Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки-мун: СММ хостори сулҳу ҳамкорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст


Бан Ки-мун (рост) ва Алмосбек Отамбоев дар Бишкек, 11 июни соли 2015

Бан Ки-мун (рост) ва Алмосбек Отамбоев дар Бишкек, 11 июни соли 2015

Созмони Милали Муттаҳид, бино бар паёми ахири Дабир кулли он Бан Ки-мун, мехоҳад, дар ҳалли мушкилоти марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон нақши миёнарав ва сулҳофарро бозад.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун аз оғози як тарҳи нави таҳкими ҳамкориҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод ва гуфт: "Ман имрӯз ташаббуси нави Бунёди сулҳсози СММ-ро эълон мекунам, ки ин рушди ҳамкорӣ миёни ҷомеаҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон аст, то шумори ҳарчӣ бештар занону ҷавонон ва кӯдакон ба ин раванд ҷалб карда шаванд."

Бо ин паём рӯзи 11-уми июн дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, Бан Ки-мун гуфт: "Ин ба густариши бештари ҳамкориҳои минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ кӯмак хоҳад кард."

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барои ин ташаббус аз Бан Ки-мун изҳори сипос намуд ва гуфт, ҳуҷҷатҳое, ки ахиран байнин ҳукуматҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расидаанд, низ ба таҳкими робитаҳо дар минтақаҳои ҳаммарз марбутанд. Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки кор барои ҳалли ҳамаи мушкилоти марзии байни ду кишвар дар авҷ аст.

Рӯзи 4-уми июн дар Бишкек тарҳе бо номи "Ҳамкории марзӣ ба хотири сулҳ ва рушди пойдор" байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расид, ки ҳадафи асосияш ҳалли мушкилоти марзии миёни ду кишвар аст. Барои коҳиши хатарҳои низоъбарангез дар марз дар вилоятҳои Бодканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон зимни ин барнома 3 миллион доллар харҷ хоҳад шуд.

Муноқишаҳо дар ин марз ба иллати номуайянии хатти он сар мезананд ва ду тараф ҳамдигарро айбдор мекунанд, ки қаламрави ҳамсояашро ишғол кардааст. То имрӯз аз 970,8 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон 567 километраш мушаххас ва аз ин 519 километри марз дар сатҳи кумиссиюни байнидавлатӣ тасвиб ва таъину аломатгузорӣ шудааст:

Баҳси таъин ва аломатгузории марз байни Тоҷикистону Қирғизистон аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 идома дорад. Намояндаи вижаи Қирғизистон тасдиқ кард, ки ҷониби Душанбе дар музокироти марзӣ ба асноди даврони тақсимоти марзии Осиёи Марказӣ дар солҳои 1924-1927 такя мекунад, вале ҷониби Бишкек – ба асноди солҳои 1958-1959 ва 1989:

Баҳсҳои марзӣ бахусус дар якуним соли охир авҷ гирифта, боиси чандин моҷаро, аз ҷумла даргириҳои мусаллаҳона ва занозаниҳо байни сокинони ду тарафи марз, бештар дар марзи ноҳияҳои Лайлаку Бодканди Қирғизистон бо ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон шуданд. Қирғизистон дар ибтидои соли 2014 дар пайи чунин як низоъ марзҳояш бо Тоҷикистонро барои қариб 3 моҳ баст ва сафирашро аз Душанбе фаро хонд.

Гуфта мешавад, танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода, дар ин танишҳои марзӣ дар соли гузашта дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нирӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд. Музокироти ҳайатҳои ду тараф дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тавонист оташи танишҳоро то ҳадде фурӯ нишонда, як оромии нисбиро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъмин кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG