Пайвандҳои дастрасӣ

Як гурӯҳи кории идораи кишоварзии Суғд, иборат аз мутахассисону донишмандон ба санҷиши таъсири сардиву бориши барф ба киштзору боғҳои мева оғоз кардааст.

Сардии нобаҳангоми обу ҳаво ва бориши барф дар айёми гулшукуфии дарахтони мевадиҳанда, деҳқонони суғдиро байни биму умед гузоштааст, ки оё гулу ғӯраи дарахтони меваро сармо назада бошад. Фурӯши меваҳои тару хушк як манбаи асосии даромади сокинони минтақа, умдатан дар ноҳияҳои Исфараву Конибодом ва Ашту Ғафуров аст ва сармо задани гулу ғӯра маънои аз чунин даромад маҳрум шудани боғдоронро дорад.

Абдуазиз Маҳмудов, аз масъулони бахши кишоварзии Суғд рӯзи 30-юми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бешубҳа, сардии давомдор ва бориши барф болои гули зардолуву гелос ва шафтолуву себу нок, ба ҳосили онҳо таъсири манфӣ дорад. Вай афзуд: “Аммо умед дорем, ки зиён зиёд набошад. Як комиссияи вижа, иборат аз мутахассисони кишоварзӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодда таъсири хунукӣ ва бориши барф рӯи гулу ғӯра ва кишти баъзе зироатҳоро дар чанд рӯз месанҷанд ва хулосаи худро эълон мекунад.”

Ҷаноби Маҳмудов афзуд, ҳавошиносон деҳқононро пешакӣ аз якбора сард шудани ҳаво огоҳ карда буданд. Ва ба боғдорон пешниҳод карда буданд, ки дар боғҳои дарахтони меваи худ аз хазону поруву дигар чизҳо кӯрдуд кунанд, то қирав (яхча) болои гулу муғча нанишинад. Аммо аз сардии шаби гузашта ях бастани обу гул ин амалро бетаъсир кардааст.

Боғпарварӣ як бахши умдаи кишоварзӣ дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад ва ҳудуди 60 ҳазор замин ба парвариши дарахтони мевадиҳанда, умдатан зардолуву ангур ихтисос ёфтааст. Ҳамасола аз манотиқи шимолии Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор тонна меваи хушк ба Русияву кишварҳои дигар содир мешавад.

Сар аз шоми 29-уми март сардии ҳаво дар шимоли Тоҷикистон дар пайи шамоли сард ба шиддат, то 8 дараҷаи зери сирф поин рафт. Дар Хуҷанду атрофи он, Ғончиву Истаравшан ва Панҷакент ва қисман Ашту Конибодом, аз 5 сантиметр дар маркази вилояти Суғд то ҳудуди 15 сантиметр дар Ғончиву Истаравшан, барф борид. Ба гуфтаи сокинон, обу ҳаво шаби 29-ум ба 30 юми март дар гӯшаву канори Суғд, то 5-8 дараҷа поин рафт. Ҳавошиносон сардии обу ҳаво дар Тоҷикистон, ба хусус қисмати шимолии он дар шабу рӯзи 31- уми мартро пешгӯӣ мекунанд.

Рӯзибой Махсумов, журналист ва деҳқони собиқадор дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт мегӯяд, тибқи мушоҳидааш дарахтони зардолуи навшукуфтаи рӯи ҳавлиашро хунук задааст: “Оби сатил дар ҳавлӣ имшаб ях кардааст. Бародарам ба дидани боғаш дар хоҷагии деҳқонӣ рафта занг зад, ки гули зардолуро сармо зада, сиёҳ кардааст. ”

Деҳқонони суғдӣ мегӯянд, ин гуна сардиву резиши тӯлоии барфу борон рӯи гули зардолу дар 10 - 15 сол як бор рух медиҳад. Пеш агар баҳор барф меборид, зуд ва дар нимрӯзу як рӯз об мешуд. Ин гуна сардии давомдорро, ки имсол мавсими гулшукуфт омад, ёд надоранд.

Абдуқаҳҳор Воҳидов, муовини мудири муассисаи боғи миллии “Ваҳдат” дар канори Хуҷанд мегӯяд: “Ҳарорати ҳаво то 2-3 дараҷа поин равад, ба гулу муғҷа ё ғӯраи дарахтони мева таъсири манфӣ мерасонад. Ҳозир дар Хуҷанду атрофаш зардолу гул партофта, ғӯра кардаааст. Дигар дарахтони мевадиҳанда, мисли себу шафтолую гелосу олу нав гул кард. Ҳозир аниқ гуфтан намешавад, ки сардӣ ба гулу ғӯраи зардолу то чӣ андоза таъсир кард. Ба умедем , ки имшаб ҳаво сардтар нашавад, чунки ҳазор-ҳазор одамон ба умеди ҳосилу даромад бардоштан, дар боғ кор мекунанд.”

Мусоҳибам афзуд, агар картошкаро хунук зада бошад, ҷои сахт хавотирӣ надорад, чун аз нав месабзад ва фақат ҳосилаш дертар мерасад.

Дар ҳамин ҳол масъулони бахши кишоварзӣ мегӯянд, зиёни аз сардиву барфрезии нобаҳангом ба деҳқонон расидаро комиссияи вижа дар чанд рӯзи наздик муайян хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG