Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба гузориши солонаи омбудсмени Тоҷикистон ё ваколатдори ҳуқуқи инсон, дар соли 2014 дар зиндонҳои кишвар 80 маҳбус ҷон додаанд. Иллати марги 25 маҳбус бемории сил будааст.

Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмен дар Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 80 зиндонии тоҷик дар шифохона ва муассисаҳои муолиҷавии тобеи вазорати адлия вафот кардаанд. 25 нафари ин зиндониён аз бемории сил ва бақия, ба гуфтаи дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон, аз бемориҳои дарунӣ фавтидаанд.

Ба қавли мақомоти расмии Тоҷикистон, то охири соли 2014 дар зиндонҳои кишвар бештар аз 746 нафар гирифторони бемории вируси норасоии масунияти бадан ва сил адои ҳукм мекарданд. Маълумот дар бораи ҳалокати зиндониёни бемор дар Тоҷикистонро мақомоти сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия аксаран пинҳон медоранд, вале имсол ин омор дар маърӯзаи солонаи ваколатдори ҳуқуқи инсон дарҷ шудааст.

Дар ин маърӯза, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр карданд, омадааст, ҳарчанд соли 2014 барои беҳтар кардани ҳолати зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳӣ чораҳо андешида шудааст, аммо вазъи нигаҳдошти зиндониён беҳбудӣ металабад ва ҳукумат бояд “барои беҳтар намудани шароити нигаҳдорӣ дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ” маблағгузориро зиёдтар кунад."

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Гузашта аз ин ба гуфтаи ваколатдори ҳуқуқи инсон, дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳатто нерӯи барқ хомӯш мешавад, ки барои таъмини амнияти муассисаҳои ислоҳӣ хатар эҷод мекунад.

Соли 2014 намояндагони дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон, вазъи 5 муассиса, аз ҷумла боздоштгоҳи шаҳри Хоруғ, шифохонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Роштқалъа, зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа ва ду муассисаҳои ислоҳии дигарро таҳқиқ кардаанд ва айни санҷиши онҳо нерӯи барқ дар баъзе аз ин муассисаҳо қатъ шудааст.

Дар сӯҳбат раҳбарони ин муассисаҳо гуфтаанд, ки нерӯи барқ зуд-зуд хомӯш мешавад ва “ин барои таъмини амният дар муассисаҳо хатар эҷод мекунад.” Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз мақомоти ҳукуматӣ хостааст, барои таъмини муназзами зиндонҳо бо нерӯи барқ чораҳои заруриро биандешанд.

Таври маълум, дар Тоҷикистон аз моҳи сентябр то моҳи март ва ё апрел ба бисёре аз ноҳияҳо дар як шабонарӯз аз 6 то 8 соат нерӯи барқ медиҳанд ва халос, ҳарчанд ҳукумат мегӯяд, ки нерӯи барқи шифохонаҳову муассисаҳои муҳим ба мисли зиндонҳо қатъ карда намешавад.

Мушкили дигари зиндонҳо, ки ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зикр кардааст, рӯзҳои дароз бекор будани зиндониён аст.

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар маърӯзаи ваколатдор омадааст, яке аз роҳҳои асосии ислоҳи маҳкумшудагон ҷалби онҳо ба кор аст, вале соли 2014 аз миёни ҳазорон зиндонӣ танҳо 2100 нафари онҳо ба кори бомузд ҷалб шудаанд.

Шикоят аз вазъи зиндонҳои Тоҷикистон зиёд аст ва чанде пеш гурӯҳе аз зиндониёни афғон, ки асосан барои қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон маҳкум шудаанд, ба Радиои Озодӣ занг зада ва вазъи риққатбори худ шикоят карданд.

Яке аз онҳо гуфт, ки дар миёнашон беморони равонӣ ва касоне ҳастанд, ки ҳатто сухан гуфта наметавонанд: “Ҳолате, ки мо зиндониён дорем, парвардигор ба касе нишон надиҳад. Кош монанди ҳамон касоне, ки мо дар телевизион дидем, сӯзонида шавем, ба ҳамон розӣ ҳастем, на ба ин зиндон. Бемор ҳастем, инҷо ҳатто як дору бароямон пайдо намешавад."

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Салиби Сурх борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ба ин созмон иҷоза бидиҳад, вазъи зиндонҳоро таҳқиқ кунад, ки то куҷо ба ҳуқуқи зиндониён эҳтиром мегузоранд ва шароити нигаҳдориашон чӣ гуна аст. Аммо бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрор ҳукумат ин дархостро рад кардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъи зиндонҳои кишвар назар ба солҳои гузашта ва бо афзоиши маблағгузорӣ беҳтар шудааст, вале айни замон ба гуфтаи онҳо зиндон «ҷойи истироҳат нест.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG