Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико аз пайвастани ҷавонон ба "Давлати исломӣ" нигарон аст


Крис Смит, раиси Кумисюни Ҳелсинкии Амрико, узви Конгресс аз Ню Ҷерсӣ.

Крис Смит, раиси Кумисюни Ҳелсинкии Амрико, узви Конгресс аз Ню Ҷерсӣ.

Иёлоти Муттаҳида ҳамкориҳояшро бо ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз ҷалб шудани шаҳрвандони ин мамолик ба сафҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” густариш хоҳад дод.

Ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ховари Миёна пайвастани садҳо ҷавони Осиёи Марказӣ нигарониҳоеро дар Иёлоти Муттаҳида ба бор овардааст. Дар ҷаласаи навбатии Кумисюни Ҳелсинкии Амрико рӯзи чаҳоршанбеи гузашта раиси ин ниҳод, конгрессмени ҷумҳурихоҳ Крис Смит аз Ню Ҷерсӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир ба камияш 25 000 хориҷӣ аз 100 кишвари ҷаҳон дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Садҳо нафари онҳо аз Тоҷикистону Қирғизистон ,ва зиёда аз 1000 шаҳрванди Қазоқистон ба ин гурӯҳ шомил шудаанд.

Ба ақидаи Смит, ҷалби ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сафҳои ДОИШ идома дорад ва Русия дар навбати аввал ба маркази ҷалби онҳо табдил ёфтааст, зеро садҳо ҳазор нафар аз кишварҳои шӯравии пешин бо сабаби мушилоти иқтисодӣ, барои дарёфти кор ва даромад ба Русия ҳиҷрат мекунанд. Дар ин ҷо онҳо зери табъйизу истимор ва бегонаситезӣ қарор мегиранд. Ин ҳолатро дар якҷоягӣ бо рукуди иқтисодии Русия ва поймол шудани ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тундгароён истифода мекунанд ва ҷавононро ба саҳнаҳои Ироқу Сурия мекашонанд.

Ин дар ҳолест, ки аз аввали соли равон қоидаҳои кору зиндагии муҳоҷирон дар Русия ба маротиб сангинтар шуд ва бар асари бӯҳрони иқтисодӣ ҳазорон нафари онҳо музди худро намегиранд ё бо таъхир ва баҳсҳои тӯлонӣ ба даст меоранд.

Мудири Маркази амнияти кибернетикии миллӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, Фрэнк Силуффо, дар ин ҳамоиш гуфт, баъзе аз гурӯҳҳои тундгаро дар истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ маҳорат нишон медиҳанд ва таблиғоти онҳо ба осонӣ ҷавонони бетаҷрибаро ба раҳгумӣ мебарад. “Фош кардани таблиғоти дурӯғи онҳо бояд бав як стратегияи давлатӣ ва фаромиллӣ табдил ёбад,” – гуфт Силуффо ва афзуд, Иёлоти Муттаҳида бояд дар пешгирӣ аз паҳн шудани паёми террористон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷунбишҳои фаромарзӣ бо ҳукуматҳои хориҷӣ ҳамкории васеъ дошта бошад. Вай ҳамчунин гуфт, ИМА бояд дар таҳкими режими марзбонии кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳимтар бозад.

Крис Смит, раиси Кумисюни Ҳелсинкии Амрико гуфт: “Ҳукумати мо дар ҳамкорӣ бо кишварҳо ва созмонҳои дигар бояд мубориза бо тундгароиро дар хориҷ аз марзҳояш тақвият диҳад. Ҳамчунин бояд чораҳоеро ба кор андохт, то замонате вуҷуд дошта бошад, ки ҷангҷӯёни ДИ ҳангоми бозгашт ба ватани худ ҷиҳод ва марг наоранд.”

Дар паёмаш ба ширкатдорони ҳамиш, сенаторон ва конгрессменҳои узви Кумисюни Ҳелсинкӣ ноиби вазири умури хориҷии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ, Даниэл Розенблюм, гуфт: “ИМА ҳадаф дорад бо ниҳодҳои байнулмилалӣ ва ҳукуматҳо дар муқобили хатарҳое, ки аз ҷангҷӯёни ДИ бармехезад ҳамкорӣ кунад. Тамоми талош хоҳад шуд, ки таҳдид ба шарикони мо, ҳампаймонҳои мо ва кишвари мо камтар шавад.”

Дар ҳамоиш ин нуктаҳо низ садо дод, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ барои пешгирӣ аз ҷалб шудани ҷавонон ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” сиёсат ва амалкардҳои худро бознигарӣ кунанд. Барои ҷавонон бояд ҷойҳои кор таъсис дода шавад ва вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишварҳо беҳтар гардад.

Ноиби раиси Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ Ҷеннифер Леонард гуфт: “Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бояд хатари дарозмуддати ҷиҳодиёнро барои минтақа дарк ва чораҳои пешгирикунандаро ҷорӣ намоянд. Аз ҷумла бисёре аз иштибоҳҳои сиёсӣ ва маъмурӣ ислоҳ, қонунҳои маҳдудкунанда бознигарӣ шаванд, дар додгоҳ, полис ва хадамоти амният ислоҳот сурат гирад.”

Леонард таъкид намуд, ки барои эҷоди ҷойи кор барои марду зани ҷавоне, ки дар шароити номусоид ба сар мебаранд, барномаҳои махсус роҳандозӣ шавад. Фрэнк Силуффо низ ба ин хулоса ҳамнаво шуд ва гуфт, Иёлоти Муттаҳида метавонад, барои пешгирӣ аз ҷалб шудани ҷавонон ба ДИ ба ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ мадад кунад, аммо ҳалли дарозмуддат ва воқеии мушкил на дар хориҷ, балки андаруни худи ин кишварҳост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG