Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ аз кормандонаш хост дар Душанбе ба далоили амниятӣ ба кор набароянд


СММ ба кормандонаш дар Душанбе амр додааст, ки ба далоили амниятӣ барои муваққат ба кор набароянд.

Кори сафорати ИМА дар Душанбе ба таври мамулӣ ҷараён дорад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ дар дафтари матбуоти ин созмон иттилоъ доданд.

Ахиран раҳбарияти Созмони Милал ба кормандонаш дар Душанбе амр додааст, ба далоили амниятӣ барои муваққат кор набароянд. Манобеъи Радиои Озодӣ дар Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, (UNDP) имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пас аз тазоҳуроти гурӯҳи ҷавонони хашмгин дар назди дафтари ҳамин созмон рӯзи ҷумъа аз онҳо хостаанд, дафтарро тарк кунанд ва то замони фармони баъдӣ ба кор ҳозир нашаванд. Манбаи Радиои Озодӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, аз ҷумла гуфт:

“Ба мо дишаб занг зада хабар карданд, ки бо далелҳои амниятӣ рӯзи душанбе ба кор набароем. Сабаби ин тасмим дар эътирозҳои гурӯҳе аз сокинони Душанбе аст, ки шоми ҷумъа, 5 апрел дар муқобили сохтмони СММ дар хиёбони Айнӣ таҷаммӯъ карданд. Даҳҳо ҷавон, ки дар миёнашон писару духтарҳо буданд, бисёр хашмгин буданд ва баъзеҳо талош мекарданд, ки дарвозаи дафтари СММ-ро боз карда ба дохил ворид шаванд. Мақомоти СММ он лаҳзаҳо амр доданд, ки мо сохтмонро аз дари пушт холӣ кунем.»

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, амри шабеҳ ба тамоми кормандони барномаҳои дафтари Созмони Милал дар Душанбе дода шудааст. Барои таъйиди ин хабар, Радиои Озодӣ, аз ҷумла ба Бунёди нуфусшумории Созмони Милал (UNFPA), Бунёди Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) тамос гирифт, аммо ба зангҳои телефонӣ касе посух намедод. Рӯзи ҷумъа даҳҳо нафар дар назди дафтари UNDP ва ҳамчунин сафорати Амрико дар Душанбе ҷамъ омада ва алайҳи раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири собиқи Тоҷикистон эътироз карданд.

Абдумалик Абдуллоҷонов, ки бештар аз ду моҳ дар боздоштгоҳе дар Украина нигаҳ дошта мешуд, ба далели ҳаққи паноҳандагӣ доштанаш дар Амрико амри додситонии Украина раҳо карданд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон, ӯро ба талош барои ғасби қудрат ва куштор муттаҳам мекунанд ва аз Украина хоста буданд, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунад. Идораи Созмони Милал дар умури паноҳандагон аз мақомоти Украина хоста буд, ки Абдуллоҷоновро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Озодшавии нахуствазири собиқи Тоҷикистонро аз ҳабси истирдодӣ дар Украина дафтари Комиссариати Олии СММ истиқбол карда буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG