Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: Ҷудоиталабони Украинаро Русия пулу тонку тир медиҳад


Баталйони "Восток"-и ҷудоиталабон
Баталйони "Восток"-и ҷудоиталабон

Амрико бо нашри як маълумотнома Русияро ба таъмини ҷудоиталабони шарқи Украина бо силоҳҳои ҷангӣ, аз ҷумла бо тонкҳову ПЗРК айбдор кард. Киев низ мегӯяд, рӯзи 14 июл ҳавопаймояшро на ҷудоиталабон, балки аз қаламрави Русия суқут додаанд.

Амрико Русияро айбдор кард, ки ҷудоиталабони рӯ ба Маскавро дар шарқи Украина бо таҷҳизоту таслиҳоти низомӣ, аз ҷумла бо тонкҳо таъмин мекунад. Дар маълумотномае ки вазорати хориҷаи Амрико рӯзи 14 июл нашр кард, гуфта мешавад, ки Вошингтон “далелҳое дар даст надорад, каи қатъ шудани кумаки Русия ба ҷудоиталабонро нишон диҳад.” Бино бар ин санад, “дар амал, мо ба ин натиҷа расидаем, ки Русия таъмини онҳо бо силоҳҳои сақил, таҷҳизоти дигари низомӣ ва таъмини молиро идома медиҳад ва ҳамчунон ба ҷангиён иҷозат медиҳад, ки озодона вориди Украина шаванд.”

Маълумотномаи вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, Маскав васоили низомӣ, бо шумули тонкҳоеро, ки дигар дар артиши Русия истифода намешаванд, дар як пойгоҳ дар ҷанубушарқи Русия ҷамъ меорад: “Мо нигаронем, ки бахши аъзами ин васоил барои ҷудоиталабон интиқол хоҳад ёфт, чунки мо мутмаинем, ки Русия алакай аз ин пойгоҳ ба онҳо тонкҳо ва васоили мушакандоз додааст.”

Паймони низомии НАТО мегӯяд, Русия шумораи сарбозонаш дар марз бо Украинаро низ аз 1000 нафари қаблӣ то ба 10 ило 12 000 нафар расондааст. Як мақоми НАТО гуфт, афзоиши шумори нирӯҳо “қадаме аз роҳи дуруст нест”, балки “ақиб рафтан аз роҳи оддӣ сохтани вазъ аст.”

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко рӯзи 14 июл дар Киев бо раҳбарони ниҳодҳои амниятии кишвараш ҷаласаи фавқулоддае барпо кард. Баъди ин нишаст Порошенко гуфт, “маълумот дар боари ширкати афсарони Русия дар амалиётҳои низомӣ алайҳи нирӯҳои Украина тасдиқ шуд.” Порошенко ҳамчунин гуфт, нирӯҳои Украинаро лозим аст, то бо тағйири шеваи фаъолият ба тақвияти ҳимояти марзҳо ва дифоъ аз сокинони манотиқи наздимарзӣ тамаркуз кунанд.

Ҳавопаймои суқуткардаи АН-26-и Украина
Ҳавопаймои суқуткардаи АН-26-и Украина

Вазири дифои Украина Валерий Ҳелетей гуфт, ҳавопаймои низомии боркаши АН-26-и Украинаро рӯзи 14 июл “шояд” бо мушаке, ки аз қаламрави Русия шиллик шудааст, суқут додаанд. Ҳелетей гуфт, ин ҳавопаймо дар баландии 6500 метр парвоз мекард ва барои силоҳҳое, ки ҷудоиталабони тарафдори Русия дар ихтиёр доранд, дастнорас буд.

Мақомоти Украина мегӯянд, бархе аз сарнишинҳои ин ҳавопаймо, ки бино ба хабарҳо, ҷамъан 8 нафар буданд, баъди суқути ҳавопаймо ҷон ба саломат бурда ва алакай бо мақомоти низомии Украина тамос гирифтаанд. Мақомоти Украина иддаои ҷудоиталабонро, ки масъулияти суқут додани ин ҳавопаймои боркашро бар ӯҳда гирифтанд, рад мекунанд ва мегӯянд, зарба ба ҳавопаймо зоҳиран аз он сӯи марз сурат гирифтааст.

Шумори қурбониҳои ин сониҳа маълум нест, ҳарчанд хабаргузории Франс Пресс дар бораи ҷасадҳои сӯхта дар маҳалли суқути як ҳавопаймои низомие, ки бовар меравад, ҳамон АН-26 бошад, хабар медиҳад. Сухангӯи ҷудоиталабон гуфт, ки онҳо чанде аз сарнишинҳои зиндамондаи ин ҳавопайморо таслим карда, мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Ҷудоиталабон дар як посгоҳ дар марзи Украина бо Русия
Ҷудоиталабон дар як посгоҳ дар марзи Украина бо Русия

Дар ҳамин ҳол, Русия гуфт, ба нозирони САҲА иҷозат хоҳад дод, то ду гузаргоҳаш дар марз бо Украинаро назорат кунанд. Андрей Келин, фиристодаи Русия дар САҲА ин эълонро дар қароргоҳи марказии ин созмон дар Вена кардааст.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 14 июл дар як нома хостааст, то нозирони САҲА аз шаҳрҳои марзии Русия, ки аз ҷангҳо дар Украина осеб дидаанд, боздид кунанд. Лавров дар сӯҳбат бо Дидйе Бурхалтер, раисиҷумҳури Швейтсария, ки раёсати давраии САҲА-ро бар дӯш дорад, ба азсаргирии музокирот роҷеъ ба оташбас дар Украина даъват кард.

Раисиҷумҳур Петро Порошенко аз 20 июн барои 10 рӯз дар вилоятҳои ошӯбзадаи шарқи Украина оташбаси якҷониба эълон карда буд. Вале ин оташбас баъди он ки аз халъи силоҳ ва баргардондани посгоҳҳои марзии ғасбшуда даст кашиданд, дигар тамдид нашуд.

Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер шоми 14 июл дар пайи сӯҳбат телефонии вазирони хориҷаи 4 кишвар – Олмон, Фаронса, Украина ва Русия – гуфт, тамоми ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ бар сари таҳияи шурути як оташбаси дуҷонибаи собит тавофуқ карданд. Ӯ афзуд, Русия такроран тааҳҳуд супурд, ки аз нуфузашбар чирикиҳо истифода бурда, ҳамчунин розӣ шудааст, то намояндагони сафорати Украина дар Маскав аз халабони боздоштшудаи украинӣ Надежда Савченко аёдат кунанд. Киев дар боздоштгоҳи Воронеж пайдо шудани Савченкоро як далели дигари иртиботи наздики байни ҷудоиталабон ва мақомоти вижаи Русия меномад, чунки ин халабон қаблан дар асорати ҷудоиталабон қарор дошт. Русия мегӯяд, Савченко ба даст доштан дар қатли хабарнигорони телевизиони ОРТ айбдор мешавад.

Франк-Валтер Штейнмейер гуфт, ҳайати САҲА ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин барои назорати муассиртари “фаъолиятҳои назоратӣ дар марз” ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангиёну силоҳ ба Украина омодагӣ мегирад.

Ҳамзамон вазорати дифои Украина рӯзи 14 июл аз ҷабҳаҳои ҷанг дар вилоятҳои ошӯбзадаи Донетску Луҳанск хабар дод, ки нирӯҳои Украина чанд русто дар атрофи Луҳанск, бо шумули Металлист, Олександривск, Биле ва Розкишнийро ба даст оварда, хатти муҳосираи фурудгоҳи Луҳанскро низ рахна кардаву ба онҷо “коридор” кушодаанд.

Вазъи Украина моҳи феврал, баъди суқути ҳукумати раисиҷумҳури рӯ ба Маскаваш Виктор Янукович рӯ ба вахомат овард. Дар моҳи март Русия, ки ҳокимони наави рӯ ба Ғарби Украинаро қабул накард, бо ирсоли нирӯ вилояти Қрими он кишварро ишғол ва бо баргузории як раъйпурсӣ ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Дар моҳи апрел бо айни талаби таъсиси ҷумҳуриҳои мустақил ва пайвастан ба Русия вилоятҳои умдатан русзабони Луҳанску Донетск ба зидди Киев исён бардоштанд. Аз 4,5 миллион аҳолии Донетск ва 2,2 миллион аҳолии Луҳанск тақрибан нисфашро русзабонҳо ташкил медиҳанд. Мақомоти Украина ва Ғарб Русияро ба пуштибонӣ ва таъмини ҷудоиталабон дар шарқи Украина айбдор мекунанд. Русия инро рад мекунад, вале мегӯяд, аз ҳуқуқи руусзабонҳо дар ҳар куҷое ки ҳастанд, пуштибонӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG