Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико дар гирдоби буҳрони “shut down”


Барак Обама дар вазъи мушкил

Барак Обама дар вазъи мушкил

Давлати Амрико аз 1 октябр фаъолияти бисёре аз идораҳои давлатиро қатъ мекунад. Ин иқдом дар матбуот бо номи “shut down” маъруф шудааст.

Давлати Амрико дар пайи нокомиаш дар роҳи ба даст овардани ризоияти Конгресс дар масъалаи будҷаи муваққат ба қатъи фаъолияти бисёре аз идораҳои давлатӣ шурӯъ кардааст. Ин барнома дар матбуот бо номи “shut down” маъруф аст.

Аз соати 12 шаб ба вақти Вашингтон, бахши будҷаи Кохи Сафед ба ожонсиҳои федеролӣ амр дод, ки тибқи дастур, ба “shutdown” шурӯъ кунанд. Дар 17 соли охир барои бори аввал аст, ки давлати федеролии Амрико маҷбур ба чунин иқдом мешавад. Далели чунин ночорӣ нокомии Кохи Сафед дар амри ба даст овардани ризоияти аксарияти вакилони Конгресс барои тасвиби будҷаи нави солона буд. Соли нави молӣ дар Амрико, қарори маълум, аз 1 октябр шурӯъ мешавад.

Ин “shutdown” ба ифои вазифаи нирӯҳои низомии Амрико, ҳамчунин ба хадамоти ҳаётан муҳиме, чун амнияти миллӣ, почта, назорати нақлиёти ҳавоӣ, дидбонгоҳҳои марзӣ ва мақомоти интизомӣ таъсир нахоҳад дошт.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар паёми видеоияш ба асокири амрикоӣ гуфт: “Амалиёти низомии мавҷуда, ба монанди талошҳои мо дар Афғонистон, идома хоҳанд ёфт. Агар шумо дар нуқтаи доғ хидмат мекунед, мо бояд шуморо итминони хотир бидиҳем, ки ҳар ончи барои адои маъмурияти шумо лозим аст, бояд таъминатон кунем. Конгресс ин қонунро, ки дар вақташ пардохт кардани ҳағғи шуморо замонат медиҳад, тасвиб кард ва ман ҳам имзояш мекунам. Ва мо ҳамин тавр, корро барои расидагӣ ба ҳар навъ асароти “shutdown” ба шумову аҳли хонаводаҳои шумо идома хоҳем дод.”

Аммо аз рӯзи сешанбе, ки оғози соли нави молист, бисёре аз хадамоти ғайримуҳими Амрико дастикам ба сурати муваққат баста шуда, садҳо ҳазор кормандони ин идороти давлатӣ маҷбур мешаванд, дар хона бимонанд.

Боғҳои миллӣ, осорхонаҳо ва масъулони ёдгориҳои таърихие, ба мисли муҷассамаи Озодӣ, бар асари “shutdown” баста хоҳанд шуд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки ин то кай давом мекунад? Тӯл кашидани “shutdown” метавонад ба иқтисоди Амрикову дунё таъсир карда, рӯзгори кормандони идороти федеролиро, ки аз маош маҳрум мешаванд, тахриб хоҳад кард.

Ихтилофи назар байни маъмурияти Обама ва вакилони Конгресс ба чанд талаби вакилони ҷумҳурихоҳ бармегардад, ки агар пазируфта шаванд, тарҳи ислоҳоти низоми бимаи Амрико, маъруф ба барномаи “Обамакейр”-ро аз масираш берун хоҳанд кард.

Ҳадафи ин барнома бо бима таъмин кардани миллионҳо амрикоиест, ки то кунун таҳти муроқибати тиббӣ қарор надоштанд. Аммо вакилони ҷумҳурихоҳ ин барномаро “кушандаи ҷойҳои кор” ва таҳдид ба иқтисоди Амрико мехонанд. Вакилони ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси намояндагон ба матни қонуни будҷа ҷумлаҳоеро илова карданд, ки тасвибаш аз ҷониби Сенат – маҷлиси болоии Конгрессро, ки таҳти назорати ҳизби демократи Обама қарор дорад, ғайримумкин гардонд.

Қарор аст, музокироти масъалаи будҷа байни вакилони Сенату Маҷлиси намояндагон идома ёбад. Нокомии Кохи Сафед ва Конгресс ба ахзи тавофуқ дар масъалаи будҷа боиси уфти башиддати бозорҳо дар рӯзи душанбе шуд.

Гуфта мешавад, Барак Обама низ акнун маҷбур аст, аз чор се ҳиссаи кормандони Кохи Сафед, асосан хидматрасонҳои маъмурияташ, назири ошпазу фаррош ва дигар кормандони ғайримуҳимро муваққатан ҷавоб диҳад. Бори охир Амрико дсолҳои 1995-1996, дар аҳди раёсатҷумҳурии Билл Клинтон дучори “shutdown” шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG