Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷамъияти узбактаборони Хатлон нопадид шудааст


Салим Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбактаборони Хатлон.
Салим Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбактаборони Хатлон.

Бо гузашти се рӯз аз ғайб задани Салим Шамсиддинов - раиси ҷамъияти узбактаборони Хатлон, сарнавишти ӯ маълум нест.

Садриддин Шамсиддинов, бародари ӯ, ба Радиои Озодӣ гуфт, кӯшишҳо барои маълум кардани сарнавишти бародараш то ба ҳол натиҷае надодаанд. Вай афзуд, бародараш соати 6 -у ними субҳи ҷумъа, 15 март барои варзиш аз хона берун омада, то ба ҳол бедарак аст:

«Гӯем, ки ҷиноят содир карда бошад, мо дар рафтораш надидем ва ягон кас боре ҳам ӯро ҷинояткор гуфта, боздошт накардааст. Беҳушу беақл ҳам набуд, ки баромада равад. Аз хонааш ягон ҷо як рӯзу ду рӯз намерафт, агар ягон ҷо ҳам мерафт, янгаам мегӯяд, ки албатта, огоҳ мекард, ки мемонад, ё меояд. Аммо ҳоло на худаш ҳаст ва на хабараш.»

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон низ ба радиои «Озодӣ» таъйид кард, ки писари Салим Шамсиддинов ба ин идора аз бедарак шудани падараш хабар додааст.

Салим Шамсиддинови 58 - сола ҳуқуқшинос ва дар гузашта муфаттиши милиса будааст. Аз соли 2004 раиси Ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон ва ҳамзамон муовини раиси ин ҷамъият дар ҷумҳурӣ буд. Моҳи майи соли 2012 аз сӯи афроди номаълум дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ба қавли худаш, мавриди латукӯби «супоришӣ» қарор гирифт ва ҳамзамон аз вазифаи муовини раиси Ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон барканор шуд.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲУСДТ.
Раҳматилло Зоиров, раиси ҲУСДТ.
Дар бораи ғайб задани Салим Шамсиддинов қабл аз ҳама Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсил – демократ ва раиси Консорсиуми юридикии Тоҷикистон хабар дод. Зоиров изҳор дошт, ки ҳодиса «ангезаи сиёсӣ» дорад. Мавсуф дар номае ба унвонии омбудсмен ва вузарои амнияти дохилаи Тоҷикистон навиштааст, ки Салим Шамсиддиновро барои ҳамкориҳояш бо Консорсиуми юридикии Тоҷикистон дар гузашта ҳам мавриди фишор қарор медоданд.

Оқои Зоиров дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ӯ дар ҷаласаҳои Кумитаи эътилоф барои ворид кардани тағйиру иловаҳои ба қонуни интихоботи президентии Тоҷикистон ҳам ширкат мекард. Фишорҳо бахусус пас аз сӯҳбати онлайнии ман дар моҳи феврал ва пешбарии ман ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз ҷониби Ҷунбиши Миллӣ бештар шуданд.»

Як нафари шинос бо Салим Шамсиддинов, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ӯ як инсони хеле эҳсосӣ буд, ҳарчанд коре аз дасташ намеомад, ҳамеша мекӯшид мушкилоти узбакҳо дар Тоҷикистонро нисбат ба ақвоми дигар барҷастатар нишон диҳад. Вай гуфт, Шамсиддинов ҷо - ҷое аз ҳукумат интиқод мекард ва таблиғ дошт, ки узбактаборони Тоҷикистон аз номзадии Раҳматулло Зойиров пуштибонӣ кунанд.

Рамзияи Мирзобекова, рӯзноманигори тоҷик.
Рамзияи Мирзобекова, рӯзноманигори тоҷик.
Рамзия Мирзобекова, хабарнигори «Азия – плюс», ки ду ҳафтаи қабл бо Салим Шамсиддинов ҳамсӯҳбат шудааст, мегӯяд, ӯ ба нашрия як бастаи мавод дар бораи нақзи ҳуқуқҳои узбакҳо дар Хатлонро пешниҳод карда буд: «Боз дар бораи дигар мушкилот сӯҳбат карду ба ман протоколи ҷаласаи ҷамъияти «Дӯстлик» - и вилояти Хатлонро дод. Ӯ аз ман хост, ки як мавод омода кунам ва бо ӯ боз як маротибаи дигар сӯҳбат кунам. Як ҳафта пеш як бор занг зад ва дигар занг назад.»

То лаҳзаҳои охирини омода шудани ин гузориш аз мақомоти Тоҷикистон ва ҳам Ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон касе ҳозир нашуд, ки дар робита ба қазияи омада бар сари Салим Шамсиддинов изҳори назар кунад. Раёсати Ҷамъияти узбакҳо моҳи майи соли гузашта, дар пайи латукӯби ӯ эълон карда буд, ки Шамсиддинов дигар на муовини раиси ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон аст ва на раиси ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон. Аммо Шамсиддинов дар посух ба ин гуфта буд, ки ӯро танҳо аъзои ҷамъият дар Хатлон метавонанд барканор кунанд, на раёсате ки дар Душанбе нишастааст.
XS
SM
MD
LG