Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми 125-уми Тоҷикистон дар "сабқат"-и кишварҳои хушбахт


Тоҷикистон дар раддабандии нави кишварҳои хушбахти дунё дар байни 156 кишвар дар мақоми 125-ум ҷой гирифтааст.

Дар ин раддабандӣ, ки Шабакаи иҷтимоии рушди устувори СММ (unsdsn.org) рӯзи 9 сентябр нашр кард, Тоҷикистон аз лиҳози мизони хушбахтӣ аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ақиб монда, дар миёни 15 кишвари пасошӯравӣ низ танҳо аз Арманистону Гурҷистон, ки мутаносибан дар мақомҳои 128 ва 134-уми ин ҷадвал қарор гирифтаанд, пеш гузаштааст.

Молдова бо мақоми 53-юм хушбахттарин кишвар дар паҳнои пасошӯравӣ ва Қазоқистон, ки дар зинаи 57-ум ҷой гирифтааст, хушбахттарин кишвари Осиёи Марказӣ шинохта шудаанд. Ҳамин тавр, аз дигар кишварҳои пасошӯравӣ Туркманистон дар ҷойи 59, Узбакистон дар зинаи 60, Беларус – 66, Русия – 68, Қирғизистон – 89 ва Озарбойҷон дар зинаи 116-ум қарор гирифтаанд.

Се кишвари соҳили Балтик – Литва, Эстония ва Латвия – бо вуҷуди инки дар ин 22 соли гузашта аз замони касби истиқлолашон алакай ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо пайваставу узви НАТО шуданд, боз ҳам аз нигоҳи сатҳи хушбахтии мардумони худ аз дигар кишварҳои пасошӯравӣ зиёд дур нарафтаанд ва мутаносибан дар мақомҳои 71,72 ва 88-уми раддабандии имсолаи СММ қарор доранд.

Дар ин раддабандӣ, ки Шабакаи иҷтимоии рушди устувори СММ имсол барои бори дувум ва ин бор ҳам бо кумаки донишмандони Пажӯҳишгоҳи Замини Донишгоҳи Колумбияи Амрико таҳия ва нашр кардааст, боз ҳам кишварҳои Скандинавия дар зинаҳои аввал ҳамчун хушбахттарин кишварҳои дунё ҷой гирифтаанд. Дар мақоми аввал Дания қарор дошта, дар зинаҳои баъдӣ Норвегия, Швейтсария, Ҳолланд ва Шветсия истодаанд.

Аз кишварҳои ғайриаврупоӣ хушбахттарин кишвар Канада шинохта шудааст, ки дар мақоми 6-уми қарор дорад. Канада ва Австралия, ки дар зинаи 10-ум меояд, танҳо ду кишвари ғайриаврупоӣ дар даҳгонаи хушбахттарин кишварҳои дунёанд ва ин воқеъият ба эътибори Аврупо ба унвони хушбахттарин қораи ҷаҳон таъкид мекунад.

Аммо дар бистгонаи кишварҳои ба истилоҳ “бадбахттарин”-и дунё, ки дар 20 зинаи поёнии раддабандии World Happiness Report 2013 ҷой гирифтаанд, танҳо як кишвари аврупоӣ – Булғористон – дида шуда, ин бистгонаро ҳамин тавр, ду кишвари арабӣ – Яману Сурия, се кишвари қораи Осиё – Шри-Ланка, Камбоҷа ва Афғонистон – ва 15 кишвари қораи Африқо “ зеб” медиҳанд. Дар даҳгонаи кишварҳои “бадбахт” ба истиснои Сурия танҳо кишварҳои африқоӣ ҷой гирифта, Того, Бенин ва Африқои марказӣ дар ин сабқат ё раддабандӣ се зинаи аз ҳама охирро ишғол кардаанд.


World Happiness Report бар асоси меъёрҳое, чун вазъи кишвар, ҳаҷми даромади миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ, ҳимояти иҷтимоӣ, вазъи саломатӣ ва тӯли умри инсонҳо, ҳаққи афрод ба интихоби роҳи зиндагӣ, саховатмандӣ ва ҳам таъсири фасод таҳия мешавад. Гузориши имсола, ки ду ҳафта қабл аз оғози Маҷмаъи умумии СММ нашр шуд, аз сарони кишварҳо даъват мекунад, то хушбахтиро ба як тадбир ва ҳадафи умдаи рушди кишварҳои худ табдил бидиҳанд. Профессор Ҷефрӣ Сакс, яке аз муаллифони ин гузориш гуфтааст, “талаботи афзоянда дар дунёи имрӯз ин аст, ки сиёсатҳо ба масоили воқеъии мардум, ки онҳо ҳамчун аломати шукуфоии рӯзгори худ ба қалам медиҳанд, ҳарчӣ наздиктар шавад.” Як сабақи гузориши онҳо, ба ақидаи профессор Сакс, нишон додани роҳҳои зиёдест, ки барои расидан ба пешрафт ва хушбахтии мардум дар дунё вуҷуд доранд.

Соли гузашта Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои хушбахту бадбахти дунё дар байни 156 кишвар дар мақоми 115-ум меомад. Аммо дар раддабандии Happy Planet Index -2012, ки моҳи августи соли 2012 нашр шуд, Тоҷикистон аз нигоҳи эҳсоси хушбахтӣ кардани мардумаш дар байни 115 кишвар дар мақоми 43-ум меомад. Вале ин раддабандӣ на ба арқому омори иқтисодиву иҷтимоӣ, балки бештар ба эҳсоси худи мардум такя мекард, ки оё худро то куҷо хушбахт мешуморанд ё мегуморанд?

Дар як назархоҳие ки соле пеш Радиои Озодӣ омода карда буд, сокинони Душанбе ба ин суол, ки “Оё шумо хушбахтед?” чунин посух дода буданд:


Оё шумо хушбахт ҳастед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:03 0:00
XS
SM
MD
LG