Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил амалиёти низомӣ дар Ғаззаро аз сар гирифт


Исроил рӯзи якшанбе амалиёти низомӣ дар навори Ғаззаро аз сар гирифт. Низомиён гурӯҳи ҲАМОС-ро дар он айбдор карданд, ки бо вуҷуди оташбаси муваққат мушакборони қаламрави Исроилро идома доданд.

Аз ин пеш Исроил эълом дошт, ки оташбасро 24 соат, яъне, то шоми якшанбе, тамдид мекунад. Намояндаи ҳукумати Исроил гуфт, ки ин тасмим бо тавсияи СММ барои ҳалли масъулаҳои башарӣ гирифта шудааст. Ҳамзамон, ба гуфтаи ӯ, низомиёни кишвар бо вуҷуди оташбаси муваққат нобудсозии нақбҳо дар Ғаззаро идома медиҳанд.

Гурӯҳи ҲАМОС пешниҳоди оташбас барои 24 соатро рад кард ва эълом дошт, оташбасеро, ки дар он сарбозони исроилӣ аз хоки Ғаза хориҷ нашаванд ва мардуми оддӣ натавонанд ба манзилҳояшон баргарданду маҷрӯҳон ба ҷойи амн интиқол ёбанд, қабул надорад.

Дар 19 рӯзи амалиёти низомии Исроил дар Ғаза без аз ҳазор фаластинӣ, асосан мардуми осоишта ва занону кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Дар задухӯрдҳо 43 сарбози исроилӣ ҳам кушта шуданд. Дар кишварҳои гуногуни олам эътирозҳо алайҳи бедодгариҳои Исроил дар Фаластин идома доранд.

XS
SM
MD
LG