-Асад партоб шуда, ба манотиқи зери назорати мухолифин исобат кардаанд.

Мақоми баландпояи амрикоӣ таъкид кард, ки бар пояи гузоришҳо дар 11 минтақаи канори Димашқ мардуми заҳролуд аз ҳамлаҳои кимиёӣ ташхис шудаанд.

Керрӣ афзуд, ки умуман, ҳамлаҳо боиси марги 1429 нафар ва аз ҷумла фавти 426 кӯдак шудаанд, ки намунаи ҷиноят бар зидди башарият аст.

Мансабдори амрикоӣ иброз дошт, ки ҳайати СММ собит хоҳад кард, ки дар Сурия силоҳи кимиёӣ истифода шудааст, вале коршиносони СММ ташхис нахоҳанд кард, ки масъули истифодаи ин силоҳ кист?

Ба қавли Керрӣ Вашингтон бар пояи мушоҳидаҳо ва арзишҳои худаш ба ҳамлаи кимиёии 21-уми август вокуниш нишон медиҳад.

Билохира, котиби давлатии ИМА гуфт, ки ҳар гуна амали ИМА бар зидди режими Сурия беохир идома нахоҳад кард ва ИМА масъулияти ҷанги шаҳрвандии Сурияро бар дӯш нахоҳад гирифт.

Рӯзи ҷумъа коршиносони аслиҳаи СММ таҳқиқоташон дар Сурияро ба анҷом расониданд. Рӯзи шанбе онҳо Сурияро тарк намуда, дар пайи таҳияи гузориш дар бораи истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Сурия мешаванд.

Сухангӯи СММ Мартин Несиркӣ тасдиқ кард, ки ҳайати коршиносони аслиҳаи СММ рӯзи шанбе Сурияро тарк мекунад, вале ӯ мушаххасан нагуфт, ки таҳияи гузориши онҳо чӣ қадар вақтро дар бар мегирад.

Дабири кулли паймони НАТО Андерс Фог Расмуссен мегӯяд, ки паймон нақша надорад дар амалиёти низомии муҷозоти Сурия иштирок кунад.

Аммо Расмуссен бар ин ақидааст, ки истифодаи силоҳи кимиёӣ набояд аз назари ҷомеаи ҷаҳонӣ дур монад ва аҳли олам бояд иқдоме кунад, ки худдорӣ аз истифодаи силоҳи кимиёӣ дар ояндаро кафолат диҳад.

Рӯзи ҷумъа мушовири сиёсати хориҷии президенти Русия Юрий Ушаков гуфт, вакилони мардумии Британия ширкати кишварашон дар амалиёт бар зидди Сурияро иҷозат надоданд ва ин воқеан, назари аксари мардуми Аврупо мебошад.

Фаронса иброз доштааст, ки сарфи назар аз худдории Британия амалиёт бар зидди режими Сурияро дастгирӣ мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Италия Эмма Бонино мегӯяд, ки ҳар гуна амали низомӣ дар Сурия бояд фақат бо пуштибонии СММ сурат гирад.
XS
SM
MD
LG