Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллӣ таҳрими зидди «Kont Bank»-ро меомӯзад


Бобак Занҷонӣ

Бобак Занҷонӣ

Бонки миллии Тоҷикистон, ба гуфтаи намояндагонаш, дар ҳоли омӯзиши таҳримҳои Амрико алайҳи «Kont Investment Bank» ва таъсири онҳо ба низоми бонкии Тоҷикистон аст.

Иқтисодшиносон мегӯянд, саҳми ин бонк дар низоми бонкдории Тоҷикистон бузург нест, вале таҳримоти Амрико метавонад барояш мушкилоте эҷод кунад. Бахусус ба ҳангоми анҷоми амалиётҳои байналмилалӣ.

Қаблан роҳбарияти «Kont Investment Bank» дар Душанбе таҳрими Амрикоро беасос хонда, иртиботаш бо сармоядори эронӣ Бобак Занҷониро рад кард. Сангин Раҷабов - сардори департаменти ҳуқуқии намояндагии «Kont Investment Bank» дар Душанбе рӯзи 2 май ба Озодӣ гуфт, ин бонк ба шаҳрванди Эрон Муртазо Бобаки Занҷонӣ ҳеҷ иртибот надорад ва хабари ҷорӣ шудани таҳрим аз ҷониби Вазорати молияи Амрико нисбати ин бонкро аз матбуот шунидаанд: «22 январи соли равон мо нома дарёфт кардем, ки муассиси ширкати туркии «Конт косметик», ки қаблан Бобак Занҷонӣ буд, иваз карда шуд. Ширкати «Конт косметик» бошад дар навбати худ муассиси «Конт бонк» аст ва мо ин маълумотро ба унвонии шариконамон, аз ҷумла Бонки миллӣ фиристода будем.»

Ҷаноби Раҷабов ҳамчунин афзуд, ки бонки мазкур ҳеҷ алоқае ба аслиҳаи қатли ом надорад ва иттиҳомҳои эълонкардаи вазорати молияи Амрико комилан нофаҳмост. Ба таъкиди Раҷабов, ширкатҳои «Asian Express Airline» ва «Asian Express Terminal», ҳарчанд дар «Конт бонк» суратҳисоб доранд, моли ин бонк нестанд.

Масъулони бонк ният доранд, ин ҳама иттилоъро ба вазорати молияи Амрико расонанд ва лағви таҳримҳоро дархост кунанд. Ин таҳримҳо рӯзи 1 май аз тарафи Реестри Федеролии Амрико эълон шуд.

Ҳарчанд намояндагони Kont Investment мегӯянд, бо сабаби маҳдуд будани доираи фаъолияти худ таҳаввули бузургеро дар робита ба таҳримҳо интизор нестанд, коршиносон аз дурнамои тираи бонк ҳушдор медиҳанд.

Иқтисодшинос Собир Зуҳуров мегӯяд, дар ҷаҳони имрӯза як бонк наметавонад, доираи кори худро маҳдуд ба як қаламрави хурд кунад. Муштариёни бонк ҳатман додуситадҳои электронии байналмилалие хоҳанд дошт ва ба эҳтимоли зиёд дар чунин ҳолат шояд бо мушкил рӯбарӯ шаванд. Ба гуфтаи Зуҳуров, назорати чунин додуситадҳо зери назари Амрико хоҳад афтод: «Дар байни бонкҳо як низоми пардохтҳои электронӣ ҳаст бо номи SWIFT. Ҳар амалиёте ки дар ин система мегузарад, зери назари ниҳодҳои Амрикост.»

SWIFT — як ҷамъияти кооперативии беш аз 9 ҳазор бонк аз 209 кишвари ҷаҳон ва марказаш дар Брюссели Белгия аст. Бино бар созишномаҳои байналмилалӣ, Вашингтон аз додситадҳои азим ва бо ширкати бонкҳои муайян назорат ва дахолат дошта метавонад

Kont Investment бонки сармоягузорӣ буда, соли 2011 дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дафтари марказии бонк дар Душанбест ва сармояи оинномавиаш 500 миллион сомонӣ эълон шудааст. Дар ҳоли ҳозир, ин бонк беш аз 150 миллион сомонӣ сармояро ба муштариёнаш додааст ва дар чандин тарҳ ширкат мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG