Пайвандҳои дастрасӣ

Ожонси мубориза бо фасод мегӯяд, устоди коллеҷи омӯзгории Хуҷанд Ҷаннат Усмоноваро бо гумони порагирӣ бозпурсӣ карда буданд.

Мақомоти Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд рӯзи 1 июл ба Озодӣ гуфтанд, ин мудири 64-солаи кафедраи забон ва адабиёти руси коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 250 доллар барои дохил кардани фарзанди як сокини Хуҷанд ба ин мактаб дастгир шуда буд.




Дилшод Зарипов, сардори шуъбаи пешгирии коррупсия дар Ожонси мазкур дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора чунин гуфт:«Ҷаннат Усмонова рӯзи 25 уми июн бо аломатҳои сӯиқасди гирифтани пора, зимни аз як шаҳрванд гирифтани 250 доллар барои дохил кардани фарзандаш ба коллеҷи омузгорӣ дастгир карда шуда буд. Аз ҷониби Ожонс нисбат ба гумонбар парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 319, қисми 1 боз гардида, номбурда дар ҳамон рӯзи боздошт баъд аз худиқрор шудан ва гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ ба шарти берун нарафтан аз маҳали зист озод карда шуд. Нисбат ба номбурда ягон хел зӯроварӣ ё дигар амали ғайриқонунӣ ба кор бурда нашудааст. Мо хабари худро дар рӯди Сир андохта нобуд кардани вайро аз хабари расмии мақомоти корҳои дохилӣ фаҳмидем.»

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамакнун парванда алайҳи Ҷаннат Усмонова ба далели марги гумонбар қатъ шудааст.

Муаллима Усмонова, ба гуфтаи пайвандонаш, баъд аз ду бозпурсӣ, ки рӯзҳои 25 ва 26 июн аз ҷониби мақомоти Ожонси мазкур доир шуданд, шоми панҷшанбеи 27 июн аз хона берун рафта, бедарак шуд. Ҷасади Усмоноваро танҳо рӯзи 29 июн дар канори дарёи Сир, дар минтақаи Спитамен пайдо ва рӯзи 30 июн дафн кардаанд. Рӯзи душанбеи 1-уми июл, ки ба фотеҳаи муаллима Усмонова ба манзилаш, воқеъ дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд рафтем, фарзанд ва пайвандонаш гуфтанд, ки дар марги хонум Усмонова аз касе домангир нестанд ва намехоҳанд ин мавзуъ расонаӣ шавад. Ба гуфтаи онҳо, баъд аз боздошт хонум Усмонова ғамгину гирифтор буд, аммо аз ҷузъиёти парвандааш онҳоро огоҳ накардааст.

Ҷаннат Усмонова

Ҷаннат Усмонова

Бино ба хабари Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар ҷасади ин устоди забону адабиёти рус ягонаи нишонаи марги зӯроварона ошкор карда нашудааст ва бовар меравад, худро дар дарё андохта, худкушӣ кардааст. Масъулони Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯянд, онҳо вазифаи худро дар чаҳорчӯби қонун адо карда, худро дар марги Ҷаннат Усмонова гунаҳкор намеҳисобанд.

Як манбаъи наздик ба тафтиши парвандаи Ҷаннат Усмонова дар ин Ожонс қаблан ба Озодӣ гуфт, "азбаски муаллима хеле пушаймон шуда, илтимос карда, ки ӯро ба ҳабс нагиранд, зеро солҳои зиёд кор кардаасту байни мардум шарманда мешавад, муфаттишон ӯро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист, дар озодӣ гузоштанд."

Ба гуфтаи ҳамкасбонаш, Ҷаннат Усмоноваи 64-сола ҳудуди 44 соли умрашро сарфи кори ин коллеҷи омузгорӣ намуда, ба ҳайси як омӯзгори заҳматдӯст шинохта шуда буд. Мусаллама Қаҳҳорова, омӯзгори коллеҷи мазкур мегӯяд:
«Он кас як шахси беозор ва хеле заҳматписанд буданд. Ба ягон кас сахту зор намерасиданд. Шояд, боздошт шуданашон ба руҳу ҷони он кас сахт фишорҳои равонию рӯҳонӣ расонд, ки бо чунин роҳ тарки дунё карданд.»

Ба гуфтаи мусоҳибам, хонум Усмонова соҳиби 3 писар буда онҳоро ҳамроҳи шавҳараш калону хонадор ва соҳиби касбу кор намудааст. Ӯ рӯзҳои охири умраш ҳамроҳи пайвандон ба арӯсии набераи калониаш омодагӣ медид ва дар ин рӯзҳо дастгир шуданаш бо иттиҳоми ришвахорӣ, ба вай зарбаи муҳлики равонӣ зад. Ин нахустин мавриди дар пайи бозпурсии мақомоти Ожонси зиддифасод даст ба ҷони худ задани як гумонбар шумурда мешавад.

Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон дар соли 2007 ба хотири муборизаи муассиртар бо фасод, ки як мушкили умдаи ин кишвари пасошӯравӣ ба ҳисоб меравад, таъсис ёфт. Бино ба омори расмӣ, тайи панҷуним соли фаъолияташ ин ниҳод дар вилояти Суғд 1800 ҷинояти марбут ба фасодро ошкор ва 127 миллион сомониро ба хазинаи давлат баргардондааст. Аммо мунтақидон мегӯянд, ин ниҳод тайи ин ҳама муддат асосан бо таъқиби кормандони зинаҳои поёнии муассисаву ниҳодҳо иктифо карда, ба мавридҳои фасод дар раддаҳои болоии давлат даст намезанад.

Баландтарин мақоме, ки Ожонси мубориза бо фасод то кунун боздошт кардааст, Зайд Саидов – вазири собиқи саноати Тоҷикистон аст. Вале тарафдорони Саидов мегӯянд, сели парвандаҳо алайҳи ӯ дар пайи эълони азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав боз шуда, оҳанги сирф сиёсӣ доранд.

Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ дар шумули фасодзадатарин кишварҳои дунё меояд. Дар гузориши ахири созмони Transparency International Тоҷикистон дар миёни 176 кишвари дунё дар ҷои 157-ум қарор гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG