Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мудири Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал мегӯяд, аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" "маъракаи золимона ва систематикии” нобуд кардани осору мавзеъҳои бостониро пеш гирифтаанд.

"Ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия онгуна осори бостониро вайрону нобуд мекунанд, ки баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум дида нашудааст."

Ирина Бокова, мудири ЮНЕСКО – Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 21 август бо ибрози ин матлаб гуфт, ки аъзои ин гурӯҳ "маъракаи золимона ва систематикии" нобуд кардани осору мавзеъҳои бостониро пеш гирифтаанд. Чанд соат пештар аз ин баёнияи Бокова, ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" як калисои 1500-сола дар Сурияро бо “булдозер” ба хок яксон карданд.

Чанд рӯз пештар аз он, ифротгароёни исломӣ бостоншиноси маъруфи Сурия Холид ал-Асадро сар буриданд, ки ӯ зиндагиашро ба таҳқиқу муҳофизати шаҳри бостонии Палмираи Сурия бахшида буд. Палмира яке аз маҳаллаҳои қадимтарин ва зеботарини бостонӣ дар тамоми Ховари Миёна ба ҳисоб меравад ва ҳоло дар дасти гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ст. Писари Холид ал-Асад ба рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” гуфтааст, падараш, ки 50 сол раҳбари осорхонаи Палмира буд, чанде пеш 83-сола шуд.

Ирина Бокова

Ирина Бокова

Баъд аз ишғоли тақрибан сеяки қаламрави Сурияву Ироқ дар соли гузашта ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ", масҷиду калисо ва мавзеъҳои таърихии бостониро вайрон карданд ва ба шаҳрҳои қадимии Намруд, Ҳазро, Дуро Урупус осеби зиёд расонданд. Моҳи майи имсол онҳо шаҳри бостонии аҳди романиҳо Палмираро ишғол карданд, ки дар канори шаҳри муосири ҳамномаш ҷойгир шудааст.

Ирина Бокова гуфтааст, "мо баъди Ҷанги ҷаҳонии дувум чунин чизеро дигар надида будем." Раҳбари муассисаи илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки аксҳои тозаи моҳвораӣ аз мавзеъҳои ҳафриёти бостонии зери дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” нишон медиҳад, ки дар ин мавзеъҳо кофтукобҳои ғайриқонунӣ ва ғорати осор бисёр зиёд аст.

Ба қавли ӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои монеъ шудан ба ин тундравони исломӣ кори зиёде карда наметавонад, вале метавонад, аз хариду фурӯши осори бостонӣ пешгирӣ кунад, ки як бахши даромадҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" аст. Ирина Бокова чанд соат баъд аз он дар ин бора сӯҳбат кард, ки аксҳои калисои вайроншудаи Элиани муқаддас дар наздикии шаҳри Қарятайнро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд. Тундравони исломӣ ин шаҳрро аввали моҳи август ишғол карданд.

Яке аз сокинони шаҳр, ки чанде пеш ба Димишқ фирор кардааст, мегӯяд, ки ҷангҷӯён бинои зебои калисоро ба хок яксон карда ва зангӯлаи онро гирифтанд. Ин мард аз тарси осеб надидани хешовандонаш дар Қарятайн номашро ошкор накардааст ва аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки масеҳиён ва мавзеъҳои онҳоро муҳофизат кунад.

Ба гуфтаи фаъолон, баъди ишғоли Қарятайн, ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” 230 сокини шаҳр, аз ҷумла насрониҳоро рабуданд. Баъдан теъдоде аз насрониҳоро озод кардаанд, вале сарнавишти бақия маълум нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG