Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз 100 доллар то 5 000 доллар кумак ба муҳоҷирони тоҷик


Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Тоҷикистон тарҳи навро рӯи даст гирифтааст, ки қарор аст оилаҳои тоҷикро аз вобастагии пули муҳоҷирон то ҳадде раҳо кунад. Бар асоси ин тарҳ, дар сурати пешниҳоди ягон идеяи тиҷорат ва ё кори деҳқонӣ ба муҳоҷирон ва хонаводаи онҳо аз 100 доллар то 5 000 доллар ва аз он бештар кумак карда хоҳад шуд.

Дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ, Виорел Гутсу - роҳбари Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон ибтидо дар бораи ҷузъиёни ин тарҳ гуфт:

Виорел Гутсу: "Мо ба масъалаи муҳоҷират аз дигар нуқтаи назар ворид шудем. Мо медонем, ки маблағҳои ҳангуфте аз сӯи муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон фиристода мешавад ва бахши аъзами аҳолӣ аз ҳисоби онҳо зиндагӣ мекунад. Ман шахсан таҷрибаеро паси сар кардаам, ки ҳадафаш равона сохтани пулҳои интиқоли муҳоҷирони корӣ ба бизнес буд, аз ҷумла ба соҳибкории кишоварзӣ. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем аз ин вижагии Тоҷикистон истифода кунем ва сармояҳое, ки муҳоҷирон дар шакли интиқолҳои пулӣ мефиристанд, ба бахши бизнес равона кунем. Чун мо Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзӣ ҳастем, албатта, талош мекунем ин маблағҳо ба соҳаи кишоварзӣ равона шаванд. Ман борҳо

"Агар лоиҳаи пешниҳодшуда хуб аст, мо баробари сармояи доштаи муҳоҷирон ё хонаводаашон ба онҳо кумак мекунем. Аз 100 доллар сар карда, то 5 000 доллар ва ҳатто бештар аз он."

гуфтаам ва боз мегӯям, ки кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз зарфияти ниҳоят бузург бархӯрдор аст ва сармоягузорӣ ба ин соҳа ба таври қобили мулоҳиза метавонад некӯаҳволии оилаҳои тоҷикро беҳтар кунад. Мо як низоми пешниҳоди кӯмакҳои бебозгашт ва ё грантро бо усули “як ба як” пешниҳод дорем. Шарт нест, ки ин грантҳоро танҳо муҳоҷирон бигиранд, инҳо метавонад оилаҳои дар Тоҷикистон мондаи муҳоҷирон бошанд. Дар Тоҷикистон мо таҷрибаҳои зиёди рушди соҳибкори хурди кишоварзиро ба мисли занбӯрпарварӣ, чорводориро дорем, ки ба сармояи зиёд эҳтиёҷ надоранд. Аммо барои рушди чунин соҳибкорӣ як навъ ҳавасмандӣ зарур аст. Лоиҳаи мо ҳамин гуна навҳаи ҳавасмандгардонии оилаҳо барои сармоягузорӣ хоҳад буд. Ин бисёр муҳим аст, чунки метавонад оилаҳоро аз вобастагӣ аз кумакҳои иҷтимоии давлат раҳо карда, сатҳи некуаҳволии ин оилаҳоро беҳтар кунад."

Озодӣ: Дар асл ин лоиҳа чигуна амалӣ мешавад? Фарз кардем, Аҳмад ва ё Раҳмат бо як лоиҳае назди Шумо меояд ва мегӯяд, як сомонӣ дорад ва созмони Шумо барои тарҳи ӯ боз як сомонии дигар медиҳад?

Виорел Гутсу: ​"Бале дуруст қайд кардед. Асли тарҳ чунин аст, ки муҳоҷир ва ё оилаи ӯ бо як идеяе назди мо меояд. Бо кумаки мо дар асоси идеяи ӯ як лоиҳаи бизнес таҳия мешавад, то маълум гардад, ки то куҷо ҳамин идеяи ӯ хуб аст ё на? Агар лоиҳаи пешниҳодшуда хуб аст, мо баробари сармояи худи ӯ ба вай кумак мекунем. Аз 100 доллар сар карда, то 5 000 доллар ва ҳатто зиёда аз он. Ин лоиҳаи пилотӣ аст, мо ин системаро дар амал месанҷем. Ин лоиҳа аз сӯи Русия сарпарастӣ мешавад, ки аз чанд тарҳ иборат аст. Вале дастгирии оилаҳои муҳоҷирон аз қисматҳои муҳими ин лоиҳа аст."

Озодӣ: Ин лоиҳа тақрибан чӣ қадар одамро метавонад фаро бигирад?

Виорел Гутсу: ​"Ҳоло ин лоиҳа дар марҳилаи санҷишӣ қарор дорад ва аз 100 то 200 оиларо метавонад фаро гирад. Аммо вақте низоми ироаи чунин кумакҳоро сохтем, албатта, ба шарикҳоямон оид ба рушд муроҷиат мекунем, ки барои идомаи бештари ин лоиҳа ёрӣ кунанд. Таркиби муҳими ин лоиҳа ин давраҳои омӯзишӣ аст. Онҳоеро, ки аз мо кумак мегиранд, мо аз давраҳои омӯзишӣ мегузаронем, ки ҳам ҷанбаи ҳуқуқӣ ва ҳам технологии пешбурди бизнесро фаро мегиранд, то дар ин лоиҳаи мо таҷрибаҳои ноком вуҷуд надошта бошад."

Озодӣ: Шумо дар оғози сӯҳбат гуфтед, шахсан таҷрибаи амалисозии чунин лоиҳаро доред. Ин дар куҷо буд ва натиҷаи лоиҳа чӣ шуд?

Виорел Гутсу

Виорел Гутсу

Виорел Гутсу: ​"То омадан ба Тоҷикистон дар Молдова кор мекардам. Ин тарҳ дар Молдова хеле муваффақ аст, чунки тавре медонед, Молдова низ муҳоҷирони зиёд дорад. Мо талош кардем, ки ин маблағҳоро умдатан аз сӯи хонаводаҳо барои хариди мошину, либос ва дигар ашё масраф мешавад, ба самти сармоягузорӣ равона кунем. Барои ҳамин, велосипедро дубора ихтироъ намекунем, балки бо назардошти он таҷрибае, ки дар Молдова андӯхтаем, ин лоиҳаро дар Тоҷикистон мувофиқ месозем."

Озодӣ: Иҷрои ин тарҳ аз кай шурӯъ хоҳад шуд?

Виорел Гутсу: "​Фикр мекунам, мо то соли нав ба иҷрои амалии тарҳ шурӯъ мекунем. То ин замон мо ҳама бахши аввалияи тарҳ, ташкили як гуруҳи коргарон, самтҳои асосии корро муайян мекунем ва аз оғози соли нав бахши амалии кор оғоз хоҳад ёфт."

Озодӣ: Гуфтед, ки сармоягузори аслии ин тарҳ Русия аст?

Виорел Гутсу: ​"Ин лоиҳа хеле калонтар аз тарҳи кумаки оилаҳои муҳоҷирон аст ва се кишварро дар бар мегирад. Сармояи умумии лоиҳа 6 миллион доллар аст. Ҳоло гуфта наметаонем, ки масалан 1 ва 2 миллион маҳз ба муҳоҷирон сарф мешавад. Аммо баъд аз ду моҳ дақиқ хоҳад шуд, ки чӣ миқдор маблағ ба тарҳи марбут ба муҳоҷирон равона мегардад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG