Пайвандҳои дастрасӣ

СММ ҳузури "Давлати исломӣ" дар Афғонистонро тасдиқ кард


Николас Ҳейсом

Николас Ҳейсом

Як намояндаи аршади СММ дар Афғонистон ба ин кишвар сар даровардани ҷангиёни "Давлати исломӣ"-ро тасдиқ кардааст.

Николас Ҳейсом - фиристодаи боломақоми СММ барои Афғонистон мегӯяд, гузоришҳои ахир нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои тундрави “Давлати исломӣ” ба хоки Афғонистон низ сар даровардаанд. Николас Ҳейсом рӯзи 17 март дар Шӯрои Амнияти СММ гуфт, арзёбиҳои намояндагии СММ нишон медиҳад, ки ҳоло “Давлати исломӣ”дар Афғонистон амиқ реша надавондааст.

Ин изҳороти Ҳейсом аз ҷониби Русия акси садо пайдо кард ва аз Шӯрои Амният хост, ки аз тавсеаи гурӯҳҳои тундрав пешгирӣ кунад. Владимир Сафронков, муовини намояндагии Русия дар СММ гуфт, Маскав аз афзоиши таҳдидҳои террористӣ дар Афғонистон, ба вижа дар наздикиҳои марзҳои кишварҳои Шӯравии пешин дар шимоли Афғонистон нигарон аст.

Зоҳир Танин, намояндаи Афғонистон дар СММ.

Зоҳир Танин, намояндаи Афғонистон дар СММ.

Зоҳири Танин - намояндаи Афғонистон дар СММ низ гуфт, дар бораи роҳ ёфтани гурӯҳҳои “Давлати исломӣ” ба вилоёти дигари Афғонистон гузоришҳо мавҷуд аст, вале душмани аслии давлати Афғонистон ҳамчунон Толибон боқӣ мемонанд.

Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Ҷовид Кӯҳистонӣ - таҳлилгари умури сиёсии Афғонистон нахуст аз вай пурсидам, ҳузури гурӯҳҳои “Давлати исломӣ” бештар дар қадом минтақаҳои Афғонистон мушоҳида шудааст?

Кӯҳистонӣ: Дар аксари вилоятҳои Афғонистон гурӯҳҳои хурду бузурги «Давлати Исломӣ» парчами сиёҳ доранд ва аксаран фаъолиятҳои худро дар ҳамоҳангӣ бо тундравҳои Толибон анҷом медиҳанд. Масалан, дар вилоятҳои шарқии Афғонистон, дар бахшҳои марзӣ дар шимол ва дар ғарби Афғонистон ин гурӯҳҳо ҳоло фаъоланд.

Озодӣ: Оё онҳо ба сафҳои худ тундравҳои маҳаллиро низ ҷалб кардаанд?

Кӯҳистонӣ: Бале, як бахше аз афроди маҳаллӣ, ки марбут ба Толибони маҳаллӣ мебошанд, ба “Давлати исломӣ”пайвастаанд ва шуморе ҳам марбут ба шабакаи террористии "Ал-Қоида", Толибони шохаи Ҳаққонӣ, гурӯҳҳои марбут ба ҷангиҳои Осиёи Миёна дар навори марзии шимоли Афғонистон ва дар марз бо Покистон фаъолият мекунанд. Ин гурӯҳҳо то ҷое ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд ва ё дар ҳоли пайвастан ҳастанд.

Озодӣ: Мо метавонем бигӯем, ки то ҳол ҳамкории Толибон бо тундравҳои “Давлати исломӣ” мушоҳида шудааст?

Кӯҳистонӣ: Албатта, то ҷое ки тозатарин маълумотро мо дорем, масалан, дар вилояти Лугар дар минтақае бо номи Зарғуншаҳр касоне зери парчами “Давлати исломӣ” масъулашон ба номи Қорӣ Бурҳон фаъолият дорад. Ҳамзамон гурӯҳҳои Толибон бо парчами сафед дар

Ҷовид Кӯҳистонӣ, таҳлилгари афғон.

Ҷовид Кӯҳистонӣ, таҳлилгари афғон.

ҳамин маҳал ҳастанд. Байни онҳо ҳеҷ гуна пархош ё муноқишаи мусаллаҳона дида намешавад, баръакс байни онҳо ҳамкорӣ вуҷуд дорад. Толибон аксаран дар баробари “Давлати исломӣ” хомӯш ҳастанд, мухолифати ҷиддӣ надоранд ва музокирот бо Толибон барои пайвастан ба “Давлати исломӣ”мушоҳида мешавад.

Озодӣ: Оё давлати Афғонистон барои мубориза бо ин гурӯҳҳо тадобири кофӣ рӯи даст гирифтааст?

Кӯҳистонӣ: Шак нест, ки давлати Афғонистон ҳам дар вазорати дифоъ ва ҳам дар ниҳодҳои амниятии кишвар талошҳоеро барои мубориза бо даҳшатафканӣ дар маҷмуъ рӯи даст доранд. Аммо ба таносуби афзоиши бӯҳрон дар Афғонистон ва ҳузури “Давлати исломӣ” дар ин кишвар, ки дар вилоятҳои мухталиф фаъолият доранд, давлати Афғонистон ба таври хос бархӯрди мушаххасеро анҷом надодааст. Масалан, 31 нафар аз афроди ҳазора ё аз пайравони ташайюъро се ҳафта қабл гурӯҳҳои “Давлати исломӣ” боздошт карданд. Иқдомоти ҷиддӣ барои раҳоии ин афрод ва барои таъйини сарнавишти баъдиашон дида нашуд.

Озодӣ: Гурӯҳҳои “Давлати исломӣ” дар Афғонистон аз куҷо кӯмакҳои молӣ ва таслифотӣ дарёфт мекунанд?

Кӯҳистонӣ: Албатта, дар гузашта ҳалқаҳое марбут ба "Ал-Қоида" вуҷуд дошт. Заминаҳои иртибототи худро аз ҳамин роҳҳо дар Қатар, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия ва баъзе кишварҳо таъмин мекунанд ва ин навъи кӯмакҳои молӣ тавассути қочоқбарони маводи мухаддир ва соири қочоқбарон анҷом мегирад. Онҳо аз тариқи бандари Карочӣ аз қаламрави Покистон ба гурӯҳҳои “Давлати исломӣ” интиқол меёбанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG