Пайвандҳои дастрасӣ

“Foreign Policy”: Тоҷикистонро ошнобозиву авлодбозӣ идора мекунанд


Маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy” дар матлабе сабабҳои бо вуҷуди мушкилоти зиёд боз ҳам ба Эмомалӣ Раҳмон раъй додани мардуми Тоҷикистонро ба баҳс кашидааст.

Маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy” дар матлабе таҳти унвони “Тоҷикистон: Субот аз пешрафт болотар меистад” менависад, Тоҷикистон ҳамчун кишвари фақиртарин ҳатто дар миёни тамоми кишварҳои фақире, ки дар хокистари Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омаданд, фарқ мекунад. Дар ҳоле ки расонаҳо аз рушди макроиқтисодии ин кишвар лоф мезананд, мардуми оддӣ меваҳои ин пешрафтро дар зиндагии ҳаррӯзааш ҳанӯз эҳсос намекунад, навиштааст ин нашрия.

“Foreign Policy”, ки асосан ба таҳлили ҷиддии масоили сиёсати хориҷии Амрико ва кишварҳои дунё машғул аст, инбор ба таҳлили вазъи кунунии Тоҷикистон пардохта, менависад, Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароите дар интихоботи моҳи ноябр боз ба як давраи ҳафтсолаи раёсат даст ёфт. Бо онки ин раиси собиқи колхоз инак 21 сол боз бар Тоҷикистон ҳукм меронад ва ҳоло ба давраи панҷуми преиздентиаш рафтааст, маҷаллаи амрикоӣ мепурсад: “Суол ин аст ки агар дар Тоҷикистон фақр чунин фарогир бошад, чаро ҳама такрору батакрор баъди ҳар навбати раёсаташ боз ба Раҳмон шонси нав медиҳанд?”

“Foreign Policy” дар посухи ин суол вазъи умумии Тоҷикистон ва атрофашро ба риштаи тасвир мекашад. Маҷалла менависад, “низоми идории Тоҷикистонро метавон бо ду калима хулоса кард: nepotism(авлодбозӣ) ва cronyism(ошнобозӣ) . Тамоми мансабҳои калидӣ дар дасти хешовандону дӯстони наздики Раҳмонанд. Тамоми захираҳои иқтисодӣ ва тиҷоратҳову корхонаҳои ҳаётан муҳим аз сӯи чанд нафари мунтахаб назорат мешавад ва дар ҳоле ки мизони саноатисозӣ мусбат аст, фарқи байни қишрҳои дорову нодор амиқтар мешавад.”

Дар чунин шароит, ба навиштаи муаллиф Суфён бин Узайр, мардуми фақир дар ин кишвар рӯзгорашро хеле ба сахтӣ пеш мебарад ва ҳарчанд давлат тибқи тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ талош дорад, то мизони рушди иқтисодиро дар ҳадди 6-7 дарсад нигоҳ бидорад, таваррум меваи ин пешрафтҳро мехӯрад ва ҳосили ин ҳама боз ҳам ба ҷайби қишри доро рехта, фақирон боз фақиртар мешаванд.

Аз тарафи дигар ҳатто касбҳои мӯътабаре, чун устоди донишгоҳ ё табибӣ, ба далели маоши ночизашон, ки аз 70 то 150 доллар будааст, дар Тоҷикистон “беобрӯ” шудаанд. Хидмати тиббӣ дар ин кишвар ройгон эълон шудааст, вале истифода аз ин тибби ройгон, ба навиштаи хабарнигори “Foreign Policy” , кори саҳлу осоне нест.

Чунин ҳол мардуми тоҷикро дар ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ ба хориҷ тела медиҳад. “Foreign Policy” менависад, то 1,5 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар хориҷ кор мекунад ва гузашта аз ин, ин кишвар “дар раддабандии кишварҳои вобастаи пули муҳоҷирон дар дунё дар мақоми аввал аст. (дар соли 2011, бино ба омори Бонки ҷаҳонӣ, пули муҳоҷирон баробари 47 дарсади ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон шуда буд).”

Дар пасманзари тасвиир ин шароити сахт пурсиши аслии “Foreign Policy” ин аст ки:

“Пас Раҳмонро дар қудрат чӣ нигоҳ медорад?

Ва агар зиндагии мардуми тоҷик ба чунин сахтӣ мегузарад, чаро ҷомиаи байналмилалӣ ба ниёзмандиҳои ин мардум намерасад?”

Маҷалла менависад, ғайричашмдошт, матбуоти ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон то ҳадде ҷасур ба назар мерасад ва ба сурати умум, аз танқиди ҳукумат парҳез намекунад. “Бар илова, ҳарчанд Тоҷикистон наметавонад меваи пешрафтро бичашад, яке аз кишварҳои камшумори Осиёи Марказист, ки метавонад аз суботи нисбиаш фахр кунад. Ҳукумати Раҳмон барои Тоҷикистон бо пуштибонии хеле лозими ҳам Русияву ҳам Ғарб, бо шумули Иттиҳодияи Аврупоро таъмин мекунад... Омилҳое, чун хуруҷи базудии нирӯҳои НАТО аз Афғонистон ва мавқеъи стратегии Тоҷикистон боис шудааст, ки ҷаҳони Ғарб аз умури дохилии Тоҷикистон чашм бипӯшад. Ҷиноёти иқтисодии афроди баландпоя ва сӯъиистифода аз мақом, албатта, масоили ҷидиянд, вале азбаски қаламрав ва ҳарими ҳавоии Тоҷикистон барои нирӯҳои НАТО лозим мешаванд, беҳтарин роҳ чашм пӯшидан ба чунин масоили ҷиддист,” – менависад муаллифи ин гузориш.

Ба навиштаи Суфён бин Узайр, ба маҳзи марзи тӯлонии Тоҷикистону Афғонистон тарсе вуҷуд дорад, ки “дар сурати суқути Эмомалӣ Раҳмон, режими нисбатан собити Душанбе метавонад бо режими исломгарое, ки аз Афғонистон “импорт” хоҳад шуд, иваз шавад... Аз ин рӯ, на Русия ва на Амрико дар фикри он нестанд, ки чаро мардуми тоҷик маҷбуранд ҳатто сабзавотро бо як нархи баланди осмонӣ бихаранд." Омили дигар, бино ба ин гузориш, боз ҳам захмҳои то ҳол шифонаёфтаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки аз ёди мардум намеравад.

Ба ин далел, менависад “Foreign Policy”, дар мисоли Тоҷикистон “тағйири режим дар марҳалаи кунунӣ ё рӯи кор омадани давлати бетаҷриба метавонад як омили гузариш аз бад ба бадтар шавад. Режими худкома ва бесамар зоҳиран беҳтар аз ҷанги шаҳрвандӣ ва дурнамои тираи иқтисодӣ бартар аз ошӯбу хунрезист.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG