Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллард: Амнияти Тоҷикистон дар ҳифзи озодиҳои мардум аст


Сафири нави Амрико дар Душанбе гуфт, ки кишвараш аз муборизаҳои Тоҷикистон бо ифротгароӣ ҳимоят карда, вале ҳамзамон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла озодии динӣ талош хоҳад намуд.

Элизабет Миллард, сафири нави Амрико дар Душанбе, гуфтааст, ки кишвараш барои таъмини ояндаи босубот, озод ва дурахшони Тоҷикистон тамоми талошашро ба харҷ хоҳад дод. Ин нуктаро Миллард рӯзи 16 март дар як матлаб, ки аз он ба унвони “мақолаи муқаддимавии сафири нави Амрико” ном бурда мешавад, баён доштааст.

Зоҳиран ин матлаби Элизабет Миллард дар остонаи таҷлил аз 25-умин солгарди муносибати дипломатии Амрико ва Тоҷикистон таҳия шудааст. Ӯ гуфтааст, аз таъин шуданаш ба ҳайси сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе хушнуд аст ва қасд дорад бо роҳандозии ҳамкории зич муносибатҳоро густариш бидиҳад. “Дар давоми 25 соли муносибатҳоямон корҳои зиёдеро анҷом додаем, ва мехостам шоҳиди он дастовардҳое, ки дар тӯли 25 соли дигар ба даст хоҳем овард, гардам,” – афзудааст ӯ.

Ин дипломати собиқадори амрикоӣ дар оғози соли ҷорӣ ба ҳайси сафири нави Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон таъин ва рӯзи 11 март эътимодномаашро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон супурд.

Вай дар матлаби нави худ гуфтааст, кишвараш аз ҳадафҳои Тоҷикистон дар бахшҳои амният, ислоҳоти демократӣ ва рушди иқтисодӣ ҷонибдорӣ мекунад. Ба қавли ӯ, аз оғози барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 то ба ин дам Амрико беш аз 1 миллиард доллар кумак кардааст. “Ин маблағҳо бо ҳадафи беҳтар кардани амнияти озуқаворӣ, таҳкими бахшҳои маориф ва тандурустӣ, рушди ҳокимияти маҳалливу ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими амният ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дорад,” – гуфтааст Миллард.

Элизабет Миллард дар идома аз мушкилоти, ба қавли ӯ, минтақавии “терроризм ва ифротгароии хусуматомез, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва харидуфурӯши одамон” ёдоварӣ карда ва гуфтааст, ки “сафорати ИМА ба Тоҷикистон дар таҳкими иқтидораш ҷиҳати дарк, ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани таҳдидҳои асосноки дохилӣ ва берунӣ бо риоя намудани ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун мусоидат менамояд.”

Ба қавли ӯ, “Тоҷикистон амну субот ва шукуфоиро ба муддати тӯлонӣ метавонад танҳо тавассути иродаи қавӣ дар беҳтар намудани идоракунӣ, таъмини волоияти қонун, рушди иқтисод, фароҳам овардани муҳити соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардуми ин кишвар ба даст оварад.”

Элизабет Миллард мегӯяд, Амрико қасд дорад, ёриии худро барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои калидии инсон, аз ҷумла озодии дин идома дода, кӯшишҳои Тоҷикистонро дар мубориза алайҳи ифротгароӣ ҳимоят бикунад.

Ӯ, инчунин, гуфтааст ки талоши онҳо барои рушди иқтисоди Тоҷикистон равона шудааст. Ба навиштаи сафири нави Амркио, тоҷикон дар гузашта бештар ба тиҷорат машғул буданд ва бояд ҳам фазои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишвар беҳбуд ёбад. Миллард дар охири матлабаш худро модар ва модаркалон муаррифӣ карда ва гуфтааст, ки барои эҷоди имкониятҳои нав барои занон низ талош хоҳад кард, то ба гуфтаи ӯ, “ба насли ояндаи тоҷикон барои расидан ба иқтидори пурраи худ мусоидат намоям. Бесаброна интизори онам, ки дар моҳҳо ва солҳои наздик бо Шумо вохӯрам.”

Элизабет Миллард дар мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиоттро иваз кард. Ӯ аз соли 2013 то замони сафири Амрико дар Душанбе шуданаш ба ҳайси муовини котиби иҷроияи Вазорати корҳои хориҷии Амрико кор кардааст. Ӯ дар гузашта, тайи солҳои 2011-2013, муовини раҳбари намояндагии сафорати Амрико дар Остона, пойтахти Қазоқистон, буд.

Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон қаблан дар сафоратҳову консулгариҳои Амрико дар Марокаш, Непал ва Ҳиндустон ҳам кор кардааст. Аммо таҷрибаи дипломатии ӯ аз кор дар Ҷумҳурии Чех ва Дания оғоз мегирад. Элизабет Миллард унвони баклаврро аз Мактаби иқтисодии Лондон ва унвони магистрро аз Мактаби пажӯҳишҳои байналмилалии Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG