Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имороти Муттаҳидаи Араб мизбони Ҷоми Осиё-2019 шуд


Ҷоми футболи Осиё дар соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) баргузор хоҳад шуд.

Ҷоми футболи Осиё дар соли2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад. Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), ки рӯзи 9-уми март дар Баҳрайн барпо гардид, гирифта шуд. Барои мизбонии ин мусобиқа, инчунин Эрон муддаӣ буд. Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 барои аввалин бор 24 даста ширкат мекунад.

ИМА соли 1996 мизбони Ҷоми Осиё буд ва дар бозии ниҳоӣ аз Арабистони Саудӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрдааст. Эрон низ солҳои 1968 ва 1976 сабқати ниҳоии Ҷоми Осиёро баргузор карда, дар ҳарду мусобиқа ғолиб омадааст.

Соли 2015 Ҷоми Осиё насиби мунтахаби Австралия гардид, ки ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми конфедератсия-2017 дар Русия мушарраф шудааст. Ёдвар мешавем, дастаи мунтахаби миллии футболи Австралия, ки дар бозии ниҳоӣ рӯзи 31-уми январи соли равон дар шаҳри Сидней бар тими миллии Кореяи Ҷанубӣ дар замони изофӣ бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд, барои аввалин бор бо Ҷоми Осиё сарфароз гашт.

Бояд тазаккур дод, мунтахаби Австралия, ки дар сабқати осиёӣ аз соли 2011 ширкат меварзад ва ҳамон сол дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё аз тими миллии Ҷопон шикаст хӯрда буд, дар таърихи худ барои аввалин бор қаҳрамони Осиё шуд. Дарвоқеъ, мунтахаби Ҷопон, барандаи пештараи Ҷоми Осиё, дар Австралия дар бозии ниманиҳоӣ аз мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ ва изофӣ – 1:1) шикаст хӯрд.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ дар ду мусобиқаи охири Ҷоми Осиё (солҳои 2007 ва 2011) барандаи медалҳои биринҷӣ гардидааст. Аз ин пеш кореягиҳо ду бор (солҳои 1956 ва 1960) Ҷоми Осиёро ба даст оварда, се бор (солҳои 1972, 1980 ва 1988) ба финал баромадаанд.

Дар мусобиқаи имсола Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ дар як гурӯҳ бозӣ карданд ва кореягиҳо бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буданд. Мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), ки дар бозӣ барои ҷойи севум тими миллии Ироқро бо ҳисоби 3-2 шикаст дод, барандаи медалҳои биринҷии Ҷоми Осиё -2015 гардид.

Барои ИМА ин дувумин медал дар таърихаш дар Ҷоми Осиё мебошад. Соли 1996 ИМА дар бозии ниҳоӣ аз Арабистони Саудӣ мағлуб шуда, соҳиби медалҳои нуқра гардида буд. Беҳтарин дастоварди мунтахаби Ироқ пирӯзӣ дар Ҷоми Осиё-2007 мебошад.

XS
SM
MD
LG