Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ дар ... саҳни бозор (ВИДЕО)


Додгоҳи иқтисодии пойтахти Тоҷикистон рӯзи 12 июн даъвои маъмурияти бозори "Шоҳмансур" алайҳи як гурӯҳи тоҷирони ин бозорро ба сурати бесобиқа дар саҳни бозор муҳокима кард.

Додгоҳи иқтисодии Душанбе муҳокимаи рӯзи 12-уми июн як даъворо дар ҷои воқеа -- саҳни бозори «Шоҳмансур» баргузор кард, то ба гуфтаи намояндагони он ҳам шароити ин баҳс пеши назар бошад, афроди бештаре изҳори назар кунанд ва шаффофияти мурофиа таъмин гардад.

Муҳокима дар минтақаи ба қавли ҷавобгарон, «муҳосирашуда» ҷараён гирифт. Ҷавобгарон -- иддае аз соҳибкорони бозори «Шоҳмансур» -и шаҳри Душанбе мегӯянд, маъмурияти бозор коргоҳи онҳоро муҳосира кардааст ва ба ин иллат онҳо наметавонанд, моли худро фурӯшанд.

Маъмурияти бозор даъво дорад, ки соҳибмулки ин қитъаи бозор, ки беш аз 20 соҳибкор дорад, як сол боз ҳаққи хадамоти комуналиро надодааст ва аз пардохти қарз саркашӣ мекунад. Додгоҳ тарафайнро як ҳафта мӯҳлат дод, то бо ҳам созиш кунанд.
Бахтиёр Лақаев, директори Бозори «Шоҳмансур»-и Душанбе
Бахтиёр Лақаев, директори Бозори «Шоҳмансур»-и Душанбе
Аммо Бахтиёр Лақаев, директори Бозори «Шоҳмансур»-и Душанбе мегӯяд, ӯ бо ин соҳибмулк созиш карданӣ нест. Ӯ меафзояд, ин соҳибмулк 168 метри мураббаъро дар ихтиёр дорад, ки бояд аз ҳар метри он 10 сомонӣ, дар моҳ 1600 сомонӣ бисупорад. Ин маблағ ба гуфтаи ӯ, ҳаққи посбон, истифодаи нерӯи барқ ва музди кашонидани партовҳост. Ҷаноби Лақаев гуфт, ӯ созиш намекунад ва бигзор дар ин замина додгоҳ ҳалнома содир кунад.

«Баррасиро суд мавқуф гузошт, то мо созиш кунем. Аммо ман ба суд хаттӣ муроҷиат карданӣ ҳастам, ки созиш карданӣ нестам. Ин соҳибкоронро бо фиреб имзояшонро гирифтааст ва намехоҳад, ҳаққи хизмати комуналиро супорад. Мо мехоҳем, ки суд ин масъаларо ҳал кунад, то боз ягон мушкили дигар нашавад. Мо борҳо пеш аз оне, ки ба суд ариза диҳем, гуфтем, ки биё маблағро супор, аммо насупорид. Ҳоло бигзор суд ҳал кунад.»

Аммо соҳибмулки ин қитъа дар дохили Бозори «Шоҳмансур» мегӯяд, даъвои маъмурияти бозор асос надорад.

Баҳриддин Қудратов, соҳибмулки ин қитъаи бозор мегӯяд, онҳо бо шабакаҳои барқӣ шартномаи мустақим доранд ва партобҳоро ҳам худашон мекашонанд. Ӯ мегӯяд, талаби пардохти ҳақи хизмати комуналӣ дар ҳолест, ки бинобар дар муҳосира қарор доштан соҳибкорон онҳо даромаде ба даст намеоранд.

«Худсарона атрови моро маҳкам кардаанд, ки ба ягон қоида дуруст намеояд. Дар пуштамон носфурӯшҳоро ҷой кардаанд ва дар пеш сохтмон давом мекунанд. Касе барои харид ин ҷо ворид намешавад. Ин корашон хилофи қонун аст, аммо касеро парво нест. Бо ин ҳама мо гуфтем, ки ҳазор сомонӣ месупорем, фақат барои созиш, аммо онҳо зиёдтар талаб доранд.»

Нигинамоҳ Мирзоева, тоҷири дигари ин бозор мегӯяд, чанд моҳи ахире, ки дар муҳосира қарор доранд, ҳеҷ даромаде накардаанд ва харидорон онҳоро дар иҳотаи деворҳои плостикӣ намебинанд.

«Аз бонк даҳ ҳазор доллар қарздорам. Намедонем, додамонро ба кӣ гӯем. Аз ҳамон ду ноне, ки барои фарзандон бегоҳ ба хона мебурдем, маҳрум шудаем. Ин ҷо касе пеши мо барои харид кардан намеояд.»
Додгоҳ дар саҳни бозори "Шоҳмансур"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00
Линки мустақим

Соҷидамоҳ Набиева, тоҷири дигари ин қитъаи бозори «Шоҳмансур» мегӯяд, ӯ 15 ҳазор сомонӣ аз бонк қарздор аст ва наметавонад, қарзашро бисупорад.

«Бонк маро ба суд додаст, ки қарзро пардохт кун. Аз куҷо? Ин ҷо боз буд ва савдо ҳам хуб буд. Дар ин ҷо ҳатто шамол намедарояд. Гирду атроф килёнка кашида шудаат. Мо дар пеши харидорон вуҷуд надорем. Аз дур равед, бубинед, фикр мекунед, ки ин ҷо касе нест. Хоҳиш кардем, ки каме ҷой мон, ки шамол дарояд, лекин намонданд.»

Дар ҳоле ин соҳибкрон аз муҳосира шудани худ шиква мекунанд, ки раҳбарияти бозор мегӯянд, онҳо дар чаҳорчубаи қонун дар дохили бозор сохтмон ва соҳибкорони дигарро ҷой мекунанд.

Бозори «Шоҳмансур», яке аз бозорҳои қадимии Душанбе буда, ҳоло беш аз 5 ҳазор соҳибкор дорад.
XS
SM
MD
LG