Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемории монанд ба вабо дар Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон


Шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон.
Шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон.

Дар охири ҳафтаи гузашта гирифтории шумораи зиёди сокинони вилояти Бадахшони Афғонистон ба бемории номаълум, ки нишонаҳои он ба бемории вабо шабоҳат дошт, мақомоти беҳдоштии ин кишварро нигарон сохт.

Дар ин муддат ҳудуди 1500 нафар ба ин беморӣ гирифтор ва 25 нафари онҳо ба таври фаврӣ бистарӣ шуданд. Як нафари онҳо даргузашт. Ин чӣ беморист ва оё мақомоти Афғонистон аз густариши ин беморӣ дар шимоли кишвари худ пешгирӣ кардаанд?

Вазорати сиҳати омма ё тандурустии Афғонистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ вокуниши сареъ нишон додааст ва дар муддати кӯтоҳ тавонистааст, ки онро муҳор кунад. Бино ба маълумоти вазорати сиҳати омма, дар яке аз вулусволиҳои вилояти Бадахшон наздик ба марзи Тоҷикистон, тақрибан 1 500 нафар дучори қайд ё истифроқ ва шикамравӣ шудаанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00
Линки мустақим


Нахустин шикоятҳои гирифторони ин беморӣ рӯзи панҷшанбе аз сокинони вулусволии Дароими ин вилоят ба мақомоти вазорат расонда шудааст. Дар ин бора доктор Абдулло Фаҳим, мушовири вазорати сиҳати оммаи Афғонистон ба радиои Озодӣ гуфт: “Дар зарфи чанд рӯз бештар аз ҳазор нафар ба ин беморӣ мубтало шуданд. Беморӣ он қадр шадид будааст, ки маҷбур шудаанд 25 нафарро ба Файзобод интиқол диҳанд ва дар шифохонаи марказии вилоят бистарӣ кунанд. Аз ин 25 нафар, муттаассифона, як хонум ҷони худро аз даст додааст”.

Баъд аз ин пешомад гурӯҳи коршиносону пизишкон аз вазорати тандурустии Афғонистон ба маҳал фиристода шуд ва ин гурӯҳ дар маҳал барои ташхиси ин беморӣ намунаҳо гирифтааст. Гурӯҳи мазкур то ҳол дар маҳал ба муоинаи аҳолӣ машғул аст. Намунаҳое, ки ин гурӯҳ барои ташхис гирифт, ба Кобул фиристода шудааст ва дар марказ барои пешгирӣ аз ин беморӣ тадобири зарурӣ андешида мешавад.

Мушовири вазорати тандурустии Афғонистон мегӯяд, бими он мерафт, ки дар минтақа бемории вабо ё холера пайдо шудааст. Вале коршиносони вазорат нишонаҳои ваборо ошкор накардаанд.

Коршиносон гуфтаанд, ки дар ин минтақа ду навъ аз ин бемориҳо мушоҳида мешавад, ки ба бемории вабо монанд аст. Дар ҳар ду маврид ҳам гирифторон ба шикамравӣ дучор мешаванд. Яке бо номи исҳол ё дарунравии маъмулӣ ва дигарӣ печиш ном дорад. Бемории ин сокинони вулусволии дароями вилояти Бадахшон бештар ба аломатҳои печишро бо худ дорад.

Оқои Фаҳим меафзояд: “Хушбахтона ҳеҷ мавриди бемории куларо ё холера тасвиб нашудааст. Ин беморӣ дар шакли бемориҳои мавсимӣ пайдо мешавад ва аз олуда будани оби ошомиданӣ ё аз ғизо ба вуҷуд меояд. Дар Бадахшон ошкор карданд, ки ин беморӣ аз оби ошомиданӣ пайдо шудааст. Ҳатто марокизи Афғонистон манобеи маҳфузи обӣ надорад ва дар маҳаллоту вилоятҳо оби ошомиданӣ ба соддагӣ олуда мешавад”.

Дар чунин ҳолат ва бо назардошти таъмини аҳолии Афғонистон бо оби ошомиданӣ дар минтақаҳои мухталиф ин имкон вуҷуд дорад, ки мисли Бадахшон дар нуқоти дигари ин кишвар низ сокинон ба бемории печиш гирифтор шаванд. Барои ҳамин вазорати тандурустии Афғонистон дастуруламале содир кардааст, ки дар ҳамаи манотиқи кишвар сокинон дар фасли гармо ғизои кӯҳнашуда истеъмол накунанд ва оби сиҳати ошомиданиро барои таҳияи ғизо ва ошомидан истифода кунанд. Дар манотиқи ҳаммарзи Тоҷикистон бо шимоли Афғонистон нишонаҳои ин беморӣ мушоҳида нашудаанд.
XS
SM
MD
LG