Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Автобусҳои Душанбе дар вақташ меоянд?


Оё имкон дорад, ки автобусу троллейбусҳои Душанбе аз рӯи реҷа ҳаракат кунанд ва шуморо дар вақташ ба ҷои даркорӣ бирасонанд?

Бар асоси як лоиҳаи муштараки Барномаи рушди СММ ва Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маркази диспетчерӣ ба манзури танзими ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ташкил карда мешавад.

Тибқи ин лоиҳаи 1,2-миллиондолларӣ, ки рӯзи 19 сентябр дар маҷмаъаи "Душанбе-Плаза" муаррифӣ шуд, интизор меравад, маркази диспетчерӣ аз моҳи марти соли оянда фаъол гардад.

Умеда Ҳоҷиматова, як масъули лоиҳаи "Ҳимояти устувори мудирияти нақлиёт дар шаҳри Душанбе" гуфт, ки ин марказ бештар масъалаи ҳаракати нақлиёт дар хиёбонони марказии шаҳри душанберо танзим хоҳад кард, то мушкилот дар ин замина рафъ гардад. Ба гуфтаи хонум Ҳоҷиматова, ҳадафи дигари иҷрои ин лоиҳа коҳиши тамба ё пробка дар роҳҳои марказӣ хоҳад буд, ки солҳои ахир ба сабаби афзоиши шумораи васоили нақлия тамбаҳо дар роҳҳои пойтахт афзоиш ёфта ва боиси вуқӯъи садамаҳо гардидааст.


Маркази диспетчерӣ дар пойтахти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Дар чорчӯби ин лоиҳа, дар истгоҳҳо ҷадвали омаду рафти нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла автобус, минибус ва троллейбус насб карда мешавад ва дар дохили воситаи нақлиёт таблоҳои видеоӣ муҷаҳҳаз мешавад, ки сатри равон дар ҳар истгоҳ мусофиронро хабардор месозад.

Ба ин манзур дар чорчӯби ин лоиҳа, дар моҳи ноябри соли ҷорӣ, 30 тролейбусҳои замонавӣ харидорӣ мешавад, ки аз ин гуна имконот бархӯрдор хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG