Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости бузургтарин кӯмаки молии СММ барои Сурия


Созмони Милали Муттаҳид хостори кӯмаки шаш миллиарду 500 миллион доллар барои бӯҳрони Сурия шудааст. Маблағе, ки дар таърихи ин созмон бесобиқа будааст.

Ин дархост, ки рӯзи душанбеи 16-уми декабр ироа шуд, барои кӯмак ба миллионҳо шаҳрванди суриягӣ аст, ки тайи 33 моҳи гузашта дар пайи нооромиҳои он кишвар овора шуда ва бисёре аз онҳо аз гуруснагӣ ва набуди эҳтиёҷоти аввалияи зиндагӣ, ранҷ мебаранд.

Кӯмаке, ки СММ барои Сурия дархост кардааст, тақрибан ниме аз маҷмӯи умумии кӯмакҳоест, ки ин созмон барои соли 2014 талаб кардааст. Маҷмӯи умумии маблағҳо дархостӣ барои соли 2014 наздик ба 13 миллиард доллар аст, ки дар сурати фароҳам шудан, барои ёрӣ расонидан ба 52 миллион нафар дар 17 кишвари дунё харҷ хоҳанд шуд.

СММ тахмин мезанад, ки 6 миллиону 300 ҳазор нафар дар Сурия овора шуда бошанд ва пешбинӣ мекунад, ки дар соли 2014 тақрибан 75 дарсад аз 25 миллион ҷамъияти ин кишвар ниёз ба кӯмакҳои байналмилалӣ хоҳанд дошт. Аз маҷмӯи умумии кӯмакҳо, Комиссарияти олии СММ дар умури паноҳандагон, дархости 6 миллиарду 300 миллион доллари онро барои Сурия кардааст.

Як масъули ҳамоҳангии умури изтирории СММ гуфтааст, "маблағи кӯмаки пешбинишуда бузургтарин маблағе аст, ки дар таърихи ин созмон барои фароҳам кардани он аз ҷаҳон дархост шудааст."

Маблағе, ки барои Сурия дархост шудааст, қарор аст таҳияи маводи хӯрокӣ, оби ошомиданӣ, хаймаҳо ва ашёи лозим барои зиндагии оворагон, умури беҳдоштӣ, омӯзишӣ ва ваксин задани кӯдаконро дар бигирад, бузургтарин кӯмаке аст, ки танҳо барои як кишвар дархост карда мешавад.

Бӯҳрони дувуним солаи Сурия беш аз садҳо ҳазор кушта ва миллионҳо овора ба ҷой гузоштааст. Талошҳои байналмилалӣ барои поён додан ба ҷанги дохилии Сурия ҳанӯз ба ҷое нарасидааст, вале қарор аст, ки конфронси сулҳ бо номи "Женева -1" моҳи оянда дар Шведсария баргузор шавад. СММ мегӯяд, аз миёне касоне, ки дар ҷанги дохилӣ паноҳанда шудаанд, беш аз ду миллион нафар ба кишварҳои ҳамсоя гурехтаанд ва боқимонда дар дохили Сурия овора ҳастанд.
XS
SM
MD
LG