Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди гузориши Озодӣ Зӯҳро соҳиб ёфт. ВИДЕО, АКС


Зӯҳро Файзуллоева дар хонаи амакаш Тоҳир Зикриёев
Зӯҳро Файзуллоева дар хонаи амакаш Тоҳир Зикриёев

Дар фосилаи як ҳафта баъди пахши гузориш дар бораи ҳолати риққатбори хонаводаи чӯпоне дар теппаҳои ноҳияи Ҳисор, амаки Зӯҳро Файзуллоева аз Русия ба суроғу кӯмаки ин хонавода шитофт. Ҳоло Зӯҳро Файзуллоева бо шаш фарзандаш дар ноҳияи Бохтар, дар ҳавлии амакаш зиндагии навро шурӯъ кардааст.

Тоҳир Зикриёев, як муҳоҷири корӣ аз ноҳияи Бохтар гузориши видеоии радиои Озодиро аз зиндагии Зӯҳрову фарзандонаш дар Маскав дидааст. Вай мегӯяд, баробари дидани наворҳои видеоӣ, зуд билети ҳавопаймои Душанберо гирифт ва ба Ҳисор омада бародарзодаашро пайдо кард. Тоҳир Зикриёев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки баъди даргузашти падари Зӯҳро ва хонадор шудани ӯ бо Илҳом Файзуллоев, дигар иртиботи онҳо бо ин хонавода қатъ шуд.

Сабина дар хонаи нави амак-бобои худ хушбахт аст
Сабина дар хонаи нави амак-бобои худ хушбахт аст

Хонаводаи Зӯҳро муддате дар Душанбе, баъдан дар вилояти Суғд зиста, ниҳоят дар Ҳисор маскан гирифт. Тоҳир Зикриёев мегӯяд, дидани ҳолати сангини зиндагии Зӯҳрову фарзандонаш баъди солҳои зиёди бехабарӣ, фоҷеаи нопадид шудани ҳамсараш Илҳом, ки, ба бовари ӯ, як марди хубе будааст, ӯро дилреш кард ва ӯ ҳамаро партофта ба Душанбе шитофт. Ҳоло Зӯҳрову фарзандонаш дар хонаи гарми бообу барқ зиндагиро шурӯъ карда, бо раҳнамоии амакаш базудӣ фарзандони мактабхонаш ба таҳсили мактаби маҳаллӣ мераванд.

Зӯҳро, ки ҳанӯз ду ҳафта пеш рӯзиаш бо ҷустуҷӯи зарфҳои пластикӣ дар партовгоҳҳои Ҳисор ба хотири фурӯши баъдии онҳо дар бозори маҳаллӣ сипарӣ мекард, аз таҳаввулоти ҷиддӣ дар зиндагиаш хеле ҳаяҷонзада аст. Зимнан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз ҳам дараки Илҳом Файзуллоевро наёфтаанд ва сабаби нопадидшавии ӯ барои онҳо номаълум боқӣ мемонад.

Баъди гузориши Озодӣ Зӯҳро соҳиб ёфт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Моҷарои нопадидшавии Илҳом бо 80 сар чорвои мардум

Илҳом Файзуллоев, як чӯпони кироякор, баъди ду соли чӯпонӣ дар теппаҳои Ҳисор ногаҳон нопадид шуд. Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ки як моҳ пеш чӯпон бо 80 сар моли мардуми ноҳияи Ҳисор бедарак шуда ва бо ин кораш ба буҷаи чандин хонавода зарба зад. Вай бо ин кор, инчунин, ҳамсараш Зӯҳро Файзуллоева ва шаш фарзанди худро дар теппаҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин танҳо гузоштааст.

Сокинон баъди дидани аҳволи зиндагии Зӯҳрову фарзандонаш даъвоҳои худро фаромӯш карда, талош карданд ба ин хонавода кӯмак расонанд. Кулбаи гилиро макони зисти худ интихоб кардани оилаи серфарзанди чӯпон натиҷаи бебандубориҳои зиндагии ин хонавода буд. Баъди даргузашти хушдоман ва зани нав гирифтани хусуси хонадон, Зӯҳрову оилааш бехона монд, онҳо нахуст ба маркази Ҳисор кӯчида баъдан ба ин кулба омаданд. Онҳо натавонистанд пули иҷораи манзилро дар маркази Ҳисор пардохт кунанд. Якуним моҳ пеш шавҳараш бо чорвои мардум нопадид шуд ва баъди ин хонавода ба ҳоли худ монд.

Ҳоло бо шурӯи зиндагии нав дар хонаи амак дар ноҳияи Бохтар, хешовандони Зӯҳро умедворанд, ки тадриҷан зиндагии онҳо ба танзим медарояд.

Нигористори Озодӣ аз ҳаёти гузаштаву имрӯзи Зӯҳрову фарзандонаш:

XS
SM
MD
LG