Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Девонаев аз афзоиши муҳоҷирони ноболиғ


Сафиаллоҳ Девонаев
Сафиаллоҳ Девонаев

Раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, феълан 74 ҳазор ноболиғи тоҷик дар Русия ба корҳои сиёҳ машғуланд.

Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, рӯзи 31 –уми январ, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе аз афзоиши муҳоҷирати ноболиғони тоҷик ба Русия изҳори ташвиш кард. Ӯ гуфт феълан 74 ҳазор наврас ва ҷавонони то 18 солаи тоҷик дар Русия бо кори сиёҳ машғул ҳастанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ноболиғон дар кишвар гуруҳи махсуси корӣ аз ҳисоби ниҳодҳои масъул таъсис ёфта, дар ин самт чораандешӣ дорад.

Латиф Зокиров, раҳбари боздоштгоҳи ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, соли гузашта аз Русия даҳҳо ноболиғи тоҷик бозпас оварда шудааст, ки дар миёни онҳо духтарон низ будаанд:

«Мутаассифона бархе аз волидайн ба хотири дарёфти маблағ наврасонро аз таҳсил дур мекунанд ва бо худ барои мардикорӣ ба Русия мебаранд. Бархеашон умуман бе розигии волдайн ва бо ҳамроҳии яке аз рафиқонашон барои кор рафтаанд. Ҳамчунин ҳодисаҳое низ ҳастанд, ки занҳои тоҷик дар Русия фарзанд таваллуд мекунанд ва аз навзодони худ даст мекашанд.»

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта сафорати Тоҷикистон дар Маскав чаҳор тифли бепарастори тоҷикро ба Душанбе фиристод. Дипломатҳои тоҷик мегӯяд, дар солҳои гузашта мушкиле марбут ба вуҷуди атфоли тоҷик дар ятимхонаҳои Русия набуд, вале бо афзоиши шумори занҳои муҳоҷир дар ин кишвар ҳодисаҳои бесарпаноҳ мондани кӯдакон ҳам пайдо мешаванд. Онҳо мегӯянд, ки баробари пайдо шудани чунин атфол, талош мекунанд онҳоро ба ватан баргардонанд.
XS
SM
MD
LG