Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хунрезӣ дар Узбакистон”. Руҷӯъе дубора ба ошӯби Андиҷон


Шаҳри Андиҷон. Моҳи майи соли 2005.
Шаҳри Андиҷон. Моҳи майи соли 2005.

“Хунрезӣ дар Узбакистон” филми мустанадест аст, ки таваҷҷӯҳи ҳамаро дигарбора ба рӯйдодҳои хунини 13 майи соли 2005-уми Андиҷон бармегардонад.

Саркӯбии тазоҳуроти Андиҷон дунёро таккон дод, вале баъди чанде мулоҳизоти сиёсиву аҳамияти Узбакистон дар мадди аввал омад ва Андиҷон бо тамоми куштаҳояш батадриҷ ба боди фаромӯшӣ рафт.

Филме бидуни “ҳеппӣ энд”

7 соли наворгирӣ, қариб 1000 мусоҳиба, боздошту шиканҷа ва ҳатто қатли бархе аз афроде, ки бо Михаэл Андерсен, хабарнигори даниягӣ дар бораи ошӯби Андиҷон сӯҳбат кардаанд... Ҳосили ин ҳама “Хунрезӣ дар Узбакистон” – як филми мустанади 80-дақиқаист, ки нусхаи англисиаш барои нашр омода шудааст.

Михаэл Андерсен, ки ҳамчун хабарнигор 3 сол дар Узбакистон ҳам кор кардааст, аз ангуштшумор нафаронест, ки тамоми ин 7 соли гузашта қазияи Андиҷонро пайгирӣ мекард. Ӯ мегӯяд, филмаш мисли филмҳои Ҳолливуд аст, ки дар тӯли 80 дақиқа тамошобинро дар ҳоли пурҳаяҷон нигоҳ хоҳад дошт, вале ба фарқ аз Ҳолливуд “Хунрезӣ дар Узбакистон” фарҷоми хуш, яъне “ҳеппӣ энд” надорад, балки достонест хеле ғамангез: “Мо сӯҳбатҳои то ҳол дар ҷое нашрнашуда дорем бо шоҳидоне, ки то кунун ягон бор дар мазҳари омм дар ин мавзӯъ сӯҳбат намекарданд. Бо тамошои филми мо шумо як достони баду мудҳишро хоҳед дид.”

Дар Андиҷон чанд нафар кушта шуд?

Дар моҳи майи соли 2005 мардум дар Андиҷон бо талаби раҳоии 23 тоҷири маҳаллӣ ба раҳбарии Акрам Юлдошев ба хиёбон рехтанд. Шаби 12--уми май афроди ношинос ба як шӯъбаи милиса дар шаҳр ҳамла бурданд, ки баҳонаи ворид кардани нирӯ ба Андиҷон ва саркӯбии эътирозгарон шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқ шумори қурбониёни Андиҷонро то 1000 нафар, вале мақомот ҳамагӣ 187 тан баршумурдаанд. Дар Тошканд то ҳол пой мефишорад, ки онҳо ҳама “террористҳо”-е буданд, ки қасди барандохтани давлат ва сохтани хилофати исломиро дар сар доштанд.






Михаэл Андерсен, коргардони филми “Хунрезӣ дар Узбакистон” аммо мегӯяд, аснодеро ба онҳо нишон додаанд, ки иддаои ҷониби давлати Ислом Каримовро ба таври мустақим ботил мекунад: “Баъзе аз он шоҳидон санадҳоро аз Узбакистон берун бурдаанд. Мо нусхаи санадҳо аз мурдахонаро дорем, ки афсонаи Каримов дар бораи “кушта шудани 187 нафар ва террорист будани ҳамаи онҳо”-ро як ҳарфи хеле ва хеле дурӯғ нишон медиҳад.”

Ҳамин тавр, дар ин филм хабарнигори узбак Галима Бухорбоева аз чархболҳое қисса мекунад, ки дар он рӯзи шуми 13 майи соли 2005 болои кӯчаҳои Андиҷон хеле паст парвоз карда, тазоҳургарону раҳгузаронро сари тир мекарданд. Матлуба Азаматова қиссаи бародарашро мекунад, ки як рӯз баъд аз мусоҳибаи ӯ бо Радиои Озодӣ кушта шуд.

Ғарб ва Тошканд: Аз қаҳр то оштӣ

Даҳшати хунрезии Андиҷон 7 сол пеш чунон буд, ки Ғарб ҳатто таҳқиқи байналмилалиашро талаб кард. Тошканд ин тақозоро напазируфт, ҳадафи таҳримот қарор гирифт, аз Ғарб рӯ гардонд ва худро ба домани Маскаву Пекин зад. Аммо фақат барои як муддати кӯтоҳ.

Михаэл Андерсен рӯйдодҳои Андиҷон ва муомилоти Ғарб бо Каримовро ба як романи адабӣ ташбеҳ мекунад: “Вақте мо 7 сол пеш ба сохтани ин филм шурӯъ кардем, хунрезиии Андиҷон тоза рух дода буд. Ҳам филм ва ҳам рукуд дар равобити Ғарб бо Каримов аз ҳаминҷо оғоз мегирад. Давоми филм қиссаи замонест, ки Каримовро ба гунае дар кунҷ рост карданд. Вале баъдан Ғарб дарк кард, ки ӯ барои дастрасӣ ба Афғонистон лозим аст.”

Михаэл Андерсен акнун дар пайи пайдо кардани маблағ барои тарҷумаи филмаш ба забонҳои русиву узбекист ва мехоҳад, “Хунрезӣ дар Узбакистон”-ро дар Youtube ва сомонаҳои дигар низ нашр кунад, то мардуми ҳарчӣ бештар, аз ҷумла дар худи Узбакистон, аз ҳақиқати он рӯзҳо огоҳ шаванд. Андерсен мегӯяд, “Ҳар кадоми мо бояд ба худ ин суолро диҳем, ки: Мо бо кием? Дар тарафи мардум ё диктатор? 10 соли ҳамкории Ғарб бо режими Каримов маззаи талхеро дар комҳо боқӣ гузоштааст, ки бӯи шармандагӣ мекунад.”
XS
SM
MD
LG