Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ходими сафорати Амрикоро ба "ҷосусӣ" айбдор мекунад


Лаҳзаи боздошти Раян Кристофер Фогл
Лаҳзаи боздошти Раян Кристофер Фогл

Хадамоти амниятии Русия як шаҳрванди Амрикоро барои як муддати кӯтоҳ боздошт кардааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, корманди сафорати Амрико дар қаламрави Русия ба ҷосусӣ машғул буд ва мехост омил ё агентҳои навро аз ҳисоби кормандони хадамоти интизомиву амниятии Русия ба ҳамкорӣ бо CIA, Идораи марказии ҷосусии Амрико ҷалб кунад.

Маркази равобит бо ҷомеаи Хадамоти федеролии амнияти Русия гуфтааст, ки исми боздоштшуда Раян Кристофер Фогл буда, ӯ дар Маскав дар “зери чатр”-и мақоми котиби сеюми бахши сиёсии сафорати Амрико фаъолият доштааст. Ба гуфтаи ин ниҳоди амниятӣ, шаби 13 ба 14- уми май Хадамоти истихбороти Русия котиби сеюми сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Русия Фогл Раян Кристоферро ҳангоми кӯшиши ба ҳамкорӣ ҷалб кардани як корманди хадамоти амнияти Русия боздошт кард.


Корти шиносоии Фогл
Корти шиносоии Фогл
Ин манбаъ гуфтааст, ҳангоми боздошт аз Кристофер Фогл як идда васоили фаннӣ, дастури катбии ҳамкорӣ, миқдори зиёди пул ва васоили тағйири зоҳир кашф шуд. Дар бораи ҷузъиёти ин боздошт ва шуғли фарде, ки бояд ба ҳамкорӣ истихдом мешуд, маълумоте дода намешавад. Танҳо гуфта мешавад, ки баъди анҷоми бозпурсӣ шаҳрванди Амрико дар идораи Хадамоти амнияти Русия ба ҷониби сафорати Иёлоти Муттаҳида супурда шуд.

Гуфта мешавад, номаи яксаҳифагӣ, ки ҳангоми боздошти Раян Кристофер Фогл дарёфт шудааст, барои сӯҳбат ва баҳси ҳамкорӣ ба агенти эҳтимолӣ 100 ҳазор доллар ва барои ризоият ба ҳамкорӣ 1 миллион доллар дар сол ваъда мекард.

Сафорати Амрико дар Русия то ҳол ба ҳодисаи боздошти Раян Кристофер Фогл вокуниш накардааст. Дар сомонаи сафорат омадааст, ки вазифаи бахши сиёсии сафорат “ба самъи ҷониби Русия расонидани мавқеи Иёлоти Муттаҳида дар масоили сиёсӣ ва амниятӣ аст”. Вазифаи дигари ин бахш “ба самъи Вошингтон расонидани муқаррароти сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ дар Русия” будааст.


Фогл дар ҷараёни бозпурсӣ
Фогл дар ҷараёни бозпурсӣ
Вазорати хориҷаи Русия сафири Амрико Майкл МакФолро даъват кардааст. Вале оқои МакФол дар ҷараёни суолуҷавобаш дар шабакаи Twitter аз шарҳи ин қазия худдорӣ кардааст.

Боздошти ходими сафорати Амрико дар Маскав бо гумони ҷосусӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Маскаву Вашингтон дар пайи бомбгузории Бостон дар бораи афзоиши ҳамкориҳои истихборотӣ сӯҳбат мекунанд ва талош доранд дар як идда масоили доғ, аз ҷумла масъалаи Сурия, забони муштарак пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG