Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷузъиёти мулоқоти Ҷон Керри бо Ислом Каримов аз забони сафир


Пазироии Каримов аз Керри дар Самарқанд

Пазироии Каримов аз Керри дар Самарқанд

Сафири Амрико дар Узбакистон баъзе ҷузъиёти музокироти се ҳафта пеши вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри бо президенти Узбакистон Ислом Каримовро боз кардааст.

Бо гузашти беш аз се ҳафта аз силсиласафари вазири хориҷаи Амрико Ҷон керри ба ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ бисёре аз ҷузъиёти ин сафар ва натиҷаи музокираҳои ӯ бо раҳбарони минтақа норӯшан боқӣ мемонад. Дар расонаҳо пиромуни натоиҷи ин сафар бештар рӯи баррасии масоиле, чун амнияти Афғонистон, густариши нуфузи созмони ҷангҷӯи “Давлати исломӣ” ва ҷилавгирӣ аз таҳдиди ин гурӯҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Амрико таъкид мешавад.

Сафири Амрико дар Тошканд Памела Спратлен дар як мусоҳиба бо бахши узбакии Радиои Озодӣ бархе аз ҷузъиёти сафари ахири вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри ба Узбакистон, аз ҷумла ҷузъиёти сӯҳбатҳои ӯ бо президент Ислом Каримовро боз кард. Ӯ дар ин мусоҳиба ҳамчунин натиҷаҳои нишасти С5+1, ки вазирони хориҷаи ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказиро ҳамроҳ бо Керри дар Самарқанд гирди ҳам овард, ва моҷарои пешомада дар Самарқанд бо хабарнигори амрикоӣ Кэрол Мореллоро шарҳ дод.

4 ҳадафи сафари Керри

Памела Спратлен

Памела Спратлен

Памела Спратлен бо таъкид ба аҳамияти таърихии нахустин сафари Ҷон Керри ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми вазири хориҷаи Амрико гуфтааст, дар ҷараёни музокироти Керри ва Каримов масоили ҳамкориҳои минтақавӣ, амният, равобити дуҷониба ва ҳуқуқи инсон баҳс шуданд. Ба гуфтаи сафир, сафари Керри ба минтақа 4 ҳадафи умда дошт, ки якеаш баҳси дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Амрико бо давлатҳои Осиёи Марказӣ будааст.

Памела Спратлен дар ин маврид гуфт: “Ҳадафи аввал аломат додан аз ин буд, ки ҳукумати Амрико истиқлол ва якпорчагии ҳар кадоме аз ин ҷумҳуриҳоро пуштибонӣ мекунад. Дар ҷараёни сафараш вазири хориҷа чанд дафъа ба ин таъкид кард. Ҳадафи дувуми ҷиддӣ амният дар Афғонистон, вазъи марбут ба таҳдиди “Давлати исломӣ” ва дар маҷмӯъ баҳси масоили амният бо ҳукуматҳои минтақа буд. Ҳадафи сеюм ин ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа, аз ҷумла такон додан ба рушди равобити иқтисодии онҳост. Ҳадафи чорум баррасии вазъи имрӯза дар тамоми ҷаҳон ва омилҳои таъмини амният буд. Табиист ки дар ин масъала аз ҳукуматҳои ин ҷумҳуриҳо даъват шуд, то ба ӯҳдадориҳои худ, аз ҷумла дар масъалаи мурооти ҳуқуқи инсон амал кунанд.”

Масъалаи пойгоҳи низомии Амрико дар Узбакистон

Сафири Амрико дар Тошканд нишасти С5+1 ва музокироти дуҷониба бо мақомоти аввали Узбакистонро ҳадафи асосии сафари Ҷон Керри ном бурд. Аммо хонум Спратлен дар посух ба хабарнигори Озодӣ, ки оё дар ин мулоқотҳо кадом созиши мушаххасе дар мавриди ҳамкориҳои низомӣ, аз ҷумла дар масъалаи эҳтимоли таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Узбакистон ба даст омадааст?, гуфт: “На.”

Памела Спратлен гуфт, “масъалаи марбут ба пойгоҳи низомӣ тобистон зимни сафари фармондеҳи Ситоди марказии артиши АМрико Ллойд Остин ба Узбакистон баррасӣ шуда буд. Ҳамон вақт гуфта шуд, ки Амрико қасди таъсиси пойгоҳи низомӣ дар Узбакистонро надорад. Баъди он ин масъала дигар баррасӣ нашудааст.”

Генерал Ллойд Остин 27 июли соли 2015 бо ҳадафи баррасии масоили ҳамкориҳои низомӣ аз Тошканд боздид карда буд.

Қазияи Мурод Ҷӯраев

Мурод Ҷӯраев - баъди раҳоӣ аз зиндон

Мурод Ҷӯраев - баъди раҳоӣ аз зиндон

Рӯзи 12 ноябр, ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз сафари Ҷон Керри, маҳбуси сиёсӣ Мурод Ҷӯраевро, ки 20 сол доз дар зиндон буд, озод карданд. Бисёриҳо раҳоии ин мухолифи сарсахти ҳукумати Каримовро ба сафари Керри ва натиҷаҳои музокироти ӯ бо Ислом Каримов бастагӣ доданд. Чунки дар гузашта низ мавридҳое буд, ки ҳукумати Узбакистон дар остона ваё дар пайи сафарҳои мақомҳои баландпояи Амрико бархе аз маҳбусони сиёсиро озод мекард.

Аммо дар посух ба суоли Озодӣ, ки оё раҳоии Мурод Ҷӯраев аз ҷумлаи талабҳои АМрико дар музокироти ахир бо ҳукумати Узбакистон буд?, Памела Спратлен чунин посух дод: “Масоили марбут ба мурооти ҳуқуқи инсон, озодии намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва озодии маҳбусони сиёсӣ ҳамеша дар рӯзномаи кори вазорати хориҷаи Амрико қарор доранд. Агар шумо таваҷҷӯҳ карда бошед, вазорат аз раҳоии ҷаноби Ҷӯраев истиқбол кард ва бо нашри изҳороте ба ин муносибат хостори аз зиндон озод кардани маҳбусони сиёсии дигар ҳам шуд. Аммо дар мавриди ин ки оё озодии ҷаноби Ҷӯраев аз зиндон бо сафари вазири хориҷа Керри рабт дорад ё на?, мо метавонем бигӯем, аз инки тавонистем ба тасмими ҳукумати Узбакистон дар ин масъала таъсир бирасонем, фақат хурсандем. Вале мо ин ду мавридро бо ҳам рабт дода наметавонам.”

Моҷарои Кэрол Морелло

Берун кардани Кэрол Морелло аз толор

Берун кардани Кэрол Морелло аз толор

Рӯзи 1 ноябр дар ҷараёни музокироти Ҷон Керри бо Ислом Каримов дар шаҳри Самарқанд хабарнигори рӯзномаи амрикоии “Washington Post” Кэрол Морелло зӯран аз толори ҷаласа берун карда шуд. Гуфта мешуд, ки ин хабарнигор мехост ба Ислом Каримов пиромуни вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвараш суол диҳад, вале маъмурони хадамоти амниятӣ ӯро аз дар берун карданд.

Сафири Амрико Памела Спратлен дар шарҳи ин моҷаро ба Озодӣ гуфт: “Барномарезӣ чунин буд, ки ба хабарнигорон акс бардоштани оғози мулоқоти рӯзи 1 ноябри ҷаноби Керри бо ҷаноби Каримовро иҷозат диҳем. Хабарнигорони касбӣ медонанд, ки дар чунин мавридҳо, аб фарқ аз нишастҳои хабарӣ, суол намедиҳанд. Бо вуҷуди он, дар байни хабарнигорони амрикоӣ чунин мавридҳо, ки онҳо ба ҳар сурат суоли худро медиҳанд, зиёд аст. Яъне хабарнигори амрикоӣ суол дод ва ин тибқи нақша набуд. Барои ҳамин вайро аз толор бароварданд.”

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико як рӯз баъд аз ин моҷаро гуфта буд, ки ин вазорат дар робита ба моҷарои пешомада ба сари хабарнигори “Washington Post” тартиби рафтори маъмурони амниятиро бозбинӣ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG