Пайвандҳои дастрасӣ

Аз ақибмонии зеҳнӣ ва ҷисмонии кӯдакони тоҷик чӣ гуна метавон ҷилавгирӣ кард?

Шифо ном ҷавонзани тоҷик мегӯяд, бинобар бемор буданаш дигар натавонист ба фарзандаш шир диҳад ва ба ин сабаб кӯдакаш се бор ба бемории вазнин гирифтор шуд. Вай хуб мефаҳмад, мебоист, дар давраи ҳомиладорияш ғизои хуб мехӯрд ва саломатии тифлашро ҳифз мекард. Инро ҳам медонад, ки бемориҳои тифли навзод ба рушди ӯ зарба мезананд ва шояд таъсире барои тамоми умр доранд.

Вазъи иҷтимоии хонавода ба Шифо имкон надод, сари вақт ба кӯдакаш ғизои хуб диҳад. Вай мегӯяд пас аз он, ки духтарчааш се бор сахт бемории шуд, хешу табор ёрӣ доданд, ки вазъ каме беҳтар шавад. Аммо ҳанӯз ҳам хӯроки кӯдак на бар пояест, ки тавонад, саломатӣ ва рушди хуби тифлро таъмин кунад. Нархҳо гаронанд, Шифо манбаи даромад надорад ва корҳои шавҳараш дар Русия низ на ҳамеша бобароранд. Ӯ мегӯяд, «вай ҳам аз рафтагияш чанд вақт шуд, ки кораш омад накарда истодааст. Хайр дар муҳоҷирӣ мушкил аст, то вай ҷойи зист меёбаду худро ба қайд мемонад, вақт лозим аст»

Заноне мисли Шифо дар Тоҷикистон зиёданд ва бино бар пажӯҳиши нави Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид қариб 57 дарсади онҳо бо камбуди йод рӯбарӯ буда, 53 дарсади тифлоне, ки онҳо ба дунё меоранд, низ ин бемориро доранд. Бунёди кӯдак ё ЮНИСЕФ якҷо бо Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише таҳти унвони «1000 рӯзи аввали зиндагии кӯдак ба тамоми умри ояндаи вай таъсиргузор аст» мегӯяд, ба иллати камғизоии шадид қадпастӣ миёни кӯдакони то панҷсола 26.2 ва камвазнӣ 12,1 дарсадро ташкил дода, наздик ба 10 дарсади тифлон бо фалаҷи ин ё он узви бадан рӯбарӯянд.

Ин ҳол сабаби ақибмонии зеҳнӣ ва ҷисмонии кӯдакон шуда, тавони омӯзишии онҳоро барои тамоми умр коҳиш медиҳад. Чунин кӯдакон дар оянда қудрати фаъолиятҳои комилро аз даст дода, ба шахси баркамол табдил нахоҳанд ёфт ва нахоҳанд тавонист, пули хуб кор кунанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки танҳо 34 дарсади навзодон аз шири синаи модар баҳраваранд. Ин дар ҳолест, ки Шамсиддин Қурбонов роҳбари Маркази «Насл» ва собиқ директори Пажуҳишгоҳи модару кӯдак мегӯяд, танҳо шири модар омили наҷоти кӯдак аз ҳар гуна бемориҳст: «Дар дасти кӯдакон ҳар намуд брикетҳо ва хӯрокҳои хушке, ки мефурӯшанду номаълум, ки дар куҷо истеҳсол мешаванд, дар таркибашон кадом маводи химиявӣ доранд, дида дар ташвиш мешавам. Зеро пайомадҳои онҳоро мо ҳоло намедонем. Он "ролтон"-ҳое, ки кӯдакон хушк мехӯранд бисёр таъсири бад доранд барои саломатии онҳо».

Дар гузориши ЮНИСЕФ камғизоии модару кӯдак дар Тоҷикистон яке аз масоили умдаи арсаи беҳдоштӣ дониста шудааст. Ин аст, ки ин созмон роҳи ҳаллӣ масъалаи сӯитағзияи кӯдакон дар Тоҷикистонро дар таблиғи шири модар ё ширдиҳии кӯдакон тавассути пистони модар то шашмоҳагии кӯдак арзёбӣ кардааст.

Аммо иддае аз модарони тоҷик мегӯянд, ки бо сабаби камбуди шири пистони худ аз маводи ширӣ низ истифода мебаранд. Шоира Қурбонова, як модари тоҷик гуфт, ки на ҳама вақт ӯ ба тифлаш шири сина дода метавонад: «Дар баробари шири худам, боз шири гов, ки дар хона дорам ба кӯдакам медиҳам. Боз сабзиву картошкаро бирён мекунам ва медиҳам. Чун серғизо хаст ва кӯдакро каввӣ мегардонад. Ҳар гоҳ, ки бозор меравам, барои кӯдакам мева низ мехарам».

Пизишкон бо ин ҳама мегӯянд, ки модаронро лозим аст то панҷмоҳагии тифлашон ба онҳо шири худашонро бидиҳанд ва баъд аз он метавонанд аз хӯрокҳои серғизо истифода баранд. Замир Зокиров, пизишки кӯдакона, дар ин бора мегӯяд: «Дар ҳама ҷо мегӯянд, ки ғизои аз ҳама муҳим барои кӯдак шири модар аст, лекин дар ҳоли нарасидани шири модар ширҳои наздик ба шири модар додан лозим мебошад. Пас аз он дар синнӣ панҷ моҳагии кӯдак метавонанд ба ӯ шарбати мева, пиюре бо сабазвот ва творогу зардии тухм ба кӯдак диҳанд».

Аммо бисёре аз ҳамсӯҳбатони мо бо нукоти асосии пажӯҳиши ЮНИСЕФ ва Бонки Ҷаҳонӣ мувофиқанд, ки танҳо модари солим метавонад кӯдаки солим ба дунё орад ва ӯро шири серғизо диҳад. Ин пажӯҳиш рӯзи чаҳоршанбе муаррифӣ шуд ва вокуниши ҳукумати Тоҷикистон ба он ҳанӯз садо надодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG