Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Якуним моҳ дар ҷустуҷӯи бародарзода


Алишер Мирзомиддинзода, ки аз охири октябр нопадид шуд, холо дар як боздоштгоҳи Киров нигаҳдорӣ мешавад
Алишер Мирзомиддинзода, ки аз охири октябр нопадид шуд, холо дар як боздоштгоҳи Киров нигаҳдорӣ мешавад

Киромиддин Ашӯров бародарзодаи нопадидшудаи худро дар як боздоштгоҳи шаҳри Киров пайдо кард

Киромиддин Ашӯров, ки дар риштаи сохтмони шаҳри Перм кор мекунад, беш аз як моҳ оромишу хобу хурданро фаромуш кард. Нопадид шудани бародарзодааш Алишер Мирзомиддинзода ӯро ба сад кую дар бурд. Ӯ дар таърихи 20 ноябр номаеро бо акси бародарзодааш ба Радио Озодӣ фиристод ва дархости кумак кард. Мо низ акси Алишерро нашр кардем ва аз хонандаҳои Озодӣ дархост кардем, ки дар ошкор кардани макони буду боши ӯ ба мо кумак кунанд. Алишер Мирзомиддинзода, ки барои табобат ба Перм омада буд, ба таври мармуз нопадид шуд ва хешу таборро саргардон кард. Ҷойи буду боши Алишер танҳо баъди якуним моҳ маълум шуд. Боздоштгоҳи муваққати Хадамоти муҳоҷирати Русия дар вилояти Киров. Киромиддин Ашӯров қиссаҳои саргардонии худ ва сарнавишти бародарзодаашро ин гуна ҳикоят кард.


- Охирҳои моҳи сентябр ман Алишерро бо худ аз Душанбе ба Перм овардам, то ки аз назари табибон гузарад. Дар як ҳодисаи соли гузашта сари ӯ лат хӯрда буд ва баъди бозгашташ ба Тоҷикистон ҳолаш бад шудан гирифт. Духтурҳо гуфтанд, ки шояд баъди зарб хӯрдани сараш дар дохили майнаи сар вараме пайдо кардааст. Ман ҳам хостам ӯро аз назари табибони рус гузаронда бо ин мақсад бо худ ин ҷо овардам.


Киромиддин Ашӯров мегӯяд, духтурҳои шифохонаи Перм дарди Алишерро муайян карда барояш муолиҷаву доруву дармонро муайян карданд. «Аммо ман эҳсос мекардам, ки ҳамин осеб каме ба равони ӯ ҳам таъсир кардааст ва фикр мекунам, ҳамин чиз сабаби шуд, ки ӯ баъди як моҳи муолиҷа хонаро ногаҳон бе огоҳии мо тарк кард», мегӯяд Киромиддин Ашӯров.


Ба гуфтаи ӯ, Алишер 16 октябр нопадид шуд ва ҷустуҷӯҳову пурсупос дар милиса нишон дод, ки вай ба самти Маскав билет гирифта тавассути Роҳи Оҳан ба хонаи хоҳараш рафтааст. «Билети бозгашти ӯ ба рӯз 19 октябр буд», аммо Алишер ногаҳон рӯзи 20-ум ба амакаш телефон карда хабар дод, ки шиносномаву билеташро гум кардаст. Амаки Алишер мегӯяд, баъди он ки ӯро хоҳару язнааш пайдо карда ба хонаи худ ба шаҳри Подолск бурданд, дубора аз хонаи онҳо нопадид шуд.

- Дигар баъди ин ӯ тамоман нопадид шуд. Дар давоми ин яку ним моҳ на мурдахонаву на милиса, на хадамоти федеролии муҳоҷирону на касалхонаҳои Маскав монд. Ҳамаро ҷустуҷӯ кардем. Мегӯянд, на дар миёни мурдаҳо, на дар миёни боздоштшудаҳо ва на беморон ингуна шахсе нест. Ниҳоят охирҳои моҳи ноябр худаш аз шаҳри Киров телефон карду гуфт, ки маро боздошт карданд ва мехоҳанд депортатсия кунанд.

Киромиддин Ашӯров мегӯяд, ки вақте ба шаҳри Киров барои дидани бародарзодааш рафт, масъулини паноҳгоҳи махсуси Хадамоти муҳоҷират ӯро иҷозат надоданд бо Алишер мулоқот кунанд.

- Вақте ман ба онҳо фаҳмондам, ки боздошти ӯ ғайриқонунист ва Алишер на бо мақсади кор, балки табобат омадаасту иҷозати иқомати семоҳа дар Русия, яъне то охири моҳи декабрро дорад, ходимони боздоштгоҳ машварат доданд, ки барои ҷилавгирӣ аз депортатсия ба додгоҳ муроҷиат кун. Аммо то ҳол ман худи Алишерро дида натавонистам, - мегӯяд вай.

Киромиддин Ашӯров, ки 17 сол пеш аз ноҳияи Бохтар бо мақсади тиҷорату савдо ба Русия омада ҳоло шаҳрванд ва муқимии ин кишвар шудааст, ният дорад бародарзодааш Алишерро аз боздошт раҳо карда муолиҷаи ӯро идома диҳад.
XS
SM
MD
LG