Пайвандҳои дастрасӣ

Дастгоҳи ҳукумати Қубодиён мегӯяд, ки раиси ин ноҳия Саъдулло Бекназарзода (Бекназарови қаблӣ) аз мақомаш барканор шудааст.

Дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Қубодиён мегӯяд, имрӯз раиси ноҳияи Рашт дар ҷои раиси ноҳияи Қабодиён ба иҷрои вазифа шурӯъ намуд. Сардори дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Қубодиён рӯзи ҷумъаи 2 январ бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи имрӯз собиқ раиси ноҳияи Рашт Саидмуҳиддин Абдураҳмонов ба ҷои Саъдулло Бекназарзода ба иҷрои вазифаҳои раиси ноҳияи Қубодиён шурӯъ кард ва бо намояндагони бахшҳои ҳукумати ноҳия ошно шуд. Манбаъ афзуд, дар авохири моҳи декабр раиси пешини ноҳия Саъдулло Бекназарзода бо ҳайати кории ҳукумати ноҳия худоҳофизӣ карда буд.

Дастгоҳи президенти Тоҷикистон низ рӯзи 2-юми январ дар робита ба ин тағйироти кадрӣ дар сатҳи навоҳӣ хабар пахш кард, ки бар пояи он Саъдулло Бекназарзода аз мақомаш озод шудааст. Манобеи наздик ба ҳукумати кишвар мегӯянд, ки ин оғози як дигаргунии кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон хоҳад буд. Аллакай бархе вазирон ва ёварони президент дар доираи руйхати ҳизбӣ аз тарафи Ҳизби халқӣ демократӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагон пешниҳод гашта, аз вазифаҳои худ барканор шуданд.

Саъдулло Бекназарзода дар моҳи январи соли 2013 ба ҷои Абдулмӯъмин Улфатов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён таъин шуда буд. Ҷаноби Бекназарзода аз ҷумлаи камшумор раҳбарони ноҳияҳост, ки бинобар бархе ибтикороташ, мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳои ахбори ом қарор мегирифт.

Аз ҷумла ҳамагӣ ду моҳ баъд аз таъин шуданаш дар мақоми раиси ноҳияи Қубодиён, дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ ба фаъолони ҷомеа хитоб карда гуфт, ки «пайвастан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ барои ҳар як ҷавони солим шарти ҳатмист ва беҳтар аст онҳо танҳо пас аз адои ҳарбӣ барои издивоҷ тасмим гиранд:

«Давру замоне буд, ки то дар армия хизмат намекардӣ, келин намедонанд духтарашонро, ҳоло ҳам дар тарафҳои Хуҷанд ҳамин хел аст. То писарат дар артиш хизмати сарбозиро адо накарда бошаду маълумоти олӣ надошта бошад, келинёбӣ ҷудо мушкил буд. Чунин хостгорҳоро рад мекарданд, ки шояд писарашон «негодний» бошад. Чаро ҳоло мо чунин амал накунем?! Чӣ камӣ дорем мо? Ба ҷавони хизматкарда дар артиш бояд авлавият диҳем! Кай хаёлҳои хоми «артиш – бад!»-ро аз сар дур мекунем?»

Дар замони раҳбарии ӯ, ҳукумати ноҳияи Қубодиён аз як усули дигари ҷалби довталабонаи ҷавонон ба артиши миллӣ кор мегирифт. Ҳукумат ба сокинони маҳаллӣ, асосан волидон ваъда медод, ки агар писари болиғашонро довталабона ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои пайвастанаш ба сафи артиши Тоҷикистон таслим кунанд, онҳо дар навбати аввал ба зиёрати ҳаҷ фиристода хоҳанд шуд. Вале маълум нест, ки чунин иттифоқ афтод ва волидони довталабон ба хизмат дар артиш, дар навбати аввал барои зиёрати ҳаҷ ҷой гирифтанд ё на.

Аз ташаббусҳои дигари замони раҳбарии Бекназарзода дар Қубодиён, ин буд, ки бо фармони ӯ сарпарастии 60 кӯдаки ятимро ба 60 нафар аз мансабдорон ва афроди доро супурданд, ки то хатми мактаби миёна аз сарпарастони худ кӯмаки молӣ мегиранд ва ҳатто дар вақти ба донишгоҳ дохил шудан ва арӯсиашон низ аз ҳиммати ҳомиёнашон бархӯрдор хоҳанд буд.

Намояндагони ҳукумати ноҳияи Қубодиён дар бораи сабабҳои барканории ҷаноби Бекназарзода ва таъин шудани нафари нав ба мақоми раиси ноҳия чизу нагуфтанд. Бархе ин эҳтимолро зикр карданд, ки мумкин аст, ӯ ба кори дигаре гузарад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG