Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харидани либоси мактабӣ озод аст ё...?


Норӯшанӣ дар шакл ва навъи либоси ягонаи мактабӣ падару модарон, хонандагон ва зиёдтар аз ҳама фӯрушандаҳоро сардаргум кардааст.

Бархе аз тоҷирони бозори «Корвон»-и Душанбе, ки дар ростои соли нави таҳсил бо маблағҳои зиёд либоси мактабӣ ворид кардаанд, аз он эҳтимоли зарарҳои азими молӣ нигаронанд. Онҳо мегӯянд, ҳар сол дар ин мавсим либоси мактабӣ аллакай серхаридор буд, аммо имсол бозори он сард аст. Яке аз ин тоҷирон бо номи Насим Насимов ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳе пеш ба маблағи 6 ҳазор доллар аз Бишкек либоси мактабӣ овард ва ҳоло, ки то оғози мактаб 15 рӯзи дигар мондааст, ҳамагӣ бо 300 доллар савдо кардааст:

«Солҳои пеш аз 5-6 август аллакай хариди либосҳои мактабиро шурӯъ мекарданд, имрӯз 15 август аллакай қариб савдо нест. Сабабаш ҳам ба фикри ман ҳамин тасмими роҳандозии либоси ягонаи мактабӣ аст. Чанд сол ҳаст дар ҳамин мавзӯъ ягон хулосаи муайян нест, ки гӯянд либоси мактабӣ бояд чунин бошад ва бояд пурра онро мактаб таъмин кунад, то савдогарон ҳам хориҷамъ шаванду чунин либос наоранд. Ман пеш аз сафар бо омӯзгорони чанд мактаб сӯҳбат доштам, гуфтанд, хонандаҳо дар хариди либос озоданд. Соли гузашта ман ба маблағи 4 ҳазор доллар либос овардам ва 3 ҳазор доллар даромад дидам. »

Масъалаи либоси ягонаи мактабӣ дар чанд соли охир дар Тоҷикистон хеле доғ ва ҳамзамон баҳсбарангез шудааст. Имсол ҳам бархе аз волидон ҳоло сари хариди либоси ягонаи мактабӣ ба хулосаи муайян наомадаанд ва ҳайрон мондаанд. Дар аксар мактабҳои шаҳр ва навоҳии кишвар, масъулони макотиб бо ширкатҳои дузандагӣ шартнома баста ба хонандагон бо як нархи муайян, либоси мактабӣ пешниҳод мекунанд. Аммо ғолибан волидону толибилмон аз шакли дӯхту сифати ин либосҳо розӣ нестанд.

Саид - падари 4 фарзанд, мегӯяд, ӯ ҳоло барои фарзандонаш либоси мактабӣ нагирифтааст. Ӯ мегӯяд, дар мактаб гуфтаанд, бояд либоси пешниҳодкардаи онҳоро бихаранд, аммо он либос ба фарзандонаш писанд нест: «Рафтем, дидем, талабаи синфи 7 аст, либосе, ки мактаб барояш медиҳад, маъқул нест. Сифат надорад, духташ асри миёнагӣ аст. Маҷбурем бо 1 моҳ пас либос харем. Пешниҳод ин аст, ки агар мехоҳанд либоси ягона ҷорӣ кунанд, бигузор, аммо босифат ва мувофиқи дили хонандаву волидони онҳо. На қарори вазорати маориф асту на ноҳия, як директории мактаб миёнарав шуда ба хотири 10 -20 сӯм либос омода карда ба кӯдакон мефурӯшад.»

Мусоҳибони мо, волидонаи толибилмон мегӯянд, дар бархе аз мактабҳо фақат ба хотири даромади худ масъулин ин корро ба роҳ мемонанд ва дар мувофиқа бо ширкатҳо ё тоҷирони алоҳида барои тамоми хонандаҳо либос меоранду онро бо нархи гаронтар аз бозор мефурӯшанд. Аммо Файзалӣ Сафаров, раҳбари мактаби рақами 2-и ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, онҳо ба хотири ҷорӣ кардани либоси ягона дар мактаб, ин корро мекунанд. Ин мактаб имсол аз як роҳи дигар кор гирифтааст. Бо ҷалби хонандаҳое, ки ҳунарӣ хайётӣ доранд, онҳо барои духтарон худ либос омода мекардаанд. Аммо барои писарон ба як ширкат фармоиш додаанд.

«Мо 8 духтар ва волидони онҳоро ба ин кор ҷалб кардем, духту матои либосро ассотсиатсияи волидон омада интихоб карданд ва ҳама розӣ аст. Аллакай 90 дарсад корро анҷом додаанд. Нархи мо аз бозор қариб як баробар фарқ мекунад. Либосҳо барои духтарон аз 75 то 80 сомонӣ аст, барои писарон аз 150 сомонӣ болотар.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазорати маорифи Тоҷикистон таъкид мекунад, мудирони мактабҳо ҳақ надоранд, волидонро маҷбур кунанд, то дар корхонаи муайян либос фармоиш диҳанд ё ҳатман маҳсулоти ин ё он корхонаро ба хонандаҳо бифрӯшанд. Абдуҷаббор Алиев, масъули бахши макотиби миёнаи Вазорати маориф мегӯяд, чунин шикоятҳо аз ҷониби волидон ба вазорат ҳам зиёд мерасад:

«Як нафар аз Рӯдакӣ омад, гуфт, 4 фарзанди мактабхон дорад ва наметавонад бо нархе, ки мактаб либос пешниҳод дорад, барои онҳо сару либоси мактабӣ харад, мо ба мактаб муроҷиат кардем, онҳо рад мекунанд. Ин ҷо баъзе мудирон сӯиистифода мекунанд, мехоҳанд бо ин роҳ кор кунанд. Аммо вазорати маориф эълон медорад, ки харидани либоси мактабӣ озод аст. Аз ҳар куҷое, ки хоҳанд гиранд, фақат талабот нигоҳ дошта шавад. Яъне бо куртаи сафеду домани сиёҳ ё кабудча ба мактаб ҳозир шаванд.»

Макотиби Тоҷикистон беш аз 1 миллион мактаббача доранд, ва ғолибан дар пайи чунин тасмимҳои маҷбурӣ бархе аз макотиб ба ҳадаф мерасанд ва хонандагон ба хотири «халос» шудан аз гапу калочаи зиёдатӣ дар мактаб, «дандон ба дандон» мондаву либоси барояш омодашударо мехаранд, аммо баъдан волидонро маҷбур мекунанду ба бозор мебаранд, то либоси табъи дили худро ёбанд

Бинобар ин, бархе аз тоҷирон ҳам аз охири моҳи август ва аввали сентябр умеди зиёд доранд. Ва мегӯянд, мактаббачаҳои аз либоси ягонаи пешниҳодкардаи мактаб норозӣ боз ба назди онҳо бармегарданд.

XS
SM
MD
LG