Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар як назархоҳӣ ба кишварҳои ““Роҳи Абрешим”” ҷорӣ кардани визаи ягона ба хотири ҷалби сайёҳони бештар пешниҳод шудааст. Мақомот ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон аз ин истиқбол мекунанд.

Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, як идораи вобастаи СММ, дар ҳафтаи гузашта дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Берлин гузориши вижаеро бо номи “Тамоюлҳои риштаи ҷаҳонгарӣ дар масири “Роҳи Абрешим””-ро муаррифӣ кардааст. Ин созмон барои таҳияи ин гузориш дар байни 10 678 сайёҳ назархоҳие анҷом додааст ва дар ин назархоҳӣ 41 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки дар сурати вуҷуди имкони дарёфти визаи ягона ба ҳамаи кишварҳои масири “Роҳи Абрешим” ё ба истилоҳи дигар, “Шенгени осиёӣ”, майли онҳо барои саёҳат ба ин кишварҳо бештар мешуд.

Аз ин назархоҳӣ ҳамчунин маълум мешавад, ки 80 дарсади сайёҳон дар бораи масири “Роҳи Абрешим” маълумоти кофӣ доранд ва медонанд, ки он аз тариқи кишварҳое, чун Чин, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Озарбойҷону Туркия мегузарад ва ба Аврупо меравад.

Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ аз соли 1993 барномаи фарогиреро дар заминаи эҳё ва рушди масири сайёҳии “Роҳи Абрешим” пеш мебарад. Дар ин барнома 35 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон шомиланд. Ҳайъати 22-нафарии Тоҷикистон, иборат аз намояндагони мақомот ва ширкатҳои сайёҳӣ дар Намоишгоҳи сайёҳии Берлин ду гӯшаи алоҳида бо номҳои “Тоҷикистон” ва “Кӯҳҳои Тоҷикистон”-ро ба намоиш гузошт ва ҳамчунин дар ду гӯшаи дигари муштараки ““Роҳи Абрешим”” ҳамроҳ бо кишварҳои дигари ин масир ширкат кард.

Маликшоҳ Неъматов

Маликшоҳ Неъматов

Маликшоҳ Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Олмон, рӯзи 16 март дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистон аз пешниҳоди ҳарчӣ содатар кардани тартиби сафари сайёҳон ҷонибдорӣ мекунад ва аз тарафи худ, иқдомҳое ба ин манзур анҷом ҳам додааст: “Барои як брендро сохтан ва дар гирди он як доираи мардумро ҷалб кардан шояд даҳсолаҳо камӣ кунад. Вале “Роҳи Абрешим” як бренди эътирофшуда аст, ки ҷаҳон онро хуб медонад. Узви ин доира будан ва аз ин ном истифода бурдан барои мо хеле муҳим аст. Ва 2 сол пеш дар ҷаласаи вазирони кишварҳои узви барномаи “Роҳи Абрешим” Тоҷикистон тартиби содаи дарёфти раводидашро пешниҳод кард ва имрӯз сайёҳон аз беш аз 80 кишвари дунё метавонанд раводиди Тоҷикистонро бо сарфи ҳамагӣ чанд дақиқа мустақиман дар фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд ба даст биоранд.”

Маликшоҳ Неъматов гуфт, содда шудани дарёфти раводиди Тоҷикистон ба рушди бесобиқаи риштаи ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон мусоидат кард ва як далели ин танҳо дар як сол ду маротиба афзудан ва ба тақрибан 420 ҳазор расидани шумори сайёҳонест, ки дар тӯли соли 2015 аз ин кишвари Осиёи Марказӣ дидан кардаанд.

Аммо аксари муштоқони тамошои “Роҳи Абрешим” танҳо бо тамошои як кишвар иктифо намекунанд ва якбора аз чанд кишвари ҳошияи ин роҳи таърихӣ боздид кунанд. Як мониаи умда дар ин роҳ ҳамин мушкилоти раводид аст, зеро сайёҳ маҷбур мешавад, барои виза ба чанд кишвар ва он ҳам кишварҳои низоми раводидашон хеле мухталиф муроҷиат кунад ва фурсати зиёдеро барои “қоғазбозӣ” зоеъ намояд.

Дар посух ба ин суол, ки оё имкон дорад, ки ягон рӯз барои ҳамаи кишварҳои воқеъ дар “Роҳи Абрешим” визаи ягона ҷорӣ шавад?, Маликшоҳ Неъматов гуфт: “Ин, албатта, як нияти неки Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷаҳони сайёҳӣ аст, ки барои ҷаҳонгардон ҳама дарҳо боз бошад, мушкилот барояшон эҷод нашавад ва сайёҳ кишварҳои дилхоҳашро дида тавонад. Эҷоди ҳатто як мониаи хурдтарин метавонад нақшаи кашидаи сайёҳро барбод диҳад. Зарурат ба визаи ягона вуҷуд дорад, аммо ин як раванди тӯлонист. Имрӯз ҳар кишвар бо назардошти ҳам нозукиҳои сиёсиву фарҳангиву иҷтимоияш ҳар гуна тартибҳо ҷорӣ мекунад, муҳим ин аст, ки раванди додани раводид ҳадалимкон сода шавад.”

Аз пешниҳоди ҷорӣ кардани визаи ягона барои ҷалби сайёҳони бештар ба кишварҳои “Роҳи Абрешим” намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон низ пуштибонӣ мекунанд. Бахусус дар ин шабурӯз, ки афзоиши нигарониҳои амниятӣ аз самти Афғонистон боиси як андоза кунд шудани сафарҳои сайёҳони хориҷӣ ба кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла ба Тоҷикистон шудааст.

Рашид Зарифбеков, раҳбари “Шабакаи саёҳатҳои экологии Помир” рӯзи 16 март ба Озодӣ гуфт, чунин иқдом бидуни ягон шак сели хоҳишмандони сафар ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Тоҷикистонро хоҳад афзуд: “Бубинед, як одам мехоҳад тайи сафараш якбора аз чанд кишвар дидан кунад. Вале чанд рӯзаш аз ин сафорат ба он сафорат сарф мешавад ва бисёри сайёҳон дилсард шуда, аз сафар ба минтақаи мо дасту дил мешӯянд. Агар сайёҳ донад, ки ба осонӣ, аз якҷо визаи ҳамаи кишварҳои дилхоҳашро ба даст меорад, шавқаш ба сайёҳат бештар мешавад.”

Мушкили дигар, ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, мониаҳои мавҷуди девонсолорӣ дар роҳи анҷоми сафарҳо дар дохили Тоҷикистон аст: “Сайёҳи хориҷӣ бар иловаи раводиди Тоҷикистон бояд боз аз ОВИР барои сафари Бадахшон иҷозатномаи алоҳида бигирад. Агар чунин иҷозатнома нагирад, ӯро алакай дар Шӯрообод аз роҳ бармегардонанд. Бисёрии сайёҳон инро намедонанд ва аз ними роҳ ноумед бармегарданд.”

Кӯҳҳои Бадахшону Зарафшон ду масири умдаи сайёҳии Тоҷикистон ба шумор мераванд ва аксари сайёҳоне, ки барои тамошои ин кишвар меоянд, сайёҳони саргузаштӣ ё экстремалианд, ки бештар на ба сатҳи хидматрасониву роҳати меҳмонхонаҳояш, балки ба тамошои табиати зебои кӯҳҳои сарбафалак ва тарзи зиндагии суннатии мардуми тоҷик ба инҷо меоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG