Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши номаҳои беимзо дар деҳоти марзии Қирғизистон


13 феврал дар Қирғизистон хабаре пахш шуд, ки афроди номаълум дар байни сокинони деҳоти марзии қаламрави Қирғизистон шаби 12 ба 13 феврал номаҳои беном пахш кардаанд ва ҳадафи ин номаҳо таҳрик ва ноором кардани вазъ дар манотиқи марзии Қирғизистону Тоҷикистон аст.

Розия Осорова-раиси Шӯрои деҳоти марзии Куктоши вилояти Бодканд ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки чунин номаҳо тақрибанн 10-15 рӯз пеш низ партофта шуда буданд ва бори дуввуи ин номаҳо шаби 12 ба 13 феврал пахш шуд: “Мо дафъаи аввал ин номаҳоро ба нируҳои марзбонӣ ва шӯъбаи корҳои дохилӣ супурдем. Шаби 12 феврал боз нома партофтанд”.

Ҷурабой Абдураҳимов-раҳбари дафтати матбуотии вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон низ дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" ин хабарро таъйид кард ва афзуд чунин номаҳоро шахсони номаълум ба хонаҳои мардуми қирғизтабор партофтаанд ва ин номаҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ иншо шудаанд: “Ба хонаҳои сокинони қирғизтабор нома партофтаанд. Ин номаҳо чандон босаводона навишта нашудаанд. Дақиқ хонда намешавад. Вале дар номаҳо асосан ба ҳамдигарфаҳмӣ даъват кардаанд, бояд навиштаҳоро дақиқ кард”.

Аммо хабаргузории "Интерфакс"-и Русия ин номаҳоро таҳрикомез арзёбӣ кардааст ва гуфтааст, ки муаллифони номаълум ё беноми ин номаҳо бо чунин кор мехоҳанд дар миёни сокинони аҳолии марзӣ нифоқ андозанд. Оқои Абдураҳимов мегӯяд, дар ин номаҳо асосан аз Тоқон Мамитов-муовини нахуствазири Қирғизистон интиқод шудааст:

“Онҳо мегӯянд, баъд аз он, ки роҷеъ ба масъалаҳои марзӣ муовини нахуствазири мо Мамитов корро шуруъ кард, ҷониби Тоҷикистон аз фаъолияти вай розӣ нест. Ман намедонам, чаро матбуот ин номаҳоро таҳрикомез арзёбӣ кардааст. Асосан дар номаҳо ба ҳамдигарфаҳмӣ даъват кардаанд, вале аз муовини нахуствазири мо ёдовар шудаанд. Дар номаҳо гуфта мешавад, ки тоҷикон ва қирғизҳо асрҳои аср бо ҳам дӯстона зиндагӣ кардаанд ва биёед ҳамин гуна дӯстона зиндагиро давом диҳем. Вале бо омадани шахсоне мисли Мамитов, вазъият бадтар шудааст. Талош кардаанд, ки дар ин номаҳо фаъолияти муовини нахуствазири моро сиёҳ кунанд”.

Аммо як манбаъ дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ки нахост аз вай ном бурда шавад, изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон аз ин гуна номаҳо хабар надорад, бо вуҷуди ин ки гаҳ-гоҳе ин гуна хабарҳо аз ҷониби мақомоти сатҳи маҳаллии Қирғизистон садо медиҳанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷониби Тоҷикистон ҳамеша кӯшидааст, ки дар марзи миёни ду кишвар ва дар байни аҳолии марзии ҳар ду тараф ба таҳрикоти баъзе нируҳо роҳ надиҳад.

Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, бо вуҷуди пахши чунин номаҳо вазъ дар манотиқи марзии миёни ду кишвар ором аст ва ҳар ду ҷониб барои барқарории тамосҳои дуҷониба корро идома медиҳанд.

Қарор буд, 13 феврал рӯзи панҷшанбе ҳайати музокираи Тоҷикистон ба сарпарастии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардонов ва раҳбари гурӯҳи корӣ Шералӣ Хайруллоев ба Бишкек сафар ва бо ҷониби Қирғизистон натиҷаҳои кори се кумиссиюни кориро баррасӣ кунад.

Вале ҷониби Тоҷикистон сафари худро ба рӯзи имрӯз, ҷумъаи 14 феврал мавқуф гузошт. Интизор меравад, ки дар музокироти 14 феврал ҷониби Тоҷикистон дар Бишкек барои баррасӣ дар баробари масъалаҳои дигари марзӣ масъалаи аз анклав берун овардани Ворухи Исфараро матраҳ кунад.
XS
SM
MD
LG