Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Амрико ба иқдоми фаврӣ дар Миср


Ҷанозаҳои афроди кушташуда дар Қоҳира
Ҷанозаҳои афроди кушташуда дар Қоҳира

Вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, хушунатҳои афзояндаи маргбор дар Миср, ин кишварро ба “марҳилаи ҳассос”-е расонидааст.

Ҷон Керрӣ дар як баёнияи расмӣ дар Вашингтон аз тамоми раҳбарони сиёсии Миср хост, “фавран амал” кунанд ва кишварро “аз варта ақиб кашанд.” Пеш аз ин бино ба гузоришҳо, нерӯҳои амниятии Миср рӯзи шанбе даҳҳо нафар аз тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури барканоршударо куштанд. Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, ончӣ ки ҳоло дар Миср иттифоқ меафтад, ҳамеша ба ояндаи ин кишвар таъсиргузор хоҳад буд.


Эътирозҳои хунин дар Қоҳира ва Искандария
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00
Линки мустақим


Баёнияи вазири умури хориҷии Амрико дар ҳоле нашр шуд, ки тарафдорони Ихвонулмуслимин, қавитарин гурӯҳи исломии Миср, ки аз Муҳаммад Мурсӣ ҳимоят мекунад, ҳамчунон ба тазоҳуроти худ дар назди як масҷид дар шаҳри Қоҳира идома медиҳанд. Онҳо гуфтаанд, бо вуҷуди қатли ҳамсафонашон дар рӯзи шанбе “то дами марг” аз ҷояшон намеҷунбанд.

Вазири беҳдошти Миср гуфтааст, дар муноқишаи байни тарафдорони Мурсӣ ва маъмурони амниятӣ дар назди масҷид 72 нафар кушта шуданд. Аммо Ихвонулмуслимин мегӯяд, теъдоди қурбониён бештар аз 100 нафар аст ва маъмурони амниятӣ ба сӯи тазоҳургарони бесилоҳ тир андохтаанд. Иброҳим Муҳаммад, вазири умури дохилии Миср рӯзи шанбе ин иддаъоро рад кард.

Элизабет Аррот, мудири дафтари “Садои Амрико” дар Қоҳира ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло маълум нест, чӣ сабаби сар задани муноқиша шудааст: “Шаби ҷумъа пеш аз тазоҳуротҳо, вазъ дар инҷо бисёр пуршиддат буд ва бисёре аз мардум мегуфтанд, ки фикр мекунанд, шояд як навъ юрише ҳангоми аср сурат бигирад. Маълум нест, ки аввал артиш иқдом кардааст ваё онҳо ба кадом тавтиъае посух доданд. Ҳарду тараф мегӯянд, дигарӣ аввал иқдом кард. “

Дар шаҳри дигари Миср - Искандария - ҳам вазъ ноором буд ва рӯзи шанбе дар муноқишаи байни тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ ва мухолифони ӯ 9 нафар кушта шуданд. Раисиҷумҳури исломгарои Мисрро артиши ин кишвар баъди тазоҳуроти азими мардумӣ дар таърихи 3 июл аз мақомаш барканор кард.


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, ки рӯзи шанбе бо Муҳаммад Бародаӣ, муовини раисиҷумҳури муваққати Миср, Набил Фаҳмӣ, вазири муваққати умури хориҷӣ ва Кетрин Эштон, маъсули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо сӯҳбати телефонӣ дошта ва аз хунрезӣ дар Қоҳира ва Искандария ибрози нигаронии амиқ кардааст.

Ӯ афзуд, ки “дар шароити фавқуллода буғранҷ, мақомоти Миср масъулияти ахлоқиву қонунӣ доранд, ки ба ҳуқуқи гирдиҳамоии осоишта ва озодии баён эҳтиром бигузоранд”. Ҷон Керрӣ дигарбора хостори хотима додан ба боздоштҳои сиёсӣ ва раҳоии раҳбарони сиёсӣ шудааст, то муколамаи маънидори сиёсӣ пеш гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG