Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти яманӣ: Гуфтушунид барои озодии табиби тоҷик идома дорад


Эътирози табибон дар Яман барои раҳоии Гулрухсор Рофиева. Акс аз хабаргузориҳои Яман.
Эътирози табибон дар Яман барои раҳоии Гулрухсор Рофиева. Акс аз хабаргузориҳои Яман.

Муовини волии вилояти Маъриби Яман изҳори умедворӣ кардааст, ки табиби тоҷик Гулрухсор Рофиева ба зудӣ раҳо хоҳад шуд.

Рӯзи 3-юми ноябр, ба дунболи коршикании пизишкони бемористони Маъриб ноиби волии ин вилоят бо онҳо мулоқот кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки табиби рабудашудаи тоҷик Гулрухсор Рофиева ба зудӣ озод хоҳад гашт. Вай афзуд, табиби тоҷик дар миёни занони яке аз қабилаҳост, вазъаш мӯътадил аст, бо ӯ муомилаи хуб сурат мегирад ва гуфтушунид барои раҳоии ӯ идома дорад. Аммо ин намоянди ҳукумати Яман дар бораи талаби одамрабоён иттилоъ надодааст. Дар ин байн коршикании пизишкон ва парасторони бемористони ҳарбии Маъриб ҳамоно идома дорад.

Яке аз ҳамкорони Гулрухсор, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, мегӯяд, дар мулоқоти ноиби волии вилояти Маъриб бо кормандони бемористони ҳарбӣ ҳамчунин мақомоти баландпояии амниятӣ ва интизомии ин вилоят ширкат доштанд ва гуфтаанд, рабуда шудани табиби тоҷик кори дасти яке аз қабилаҳои маҳаллӣ буда, ба Ал-Қоида ё дигар дастаҳои террористӣ рабт надорад.

Манучеҳр Абдуев, намояндаи ширкати “Здравэкспорт”-и Русия, рӯзи 3-юми ноябр ба Радиои “Озодӣ” гуфт, сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба ҳукумати Яман муроҷиат карда, хостааст, барои озодии табиби тоҷик тамоми талошҳо анҷом дода шаванд. Ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Қатар, Ардашер Қодирӣ, ки чанд сол дар Яман кор карда, бо мақомоти он робитаи хуб дорад, низ бо дархости имдод ба ин мақомот муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи Манучеҳр, табибони хориҷӣ дар Яиман асосан барои дарёфти гаравпулӣ ё озодии маҳбусе аз зиндон рабуда мешаванд ва ҳоло мақомоти Яман бо истифода аз шайхҳои қабоил талош доранд, Гулрухсор Рофиеваро аз асорат озод кунанд.

Аммо мақомоти амниятии Яман ҳанӯз рӯзи шанбеи 1 ноябр гуфта буданд, ки макони буду боши табиби рабудашудаи тоҷикро муайян намудаанд ва то чанд соати дигар ӯро раҳо хоҳанд кард.

Гулрухсор Рофиева
Гулрухсор Рофиева

Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯз 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне рабуда шуд, ки нақлиёти бемористонро, ки он рӯз андаке таъхир кардааст, интизор нашуда, пиёда сӯи коргоҳаш равон шуд ва нопадид гашт.

Шоҳрух Рофиев, бародари ҳамшираи шафқати дар Яман рабудашуда Гулрухсор Рофиева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хоҳараш бояд моҳи ноябр ба Тоҷикистон бармегашт. Вай дар як тамоси телефонӣ рӯзи 28 октябр -- як рӯз қабл аз рабуда шудан, ба наздиконаш ин хабари хушро расонида, гуфтааст рӯзи 13 ноябр чиптаи бозгашт дорад.

Ин бори аввал нест, ки як шаҳрванди хориҷӣ ба гаравгон гирифта мешавад. Тайи ду соли ахир мавориди рабуда шудани як табиби ӯзбак, ҳамчунин шаҳрвандони Бритониё, Олмон, Булғористон, Лаҳистон низ иттифоқ афтода буд. Бно ба ахбори расонаҳо, одамрабоён ҳатто мехостанд сафири Олмон дар ин кишварро соли гузашта рабоянд. Соли 2011 табиби тоҷик - Ҳомид Овчибоев 43 рӯз дар дасти одамрабоён буд. Дар ивази раҳоии Ҳомидҷон Овчибоев аз давлати Яман барои қурбониёни як ҳамлаи хунини ҳавоии ду соли пеш, ки болои он қабила шуда буд, 200 миллион доллар талаб доштанд. Вале дертар талаби онҳо коҳиш ёфт ва пизишки тоҷикро дар ивази як маблағи камтар ва ҳам раҳоии чанд нафар аз маҳбас раҳо карданд.

Яман як кишвари воқеъ дар нимҷазираи Арабистон аст, ки дар чанд соли охир дучори беназмиҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоист. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки аз соли 1990 бар Яман бо панҷаҳои оҳанинаш раҳбарӣ мекард, баъди 22 соли раёсат дар соли 2012 таҳти фишори эътирозҳову ошӯбҳо маҷбур шуд, истеъфо диҳад. Аммо бо ин вуҷуд ихтилофот дар ин кишвари фарқрзада то ҳол идома дошта, ҳар сари чанд вақт ба низоъҳои мусаллаҳона ҳам мепечанд. Нирӯҳои артиши Яман таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳои низомии Амрико алайҳи ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида, ки чандин минтақаро дар ин кишвар забт кардаанд, низ меҷанганд.

Аз Тоҷикистон асосан табибону парасторон барои кор ба Яман мераванд. Омори дақиқе дар бораи шумораи табибони тоҷик дар Яман мавҷуд нест, вале ба тахмини Манучеҳр Абдуев, айни ҳол дар ин кишвар аз ҳисоби ходимони тиб дар маҷмӯъ 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебарад. Дар ду бемористони Маъриб 6 пизишки тоҷик кор мекунанд. Онҳо якҷо бо мақомоти яманӣ аксҳои табиби рабудашударо дар саросари шаҳр овехта, аз тариқи телевизиони маҳаллӣ ба одамрабоён муроҷиат кардаанд ва гуфтаанд, Гулрухсор бо табобати одамон машғул буда, барои кӯмак ба кишвари онҳо омадааст.

XS
SM
MD
LG