Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Амрико омӯзиши нерӯҳои Украинаро оғоз кард


Нерӯҳои артиши Амрико барномаи омӯзишии нерӯҳои низомии Украинаро дар пойгоҳе дар ғарби он кишвар ва бо вуҷуди интиқодҳо ва мухолифатҳои Маскав, рӯзи душанбеи 20 апрел, оғоз карданд.

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ҳузури низомиёни кишварҳои ғарбиро нишонае аз аҳамияте, ки онҳо барои тамомияти арзии Украина қоил шудаанд, хондааст. Рӯзномаи Wall Street Journal дар айни ҳол мегӯяд, барномаи омӯзишӣ дар ҳоле оғоз шудааст, ки аъзои Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) эҳтиёткорона дар ҳоли маҳдуд кардани кӯмакҳои худ ба Киев барои таҳрик накардани Маскав ҳастанд.

Сухангӯи раиси ҷумҳури Русия вуруди генералҳои Амрико барои омӯзиши горди миллии Украинаро омили бесуботии бештари вазъ хондааст. Кохи Сафед дар баробари ин барномаи омӯзишӣ, як кӯмаки 18 миллион долларӣ низ барои Украина дар назар гирифтааст.

Хабаргузори Ройтерз мегӯяд, Ҷо Байден, муовини раисиҷумҳури Амрико ҳам рӯзи душанбе дар гуфтугӯе бо Порошенко, кӯмакҳои нав ба маблағи 17,7 миллион долларро барои таҳияи эҳтиёҷот монанди ғизо, сарпаноҳ ва об пешниҳод кардааст.

Раиси ҷумҳури Украина барномаи омӯзиши низомиёни Украинаро "марҳилаи нав" аз ҳамкориҳо миёни Киев ва Вошингтон хондааст. Ӯ дар айни ҳол ба барномаи монанде аз тарафи Бритониё ишора кардааст. Канада ва Лаҳистон низ пешниҳод кардаанд, то мушовирони низомии худро ба Украина бифиристанд. Петро Порошенко гуфтааст, "мо танҳо нестем."

Чатрбозони бригадаи 173-и нерӯҳои ҳавоии Амрико мустақар дар пойгоҳи Висензаи Итолиё ҳафтаи гузашта аз пойгоҳи аслии худ барои оғози маъмурияти омӯзишиии 900 нерӯи Горди миллии Украина вориди он кишвар шуданд. Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ, ин барнома бинобар талошҳо барои барқарории оташбас, ба таъхир афтода буд.

Бӯҳрони мусаллаҳона дар шарқи Украина миёни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои ҳукумати марказӣ дар Киев аз як сол ба ин тараф идома дорад ва то кунун беш аз 6 ҳазор нафар кушта ба ҷой гузоштааст.

XS
SM
MD
LG