Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бунёди нуфусшумории СММ бо эълони як озмун миёни падарон мехоҳад ҷойгоҳи духтаронро, дар хонаводаҳои тоҷик боло барад. Падарони духтардор тибқи шартҳои ин озмун, бояд бо пешниҳоди як иншо дар мавзӯи “Ман бо духтарам ифтихор мекунам” аз бартариҳои духтарони худ қисса кунанд.

СММ бо интихоби ин мавзӯъ, ки ба Рӯзи ҷаҳонии духтарҳо бахшида шудааст, мехоҳад, ки падарҳо ба духтарҳои худ, ҳамон гуна арзиш гузоранд, ки ба писарҳои худ қоил ҳастанд. Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, ки аксаран бо сабабҳои иҷтимоӣ, духтарон аз таҳсил ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ дур мешаванд ва ин наметавонад ба оядаи онҳо бетаъсир бимонад. "Агар духтари наврас аз шароити хуб, маблағ, маълумот ва инчунин дастгирии волидон бархӯрдор бошад, ӯ метавонад иқтидори худро пурра амалӣ намояд ва дар оилаву ҷомеа як нерӯи пешбаранда бошад",- мегӯянд мутахассисони ин созмон.

Таваҷҷӯҳи ин созмони байналмиллалӣ ба ин мавзӯъ дар ҳолест, ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон духтарҳо аз рӯзи таваллуд то издивоҷ дар хонаводаҳои худ ҳамчун як узви муваққатӣ арзёбӣ мешаванд, ки баробари расидан ба балоғат, бояд издивоҷ кунанд ва ба хонаи шавҳар бираванд.

Салим Ҷулиев се духтар дорад. Ин сокини 29-солаи ноҳияи Рудакӣ умед дошт, ки баъди фарзанди аввал, ки духтар буд, соҳиби писар мешавад. Аммо боз ҳам ҳамсараш духтар таваллуд кард, ки боиси норозигии бештари Салим шуд. Салим тасмим гирифта буд, ки ба Русия равад ва бо зани дигар издивоҷ кунад.

”Вақте духтари якум таваллуд шуд, чизе нагуфтам, аммо чун духтари дуввум ба дунё омад, бо ҳамсарам ҷангу ҷанҷол карда, қаҳр намудам ва аз хона рафтам. Аммо боз умед доштам, ки ақаллан сеюмаш писар мешавад,аммо нашуд. Писар барои мард мададгор ва қуввати дил аст, аммо духтар, ки калон шуд, соҳиби бахт мешаваду меравад”- мегӯяд, Салим Ҷулиев.

Салим писарро ҳамчун гарави ҳаёти осуда дар пиронсолӣ мебинад. Ӯ оилаи худро бидуни писар нокомил медонад ва санги маломатро ба сари ҳамсараш мерезад, ки натавонистааш барояш писар ба дунё орад. Ӯ бо ишора ба ҳамсараш мегӯяд, ”масалан, ҳамин ҳамсари ман ба падару модар чӣ “духтарӣ" кардааст. Ду сол шудааст дар шаҳр аст ва боре ба хонаашон нарафтааст. Духтарҳоям низ ба мисли ӯ мешаванд. Ман ки писар ҳастам, падарамро ҳар бор хабар мегирам ва то қадри имкон кӯмак мерасонам.”

Салим акнун бовар надорад, ки ҳамсари ӯ дигар барояш писар таваллуд кунад. Аз ин хотир дигар намехоҳад, ки аз ӯ фарзанддор шавад. Аммо вай орзуи доштани ҳамсари дигарро, ки барояш писар тӯҳфа кунад, то ҳанӯз дар дилаш зинда нигаҳ медорад.

Сарнавишти Ашӯрбӣ Абдуллоева, қаҳрамони 55-солаи дигари моро низ таваллуди танҳо духтар дар ҷавонӣ ба маҷрои мушкилиҳо бурд. Шавҳараш, ки дар интизори писар буд, ӯро талоқ дод ва ӯ дар танҳоӣ духтарони худро ба воя расонд.

”Ҳоло дар зиндагӣ ягон мушкилот надорам, тамоми шароитам муҳайё аст. Духтари калониям дар Русия соҳиби мағоза ҳаст ва ҳаргиз маро хор шудан намемонад. Чандин бор ҷарроҳӣ шудам, ӯ моҳҳои дароз аз сари болинам дур намерафт. Худованд ба ҳар як фарзанд инсоф диҳад. Баъзе духтарон нисбати писарон номуси бештар доранд.”-мегӯяд Ашурбӣ Давлатова.

Ба гуфтаи хонум Ашӯрбӣ, ӯ то ин дам боре ҳам эҳсоси бе писариро накашидааст ва “як тори мӯи духтарашро ба даҳ писар иваз намекунад.”

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон аз иқдомҳои тарғиби тавонмандии духтарон дар хонаводаҳо аз сӯи падарон истиқбол мекунанд. Ба назари онҳо, дар чанд соли ахир назари ҷомеа ҳам ба духтардорӣ ба оҳистагӣ тағйир мехӯрад. Ҳуриниссо Ализода, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ки “таҷрибаи зиндагӣ нишон медидад, ки баъзе писарҳо номуваффақанд, нашъманду майзадаанд, ба руҳафтодагӣ дучор мешавад ва дар ин ҳолат духтарҳо бо муваффақият ҷои онҳоро иваз мекунанд. Ва ҳамин таҷрибаҳо нишон дод, ки андешаи он, ки писар ҳатман мурдагӯркуну такягоҳи волидон аст, то андозае шикаст хӯрдааст.”

Таҳлилгарони тоҷик бар инанд, ки афзоиши занҳои муваффақ дар бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон дар солҳои ахир тафаккури бартарии ҷинсӣ дар хонаводаҳоро бо оҳистагӣ ба ҳам мезанад. Ҳарчанд ҳанӯз ҳам дар хонаводаҳои мазҳабӣ, ки маъмулан муҳофизакоранд, бартарии писарҳо эҳсос мешавад. Аммо ин бартарӣ то он замоне идома мекунад, ки нақши зан дар пуштибонии хонавода бориз мегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG