Пайвандҳои дастрасӣ

Сардабири сомонаи Uznews.net мегӯяд, афроди номаълум ба почтаи электронии вай роҳ ёфтаанд.

Галима Бухарбаева - сардабири сомонаи Uznews.net мегӯяд, афроди номаълум ба почтаи электронии вай роҳ ёфтаанд ва ҳоло ба чопи баъзе номаҳои вай дар сомонаҳои интернетӣ шуруъ кардаанд. Ҳоло вай барои ошкор кардани рамзшиканҳо ва тартиби роҳ ёфтани онҳо ба мукотибаҳои хусусӣ коршиносонро ба ҳамкорӣ даъват кардааст.

Галима Бухарбаева ҳоло дар Олмон ба сар мебарад ва дар он ҷо сомонаи Uznews.net-ро роҳандозӣ кардааст, ки хонандагони зиёд дорад. Вай дар соли 2005 баъд аз навиштани чанд мақола роҷеъ ба нооромиҳои моҳи майи Андиҷон, ки нирӯҳои ҳукуматӣ дар майдон ба сӯи мардуми бесилоҳ тирандозӣ карданд, аз Узбакистон фирор кард ва инак 9 сол боз дар хориҷ ба сар мебарад.

Вай дар яке аз навиштаҳояш Узбакистонро ба ду қисми рамзӣ ҷудо кардааст: “Қисме ки ғорат мекунад ва қисме ки ғорат мешавад. Қисме ки азият медиҳад ва қисме ки азият мешавад.”

Рӯзи 11 ноябр дар мусоҳибаи ихтисосие аз Галима Бухарбаева нахуст пурсидам, ки худаш чунин корро аз нуқтаи назари қонун чӣ тарз арзёбӣ мекунад ва кадом номаҳоро ба чоп расондаанд?

Бухарбаева: Ин ҷиноят аст, зеро иттилоъоте, ки имрӯз чоп мекунанд, махфист ва бахши дигараш хусусӣ аст ва барои доираи васеи хонандагон дар назар гирифта нашудааст. Бо чунин кор ман эҳсос мекунам, ки дар муборизаи тӯлонӣ бо Хадамоти Амнияти Миллии Узбакистон ман қурбонӣ шудаам. Возеҳ аст, ки дар ин мубориза русҳо ҳам ба кӯмаки онҳо омадаанд.

Озодӣ: Номаҳое, ки ба онҳо рамзшиканҳо ё дуздони интернетӣ дастрасӣ пайдо кардаанд, кадом давраро дар бар мегирад?

Бухарбаева: Мо ҳоло мебинем, ки он 3-4 соли ахир аз соли 2011 то 2014-ро дар бар мегирад. Масъала ин аст, ки ҳоло онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд ва ба эҳтимоли зиёд ин кор давом мекунад ва маводи бештар чоп мешавад.

Озодӣ: Ба назаратон онҳо кистанд ва бо ин кор чӣ мехоҳанд?

Бухарбаева: Иттилоъоте, ки ба онҳо дастрас шудааст ва дар сомонаҳо чоп мекунанд ва ба он ҳар гуна дурӯғу касифиҳоро илова мекунанд. Ҳадафи онҳо сиёҳ кардан, илова кардани ҳар гуна дурӯғи дилхоҳу тӯҳмат бофтан аст.

Озодӣ: Сарнавишти сомонаи шумо, ки эътибори зиёд дорад, чӣ хоҳад шуд, оё шумо фаъолияти онро идома медиҳед?

Сомонаи Uznews.net

Сомонаи Uznews.net

Бухарбаева: Ман зуд-зуд ҳадафи маъракаҳои касиф қарор мегирам. Ин маъракаҳо махсусан, солҳои ахир бештар шудааст. Масъала ин аст, ки ин мавод ба ононе дахл дорад, ки дар Узбакистон бо ман ҳамкорӣ кардаанд ё ҳамкорӣ мекунанд. Ҳоло ҳаёти ин афрод зери хатар меравад. Оное, ки ин маводро чоп мекунанд, бояд дарк кунанд, ки амнияти ин одамон ба виҷдони онҳо вогузор мешавад. Бо назардошти ин мушкил мо фикр кардем, ки яке аз чораҳо қатъи фаъолияти ин сомона аст.

Озодӣ: Дар гузашта ҳатто мақолае чоп карданд, ки гӯё шумо бо Гулнора Каримова-духтари Ислом Каримов манфиатҳои муштараки молӣ доред?

Бухарбаева: Медонед, ба сабаби он ки ҳамаи маълумот ё мукотибаҳои ман дар дасти онҳо ҳаст ва ба “оила” ҳам тааллуқ” дорад, кормандони амният метавонанд бовар кунанд, ки мо бо ягон фаъолияти коррупсионӣ машғул нестем. Агар онҳо ҳамаи мукотибаҳоро хонанд, мебинанд, ки дар он ҷо сухане дар бораи пул вуҷуд надорад. Вале иттиҳомоте, ки дар бораи мақолаи ман роҷеъ ба Гулнора Каримова чоп карданд, тӯҳмат ва шубҳабарангез аст, ки гӯё ман аз вай пул гирифтаам. Вале баъд ҳеҷ далел пайдо накарданд ва ин маърака ноком шуд. Мо мехоҳем ин корро ба додгоҳ кашонем ва онҳоеро пайдо кунем, ки чунин номаҳоро чоп мекунанд. Онҳо бояд муҷозот шаванд.

XS
SM
MD
LG