Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На тило, на кӯрпаву кӯрпача. Арӯсӣ - бо як қуттӣ занбӯри асал


​Агар дар гузашта арӯс ба хонаи домод бо сандуқи молу матоъ ва кӯрпаву болин ё мизу курсию ҷевон меомад, акнун дар чанд деҳаи дурдасти кӯҳистонӣ тақдими қуттиҳои пур аз занбӯри асал ба навхонадорон расм шудааст.

Сокинони ҷамоати деҳоти "Шаҳидон"-и Балҷувон, ноҳияи дурафтода дар вилояти Хатлон, як сол инҷониб духтарони худро ба хонаи хусуру хушдоманашон на ба таҷҳизоти гаронбаҳо ва роҳаткурсиву ороишот, балки бо як ва ё ду қуттӣ занбури асал гусел мекунанд.

Лутфиямоҳ, сокини ҷамоати деҳоти "Шаҳидон"-и ноҳияи Балҷувон, соли гузашта издивоҷ кард, аммо мисли бисёре аз духтарон ба хонаи хусуру хушдоманаш кӯрпаю кӯрпача, асбобҳои рӯзгор ва ороишоту таҷҳизот набурдааст. Волидайнаш ба ӯ танҳо ду қуттии занбӯри асал ҳадя кардаанд, ки ҳар кадомаш 600 сомонӣ арзиш доштааст.

Лутфиямоҳ мегӯяд, дар хонаи хусуру хушдоманаш бо асали ин занбӯрҳо коми худро ширин карда, бо пулаш зиндагиро мечархонанд. “Таҷҳизот хуб аст, аммо дар вақти гуруснагӣ онҳо ба кор намеоянд. Занбӯр даромад меорад. Аз шаҳру ноҳияҳо харидорон зиёд меоянд," -- гуфт ӯ.

Ҷамоати деҳоти "Шаҳидон" аз маркази ноҳияи Балҷувон дуртар воқеъ аст ва роҳи душворгузар дорад. Даромади мардумаш асосан аз ҳисоби кишоварзӣ ва боғдорист.

Шояд як сол пеш Лутфиямоҳ аз аввалин арӯсоне аз ин ҷамоати ноҳияи Балҷувон буд, ки қолабшиканӣ карда, "гапу гапчаҳои" мардумро як сӯ монд ва таҷҳизоти арӯсиро бо қуттии занбӯри асал иваз намуд. Аммо ҳоло дар ин ҷамоат аксари духтарон аз хонаводаи падару модарашон ба манзили нави худ қуттии занбӯри асал мебаранд ва ин қуттии "пурғавғо", аз тӯҳфаҳои арзишманд ба ҳисоб меравад.

Ҷиғагул Азизова, зане аз деҳаи Санги Кулӯлаи ҷамоати деҳоти "Шаҳидон", рӯзҳои наздик бояд духтари 18-солаашро ба шавҳар диҳад. Ӯ мегӯяд, алакай қуттиҳои занбӯрро харидааст ва рӯзи тӯй ба хонаи домодаш мебарад. Саидҷаъфар Муродов, сокини 45-солаи ҷамоати деҳоти "Шаҳидон", низ мегӯяд, ки ӯ чанд моҳи пеш духтари бузургашро ба шавҳар дода, барояш ду қуттӣ ё оилаи занбӯри асал ҳадя додааст. Оқои Муродов гуфт, ки ин тасмими онҳо аз як тараф ба харҷи беҳуда ва қарзи тарафҳо пеш аз тӯйи фарзандонашон хотима мегузорад.

Дар ҳамин ҳол, идораи кишоварзии вилояти Хатлон мегӯяд, дар минтақаи ҷануби кишвар занбӯрпарварӣ дар ҳоли афзоиш аст. Ба қавли Абдулмӯмин Улфатов, раиси ин идора, дар ҳоли ҳозир дар Хатлон 56 ҳазор оилаи занбӯри асал сабт шудааст.

Ҳадяи хоксорона, аммо серҳосили сокинони ҷамоати Шаҳидони ноҳияи Балҷувон дар ҳолест, ки солҳо боз ҳам мардум ва ҳам мақомот аз тӯйҳои пурдабдаба ва харидории ҷиҳози гаронбаҳои махсусан арӯсон нигаронӣ доранд. Ҳарчанд дар пайи чунин нигарониҳо Тоҷикистон қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро тасвиб кардааст, вале ҳанӯз ҳам дар баъзе аз минтақаҳо сокинон на аз рӯи меъёрҳои қонун, балки аз рӯи меъёри "мардум механдад", кор мегиранд.

XS
SM
MD
LG