Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Бан Ки Мун аз Бухоро ва маслиҳаташ ба Ислом Каримов


Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал

Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал

​Дабири кулли Созмони Милал аз шаҳри Бухоро боздид карда, ба Ислом Каримов машварат додааст, вазъи зиндониёнро беҳбуд бахшад ва ба кори маҷбурӣ дар маъракаи ғунучини пахта хотима диҳад.

Бан Ки Мун -- дабири кулли Созмони Милал аз Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон талаб кардааст, муносибат бо маҳбусонро беҳбуд бахшанд. Оқои Мун, ки сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказиро 9 июн аз иштирок дар ҳамоиши натиҷагирӣ аз даҳсолаи "Об барои ҳаёт" дар Душанбе сар карда буд, ахиран ба Тошканд рафт ва аз Каримов хостааст, ба кори маҷбурӣ дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта низ хотима бахшанд.

Ӯ баъд аз анҷоми мулоқот бо Ислом Каримов ба хабарнигорон гуфтааст, "Каримов дар бораи авлавияти қонун сухан ронд. Вале қонунҳо аз коғаз бояд дар амал ҷорӣ шаванд".

Дабири кулли Созмони Милал афзуд, "Узбакистон дар пешгирӣ аз кори кӯдакон дар майдонҳои пахта пешрафтҳо дорад. Акнун барои пешгирӣ аз сафарбар кардани муаллимону пизишкон ва дигарон ба ҷамъоварии пахта ва аз шиканҷаи зиндониён бояд корҳое анҷом бигирад."

Узбакистон яке аз бузургтарин кишварҳои тавлидкунанда ва содиркунандаи пахта дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳар сол давлат кормандони бахшҳои дигарро маҷбур мекунад, ки дар ивази музди ночиз дар ҷамъоварии пахта ширкат кунанд, дар ҳолеки даромади аслии пахта ба давлат меравад. Каримов, ки аз соли 1989 дар ин кишвари пураҳолии Осиёи Марказӣ ҳукумат мекунад, то андозае ба рушди муназзами иқтисод ноил шудааст, аммо Ғарб аз ӯ барои саркӯбии мухолифони сиёсӣ ва маҳдудияти озодиҳои ибтидоии инсон интиқод мекунад.

Ҳамзамон гурӯҳҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар мегӯянд, ҳазорон нафар аз зиндониёни сиёсиву мазҳабӣ дар маҳбасҳои Узбакистон ба сар мебаранд. Ба гуфтаи онҳо, шиканҷаву азияти мухолифони давлат, аз ҷумла сӯзондани бадани онҳо бо оби ҷӯш дар зиндонҳо ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст.

Худсарона тамдид кардани мӯҳлат дар зиндонҳои маҳаллӣ ҳам мушоҳида мешавад. Вале мақомот мегӯянд, ки онҳо талош доранд, шароити зиндонҳоро беҳбуд бахшанд. Ислом Каримов бархӯрди шадиди мақомот бо зиндониёнро бо он тавҷеҳ мекунад, ки гӯё бо ин кор ҳукумат аз густариши тундгароии исломӣ пешгирӣ мекарда бошад.

Human Rights Watch (HRW), як созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар, марказаш дар Ню-Йорк рӯзи 9 июн хабар дод, ки қабл аз сафари дабири кулли СММ ба Осиёи Марказӣ ба Бан Ки Мун як ёддошти кӯтоҳ супурдаанд. Гуфта мешавад, ҳомиёни ҳуқуқ дар ин ёддошт рӯи чанд масъалаи калидие таъкид кардаанд, ки Бан Ки Мун, ба бовари онҳо, бояд дар ҷараёни сафараш ба Осиёи Марказӣ бо ҳукуматҳои он минтақа дар миён гузорад.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ таъқибу ҳатто ба зиндон афкандани ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеа ба далоили сиёсӣ, маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва матбуот ва беҷазо мондани масъулони шиканҷаро аз ҷумлаи масоили меҳварие номидааст, ки ба ақидаи муаллифони ёддошт, дабири кулли СММ бояд дар Осиёи Марказӣ дар миён гузорад.

Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, баъд аз мулоқот бо Каримов ба рӯзноманигорон гуфт, масъалаи Баҳри Арал низ дар мулоқоташ баррасӣ шудааст ва вай камбуди обу энержӣ ва қочоқи маводи мухаддиру терроризм ва тундгароиро дар минтақа масоили муҳим донистааст. Стефан Дюжарик, намояндаи расмии дабири кулли СММ гуфт, маҳофили байнулмилалӣ омодаанд, ба Узбакистон барои ҳимоят аз озодиҳои азалии инсон ва фаъолияти созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар ёрӣ кунанд.

Дар ҷараёни боздиди худ аз Узбакистон Бан Ки Мун ҳамчунин аз шаҳри Бухоро боздид кард. ЮНЕСКО ин шаҳрро чун шаҳри дорои осори меъмории асрҳои миёна дар Осиёи Марказӣ ба феҳристи ёдгориҳои фарҳангии ҷаҳон ворид намудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG