Пайвандҳои дастрасӣ

Рақобати шона ба шонаи Клинтон ва Трамп дар назарсанҷии интихоботӣ


То интихоботи президентии Амрико ҳамагӣ як ҳафтаи дигар мондааст ва тибқи тозатарин назарсанҷиҳо, Доналд Трамп бар рақиби худ Ҳиллари Клинтон аз бартарии нисбӣ бархӯрдор аст.

Бар асоси як назарсанҷӣ, ки рӯзномаи "Вашингтон пост" ва шабакаи хабарии NBC ба таври муштарак онро анҷом додаанд, Доналд Трамп 46 дарсад ва Ҳиллари Клинтон 45 дарсади раъйи пурсидашудаҳоро аз худ кардаанд. Ин назарсанҷӣ пас аз интишори хабари бозкушоии парвандаи имейлҳои Ҳиллари Клинтон аз сӯи пулиси федерали Амрико ё FBI, сурат гирифтааст.

Аз чаҳор як ҳиссаи раъйдиҳандагон то ба ҳол дар раъйгириҳои зудҳангом дар чандин аёлати Амрико ширкат кардаанд ва шабакаҳои хабарӣ мегӯянд, ки тибқи оморҳои баъд аз раъйдиҳӣ, орои бештари ин афрод ба фоидаи Ҳиллари Клинтон будааст.

Пол Райан, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико, ки аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ мебошад, рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи Fox News гуфтааст, ки дар раъйгирии зудҳангом ширкат карда ва ба тарафдории номзади ҳизби худ Доналд Трамп раъй додааст.

Доналд Трапм рӯзи сешанбе дар аёлати Висконсин маъракаи таблиғотии худро идома дод ва оқои Райан дар посух ба пурсише гуфт, ки аз ҳузури Трамп дар ин аёлат, ки ҳавзаи интихобии ӯ ба шумор меравад, бехабар аст.

Шабакаи телевизионии CNN бо ишора ба ихтилофҳое, ки аз тобистон байни раиси Маҷлиси намояндагон ва номзади ҳизб барои раёсати ҷумҳурӣ ба вуҷуд омад, мегӯяд, ки ба назар мерасад ин ихтилофҳо то ба ҳол ҳал нашудаанд.

Дар муборизаҳои интихоботии Донанд Трамп ҳеҷ чеҳраи шинохташуда аз шахсиятҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳ дида намешавад ва ин дар ҳолест аст, ки рӯзи сешанбе Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, Ҷо Байден, муовини ӯ ва сенатор Берни Сандерс дар маросимҳои алоҳида барои ҷалби раъйдиҳандагони мустақил ба тарафдории Ҳиллари Клинтон, суханронӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳиллари Клинтон, номзад ба мақоми президентии Амрико аз Ҳизби демократ гуфтааст, рақибаш Доналд Трамп бояд тамоми робитаҳоеро, ки бо Кремл дорад, ошкор кунад. Ҳиллари Клинтон зимни суханрониаш дар аёлати Оҳаё рӯзи 31 октябр гуфт, Владимир Путин, президенти Русия барои расидани Трамп ба мақоми президентии Амрико талош дорад. Бино ба пешбиниҳои вай, гӯё Кремл ба хотири кӯмак ба Трамп, зидди ИМА ҳамлаҳои кибериро роҳандозӣ кардааст.

Доналд Трамп дар навбати худ иддаои Клинтонро, ки мегӯяд ӯ "одам"-и Русия аст, рад мекунад. Аз сӯи дигар, Маскав низ иддаои дахолати Кремл дар интихоботи президентии ИМА-ро рад карда, Ҳиллари Клинтонро ба барангехтани адоват зидди Русия дар маъракаи пешазинтихоботияш айбдор мекунад. Қарор аст, интихоботи президентии ИМА 8 ноябр баргузор шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG