Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе - Маккаи ҳамкорӣ дар бахши об?


Мудири Пажӯҳишгоҳи об, муҳити зист ва тандурустии СММ дар як матлаб ба аҳамияти анҷумани оби қарибулвуқӯъ дар пойтахти Тоҷикистон таъкид кардааст.

Зафар Одил дар ин матлаб, ки таҳти унвони “Душанбе ҳамчун Маккаи ҳамкорӣ дар масоили об” дар сомонаи расмии Донишгоҳи СММ нашр шудааст, менависад, масоили об – сар карда аз дастрасӣ ба оби нӯшокӣ то тақсими захоири обҳои фаромарзӣ – мавриди таваҷҷӯҳи афзояндаи ҳам ҷомиа, ҳам коршиносон ва ҳам сиёсатмадорону сиёсатгузорон қарор мегирад.

Муаллиф ба натоиҷи таҳқиқоти муштараки як сол пеш анҷомдодаи Пажӯҳишгоҳи об, муҳити зист ва тандурустии СММ, Сандуқи Волтер ва Гордон Дункан ва InterAction Council ишора мекунад, ки низ моломолу нигарониҳои афзоянда дар бораи таҳдиди буҳрони об ба сулҳ, суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодӣ дар саросари дунёст. InterAction Council, як гурӯҳи мӯътабаре, ки чанде аз раҳбарони собиқи кишварҳо ташкил додаанд, аз ҷумла таъкид кардааст, ки 1 миллиард аҳолие, ки то соли 2025 ба ҷамъияти ҷаҳон хоҳанд афзуд, солона ба ҳудуди 1 триллон метри мукааб об ниёз хоҳанд дошт. Барои муқоиса, ин ҳаҷми об тақрибан баробари оби 20 рӯди Ниол ва 100 дарёи Колорадост.

Ба навиштаи Зафар Одил, Маҷмаъи умумии СММ ба ҳамин далели аҳамияти масъала бо пешниҳоди чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар риштаи об эълон кард.


Зафар Одил
Зафар Одил
Ӯ менависад, аз ин нигоҳ мантиқӣ ҳам ҳаст, ки раҳбарии гуфтугӯҳо пиромуни ҳамкорӣ дар мавзӯъи обро низ Тоҷикистон бар дӯш гирифтааст. Зафар Одил дар ин робита аз ҷумла ба аҳамияти анҷумане таъкид мекунад, ки қарор аст, бо ширкати раҳбарони ҷаҳон, дипломатҳову коршиносон ва сиёсатгузорон рӯзҳои 20-21 август дар Душанбе доир шавад. Ба ақидаи муаллиф, ки узви кумитаи мудирони анҷумани Душанбе ҳам будааст, ҳадаф аз ин ҳамоиш таҳияи “иродаи муштарак дарм асъалаи ҳамкорӣ дар риштаи об” ва “таъйини роҳ ба сӯи ҷаҳони дар масъалаи об амн” мебошад.

Муаллиф дар ин робита аз сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов нақли қавл мекунад, ки моҳи июн дар мулоқот бо Зафар Одил гуфтааст, “густариши ҳамкорӣ дар риштаи об аз ҷузъҳои калидиест, ки барои расидагӣ ба масоили об кумак мекунад."

Зафар Одил менависад, ки анҷумани Душанбе имкони баҳс дар ду арсаи муҳимро фароҳам хоҳад овард. Яке аз ин арсаҳо Ҳамоиши гендерӣ-ст, ки рӯзи 19 август доир мешавад. Дар ин ҳамоиш, ки дар чорӯби барномаи вижаи СММ таҳти унвони “Занон барои мушорикат дар масъалаи об” доир мешавад, интизор меравад, 20 раҳбари созмонҳои занон аз саросари дунё ширкат биварзанд. Зафар Одил мегӯяд, ҳамоиши Душанбе барномаи кори ин барномаи СММ барои баъд аз соли 2015-ро баҳс хоҳад кард ва пажӯҳишгоҳи ӯ низ ба хотири таъмини саҳми занон дар тасмимгириҳо дар мавзӯъи муҳими об аз ин ибтикор ҳимоят мекунад.

Арсаи дувуми ҳамкорӣ дар мавзӯъи об, ки дар ҳошияи анҷумани Душанбе бо кумаки Пажӯҳишгоҳи обу муҳити зист ва тандурустии СММ ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) муҳайё хоҳад шуд, ҳамоиши вижае дар масоили амнияти об аст. Зафар Одил менависад, ки дар ин иҷлос иртиботи мушкилоти об бо масоили амниятӣ ва пешрафту шукуфоии мардум, роҳҳои таъмини амнияти обии 780 миллион нафаре, ки имрӯз дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ надоранд, баҳс хоҳад шуд. Мавзӯъи дигари баҳс дар ин ҳамоиш минтақаҳои ҷуғрофие хоҳанд шуд, ки метавонанд дар оянда ба ҷабҳаҳои бузургтарин низоъ бар сари манобеъи об табдил шаванд.

Зафар Одил менависад, бар хилофи тасаввури бисёриҳо, посух ба ин суолҳо чандон содаву осон нест ва ин аст, ки баҳси масоили ҳамкорӣ дар риштаи об чунин доғ шудааст. Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки баҳси мавзӯъ дар Душанбе бархе роҳҳои расидан ба амнияти оби ҷаҳониро ба дунё пешниҳод хоҳад кард.


Обкашӣ бо хару асп
Обкашӣ бо хару асп
СММ ҳанӯз дар соли 2010 соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар риштаи об эълон кард. Мунтақидон мегӯянд, беҳтар мебуд, агар Тоҷикистон ба ҷои аз минбари СММ пешниҳод кардани ибтикорҳои баланде, чун эълони Соли обу Даҳсолаи об ва Соли ҳамкорӣ дар риштаи об, бештар дар фикри таъмини мардумаш бо оби поки ошомиданӣ мешуд.

Бо онки 60 дарсади манобеъи оби Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд, бино ба ҳисобҳои расмӣ, ҳар сокини дувуми Тоҷикистон ба оби пок дастрасӣ надорад. Бино ба ҳисоби вазорати обу обёрии Тоҷикистон, имрӯз танҳо 57 дарсади аҳолии ин кишвар бо оби поки ошомиданӣ таъминанд. Омори Хадамоти коммуналии Тоҷикистон ин рақамро боз ҳам камтар – ҳамагӣ 48 дарсад – нишон медиҳад. Дар вилояти Хатлон шумори аҳолие ки ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надорад, ҳатто то 80 дарсад гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG