Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал Муборак Рустамзодаро "Малолаи тоҷик" номид


Муборак Рустамзода
Муборак Рустамзода

Созмони Милали Муттаҳид сокини 20-солаи шаҳри Кӯлоб Муборак Рустамзодаро барои талошҳояш дар мавриди ҷалби духтарони деҳот ба таҳсил "Малолаи тоҷик" номидааст.

Созмони Милали Муттаҳид аз талошҳои Муборак Рустамзода, сокини 20-солаи шаҳри Кӯлоб, барои ҳимоят аз ҳаққи духтарон ба таҳсил тавсиф карда, ӯро “Малолаи тоҷик” номидааст. СММ ҳафтаи гузашта дар як гузориши вижаи худ дар торнамои расмияш гуфт, Муборак барои ба мактабу донишгоҳ овардани духтарони деҳоти Тоҷикистон саҳм гузошта, ҳанӯз ҳам ба ин кораш идома медиҳад.

“Малола Юсуфзайи покистонӣ чун муборизи ҳаққи духтарон ба таҳсил дар ҷаҳон маъруф шудааст ва қиссаи ӯ дунёро таккон дод. Аммо кам касон медонанд, ки Малола танҳо мисоли талоши духтарон дар ҷаҳон барои дифоъ аз ҳаққи худ ва омӯзиш нест,” -- омадааст дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид.

Муборак Рустамзода ва ё “Малолаи тоҷик” муборизаи худро барои рафъи бесаводӣ миёни занону духтарон баъд аз хатми мактаби миёна шурӯъ карда, то ҳоло тавонистааст чандин духтари бо дили пур аз ҳавас дар кунҷи хона нишастаро ба таҳсил ҷалб кунад. Худи ӯ имсол Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо ихтисоси забонҳои хориҷӣ ба поён расонд.

Муборак мегӯяд, вақте мебинад, ки падарону бародарон ба ҷойи духтар тасмим мегиранд; вақте мебинад, ки духтари бодонише барои кадом як қолаби шахшуда наметавонад ба таҳсилаш идома диҳад, хомӯш истода наметавонад ва барои сӯҳбат ба назди волидонаш меравад. Ӯ аз Ҳалима ном сокини ҷавони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ёдоварӣ кард, ки ҳоло донишҷӯи соли дувуми Донишоҳи миллии Тоҷикистон буда, аммо дар оғоз бо мухолифати падараш рӯбарӯ шудааст. Муборак мегӯяд, масъалаи таҳсили Ҳалима танҳо баъд аз чанд “музокирот” ва кумаки бародараш мусбат ҳал шудааст.

Мусоҳиба бо Муборак Рустамзода, ки "Малолаи тоҷик" унвон гирифтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:09 0:00

“Ҳоло Ҳалима дар курси дувум мехонад ва ман бовар дорам, донишгоҳро ҳам бо дипломи сурх хатм мекунад,” – мегӯяд Муборак Рустамзода.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, барои боло бурдани сатҳи саводи духтарон бояд масъулон бо волидон кор баранд ва давраҳои омӯзишӣ гузаронанд. Ӯ дар масоили сиёсӣ ва маориф ҳам назару пешниҳодҳои худро дорад. “Таълим дар мо бесифат аст. Мушкили аслӣ ришвахорист. Донишҷӯ медонад, ки бо пул ҳама корашро метавонад, ҳал кунад ва зиёд худро азият намедиҳад,” -- мегӯяд ӯ.

Ба назари Муборак, “ба донишҷӯён набояд фақат лексия хонда шавад, балки бигзоранд ҳамзамон бо таҳсил вай дар 5 сол, ҷойе аз рӯи ихтисос ихтиёрӣ кор кунад. Дар ин сурат вай чун як кадри омода ва таҷрибадор донишгоҳро хатм мекунад ва метавонад бозоргир бошад”.

Талошҳои Муборак барои ҳаққи таҳсили духтарон дар ҳолест, ки бо вуҷуди ба ҷавобгарӣ кашидани волидон барои эҷоди монеа дар таълими духтарони худ ва боло бурдани синни издивоҷ ҳам, дар зиндагии духтарони тоҷик тағйири ҷиддие ворид нашудааст. Ду соли пеш президент Эмомалӣ Раҳмон аз андак будани шумори духтарони донишҷӯ ва маҳрумияти кӯдакон аз таҳсил нигаронӣ карда буд. Бар асоси иттилои расмӣ, дар ду соли ахир беш аз 2600 нафар аз кӯдакони синни мактаб, ки 1400 нафар аз онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, аз мактаб дар канор мондаанд. Аммо дар асл ин омор шояд ба маротиб бештар бошад.

XS
SM
MD
LG