Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ба муҳоҷирони рондашуда кӯмак мекунад (ВИДЕО)


Виорел Гутсу, раҳбари дафтари Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон.
Виорел Гутсу, раҳбари дафтари Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон.

Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон тарҳи наверо рӯи даст гирифтааст, ки қарор аст хонаводаҳои тоҷикро аз вобастагӣ аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон раҳо кунад.

Виорел Гутсу, роҳбари дафтари Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон рӯзи 22-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барномаи нави таҳиякардаи онҳо ҳадаф дорад пулҳои интиқолии муҳоҷирони кориро ба гардиш дарорад.

Раҳбари дафтари Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ афзуд, ки “даромади аксарияти хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби пули муҳоҷирони корӣ аст. Аммо ин пулҳо аксаран харҷ мешаванд, аммо барои оила даромади иловагӣ намеоранд. Мо мехоҳем ин вазъиятро тағйир бидиҳем ва ин пулҳоро ба рушди кишоварзӣ равона кунем.”

Виорел Гутсу: Пули муҳоҷирон ба тиҷорат равад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:11 0:00

Гутсу афзуд, тибқи ин тарҳи нав, ҳар оилаи муҳоҷире, ки ягон лоиҳаи хурди кишварзиро пешниҳод мекунаду вале барои амалисозии он сарамояи кофӣ надорад, аз ҳисоби ин лоиҳа метавонад як миқдор кӯмаки бебозгашт ва ё грант дарёфт кунад.

Ба таъкиди ҷаноби Гутсу, маблағи грантҳо то ба 5 ҳазор доллар мерасанд, аммо шарти асосии додани кӯмак, ин пешниҳоди лоиҳаи воқеӣ ва сармоягузории нисфи хароҷоти тарҳ аз сӯи худи хонаводаҳо мебошад.

Сармоягузори ин тарҳ Русия будааст ва барои иҷрои он дар се кишвари Осиёи Миёна 6 миллион доллар ихтисос додааст. Ҷаноби Гутсу афзуд, ҳоло корҳои омодагӣ барои амалишавии ин тарҳ идома доранд ва қарор аст аз авоили соли 2017 иҷрои ин тарҳ шурӯъ шавад.

То оғози бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия, муҳоҷирони тоҷик аз он кишвар ба Тоҷикистон солона ҳудуди 4 миллиар доллар пул ирсол мекарданд. Аммо тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирон дар соли 2015 ҳамагӣ 1 миллиард ва 200 миллион сомониро ташкил додааст.

Бонки ҷаҳонӣ ҳудуди се моҳ қабл эълон карда буд, ки даромади хонаводаҳои тоҷик танҳо дар 3 моҳи аввали соли 2016 27 дарсад коҳиш ёфта, ҳоло 46 фоизи хонаводаҳо дар Тоҷикистон барои хариди хӯрокворӣ пули кофӣ надоранд. Коҳиши даромади хонаводаҳоро Бонки ҷаҳонӣ аслан ба кам шудани ҳаҷми пулҳои интиқолӣ аз хориҷ рабт дода буд.

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, рушди қавии иқтисод дар Тоҷикистон дар солҳои охир имкон дода буд, ки мизони фақр дар ин кишвар аз 37,4 дарсади соли 2012 то ба ҳадди 31,6 дарсад дар охири соли 2014 пойин биояд. Вале вазъи кунунӣ, яъне таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ, бино ба арзёбии ин ниҳоди байналмилалӣ, метавонад пеши роҳи ин пешрафтҳоро бигирад.

XS
SM
MD
LG